Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузоришгари вижаи СММ вазъи матбуоти тоҷикро арзёбӣ мекунад


Гузоришгари вижаи СММ дар умури тақвият ва ҳимоят аз озодии фикр ва баён ба Тоҷикистон меояд, то ба мақомоти тоҷик ва намоядагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, вазъи ин озодиҳо дар кишварро баррасӣ кунад.

Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Женева иттилоъ дод, ки Давид Кайе (David Kaye), Гузоришгари вижаи ин ниҳод оид ба тақвият ва ҳимоят аз озодии фикр ва баён ба Тоҷикистон сафар менамояд ва давоми 6 рӯз бо мақомоти расмӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, вазъи ин озодиҳоро баррасӣ мекунад. Сафари Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон рӯзи 3-юми март оғоз шуда ва 9-уми март ба поён мерасад.

Давид Кайе, ки бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон аз ин кишвар дидор мекунад, гуфтааст, ки ӯ талош хоҳад кард чолишҳо ва монеаҳои озодии баён дар Тоҷикистонро биёмӯзад ва барои ҳимоят аз ҳуқуқҳои бунёдӣ, барномарезӣ кунад. Вай гуфтааст, ки дар миёни мавзӯъҳое, ки дар ин сафар ба он таваҷҷӯҳ хоҳад кард, масъалаи озодии матбуот ва ҳамчунин амнияти рӯзноманигорон ва фаъолони сиёсӣ хоҳад буд.

Ин коршиноси вижаи Созмони Милали Муттаҳид, ки бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон ба Душанбе сафар мекунад, қарор аст бо масъулони давлатӣ, аз ҷумла вазирони адлия, фарҳанг ва умури дохилии Тоҷикистон мулоқоту гуфтугӯҳо анҷом диҳад. Мулоқот ва гуфтугӯи вай бо намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ, рӯзноманигорон ва васоили ахбори умум, низ дар назар аст.

Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди натиҷаҳои сафараш гузориш таҳия хоҳад кард ва пешниҳодҳои худро барои рушди озоди фикр ва баён дар Тоҷикистон, ироа хоҳад намуд. Ин гузориш моҳи июни соли 2017 дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ хоҳад шуд.

Пас аз мулоқоти гуфтугӯҳо бо мақомоти тоҷик ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар анҷоми сафари худ Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 9-уми дар Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе бо баргузории нишасти хабарӣ мушоҳидаҳои аввалияи худ дар мавриди озодии фикр ва баён дар Тоҷикистонро бо хабарнигорон дар миён хоҳад гузошт.

Сафари Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки бархе созмонҳои байналмилалӣ аз вазъи озодиҳо дар ин кишвар интиқод кардаанд. Аз ҷумла Созмони байналмилалии Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар авохири моҳи январ аз вазъи озодӣ дар Тоҷикистон интиқод карда, ин кишварро ба ҷумлаи кишварҳои "ноозод" ворид намуд.

Тоҷикистон дар гузориши солонаи ин созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ дар радифи 10 мамлакати ақибмонда дар заминаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои мардум, чун Афғонистон, Ироқ, Туркманистону Узбакистон ҷой гирифтааст.

Ҳамчунин, дар гузориши солонаи ин созмон, ки рӯзи 27 январ дар торнамои созмони Freedom House мунташир шуд, ба фишору маҳдудсозии фаъолияти мухолифон тавассути интихоботҳои ғайришаффоф дар Тоҷикистон ишора шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG