Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳидии Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Оҷонсии зиддифасод. АКСУ САДО


Маҳмадсаид Убайдуллоев моҳи январи имсол аз мақоми шаҳрдори Душанбе барканор шуд. Ҳоло ӯ раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон аст.
Маҳмадсаид Убайдуллоев моҳи январи имсол аз мақоми шаҳрдори Душанбе барканор шуд. Ҳоло ӯ раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон аст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев – шаҳрдори пешини Душанбе – дар бораи харҷи пулҳои буҷа барои сохтмони чанд бино дар пойтахт мавриди пурсиши маъмурони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон қарор гирифтааст. Як манбаи муътамад дар Оҷонсии зиддифасод рӯзи 8 март ин хабарро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард.

"Душанбе-Плаза", "Истиқлол"...

Убайдуллоев бист соли охир раёсати Душанберо бар ӯҳда дошт.

Мусоҳиби мо гуфт, ки шаҳрдори собиқ дар мавриди сарфу харҷи сохтмони баландтарини "Душанбе-Плаза" дар маркази пойтахт, бемористони "Истиқлол" ва тарҳи "Манзили дастрас" мавриди бозпурсӣ қарор гирифт.

Бемористони "Истиқлол" соли гузашта ба истифода дода шуд ва мақомот гуфтанд, ки барои сохтмонаш 706 миллион сомонӣ харҷ шудааст
Бемористони "Истиқлол" соли гузашта ба истифода дода шуд ва мақомот гуфтанд, ки барои сохтмонаш 706 миллион сомонӣ харҷ шудааст

"Маҳмадсаид Убайдуллоев дар доираи ҷараёни тафтишоти фаъолияти шаҳрдории Душанбе ба пурсиш даъват шуда, асосан оид ба харҷи маблағҳо дар беморхонаи "Истиқлол" посух дод. Зеро ин беморхона бо маблағгузории ҳукумати шаҳри Душанбе сохта шудааст. Аз ӯ дар бораи баёноти мудири пешини Раёсати сохтмони шаҳри Душанбе, ки дар мавриди харҷи маблағҳо ба тафтишот додааст, низ суол карданд," - афзуд ӯ.

"Манзили дастрас"

Тарҳи "Манзил дастрас" соли 2013 бо ҳимояти шаҳрдории Душанбе рӯи даст гирифта шуд ва қарор буд, ки нахустин манзилҳои нисбатан арзон дар пойтахт дар моҳи сентябри соли 2015 соҳибони худро пайдо намоянд. Вале тӯл кашидан ва ба кундӣ пеш рафтани корҳои сохтмонӣ баъзе аз саҳмдоронро нигарон кард ва бархеи онҳо соли гузашта аз хафви он ки дар охир ҳам бе хона ва ҳам бе пул намонанд, хостори бозпас гирифтани маблағҳои то ин дам пардохтаашон шудаанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев барои пурсиш ба Оҷонсии зиддифасод даъват шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

Нимаи моҳи феврал раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки санҷиши "истифодаи пулҳои буҷаи кишвар ва пойтахт" барои сохтмони биноҳо дар Душанбе то 1 июл ба охир анҷом шавад. Вай дар мулоқот бо мақомот ва фаъолони Душанбе, ки бо ҳузури шаҳрдори нав Рустами Эмомалӣ ва бидуни иштироки Маҳмадсаид Убайдуллоев гузашт, гуфт, "дар миқёси пойтахт содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта зиёд буда, вазъи мубориза бо коррупсия нигаронкунанда боқӣ мемонад."

Тафтиши шаҳрдорӣ моҳи январ шурӯъ шуд

Бинои шаҳрдории Душанбе
Бинои шаҳрдории Душанбе

Дар давоми 10 соли охир ва дар паи 800 тафтишу санҷишҳо, ба қавли президент, ба маблағи умумии 159 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст. Вай гуфт, ки "истифодаи ғайриқонунии маблағҳо асосан дар самти иҷрои корҳои сохтмон ошкор гардидаанд ва яке аз ин сохторҳо – Раёсати сохтмони асосии шаҳр аст."

Дар охирҳои моҳи январ мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон низ эълон карда буд, ки фаъолияти шаҳрдории Душанбе тафтиш мешавад. Абдукарим Зарифзода – муовини раиси Оҷонсии мубориза бо фасод – рӯзи 27 январ ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, бар асоси нақша, фаъолияти шаҳрдории Душанбе дар ду сол як бор санҷида мешавад ва тафтиши навбатии фаъолияти шаҳрдории Душанбе бояд моҳи майи соли 2018 гузаронда мешуд. Аммо ӯ гуфт, бар асоси муроҷиати раиси феълии шаҳри Душанбе ва бархе аз шаҳрвандон, тафтиши ғайринавбатии тасарруфи маблағҳо дар шаҳрдорӣ оғоз гардидааст.

Нақшаи биноҳои "Манзили дастрас"
Нақшаи биноҳои "Манзили дастрас"

Убайдуллоев бист сол раиси Душанбе буд

Маҳмадсаид Убайдуллоев моҳи январи имсол аз мақоми шаҳрдори Душанбе барканор ва ба ҷойи ӯ писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ таъин гардид. Убайдуллоев бист соли охир раёсати Душанберо бар ӯҳда дошт. Ӯ баъд аз таъсиси палатаи болоии порлумон дар моҳи апрели соли 2000 раиси Маҷлиси миллӣ низ интихоб шуд ва 17 сол боз ин дувумин мақом дар сохтори давлатдории Тоҷикистонро дар даст дорад.

XS
SM
MD
LG