Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи ИМА ба Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон меояд


Муовини котиби давлатии ИМА Томас Шэннон рӯзҳои 24 то 29 октябр ба Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон меояд. Дар ин бора сомонаи расмии департаменти давлатии ИМА хабар медиҳад.

Ин аввалин сафари Томас Шэннон ба кишварҳои Осиёи Марказист. Сафари вай ба 25-солагии истиқлолияти кишварҳои мазкур бахшида шудааст. Дар доираи ин сафар ҳамчунин масоили ҳамкориҳои ИМА бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, ки бо номи "С5+1" маъруф аст, баррасӣ мешавад.

Шэннон 24 октябр дар Остона фуруд меояд, бо намояндагони ҳукумати Қазоқистон ва хатмкардаҳои барномаҳои амрикоӣ мулоқот мекунад. Вай ҳамчунин аз осорхонаи миллии Қазоқистон дидан мекунад.

Муовини котиби давлатии ИМА рӯзҳои 26 ва 27 октябр дар Бишкеки Қирғизистон хоҳад буд. Дар ин ҷо ӯ бо намояндагони ҳукумат ва вакилони порлумон мулоқот мекунад. Дар ин шаҳр инчунин дидори Шэннон бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назар аст.

Баъд аз Бишкек муовини котиби давлатии ИМА ба Тошканд ва Самарқанди Ӯзбекистон рафта, бо роҳбарони ин кишвар, тоҷирон ва сарони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот ва қабри Ислом Каримовро зиёрат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG