Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, ки шаҳрвандони кишвар дар хонаҳояшон аз ҳама бештар телевизор доранд.

Як пажӯҳиши Оҷонсии омори Тоҷикистон маълум кардааст, ки аз ашёву таҷҳизоти маишӣ тоҷикон беш аз ҳама телевизор доранд. Ин натиҷа дар пайи "Таҳқиқоти буҷети хонаводаҳои Тоҷикистон" ба даст омадааст.

Бино ба навиштаи муаллифони таҳқиқот, ба сари ҳар 100 хонавода дар Тоҷикистон 173 телевизор рост меояд. Ба ибораи дигар ба ҳисоби миёна қариб ҳар хонаводаи тоҷик ду телевизорӣ доштаанд. Дар муқоиса ба омори кишварҳои пасошӯравӣ ба истиснои Русия хонаводаҳои тоҷик бештар аз намояндагони кишварҳои дигар телевизор доштаанд.

Аммо агар ба номгӯи таҷҳизоти маишии дигар, ба мисли яхдону чангкашак ва мошини ҷомашӯӣ назар кунем, оморҳо комилан баръаксанд ва дар муқоиса бо кишварҳои пасошӯравӣ ҷойгоҳи Тоҷикистон дар зинаи охирин қарор дорад. Барои мисол, аз 100 хонавода дар Тоҷикистон танҳо 23-тоаш яхдон доштаанд. Дар ҳоле ки аз хонаводаи қирғиз, ҳамсоякишвари наздики мо, 79 оила соҳиби яхдон будаанд.

Дар раддабандии таҷҳизоти маишии хонаводаҳои тоҷик чангкашак дар ҷойи севум меистад. Аз 100 хонавода танҳо 13-тои он соҳиби чангкашак будаанд. Боқимонда хонаводаҳо ба эҳтимоли зиёд даҳлезу хонаҳои худро бо ҷорӯб тоза мекунанд. Дар миёни ҷиҳози хонаводаҳои тоҷик мошини ҷомашӯӣ аз чангкашак низ дида камёфттар будааст. Аз 100 сад хонавода ба ҳисоби миёна танҳо 8 хонаводаи хушбахт соҳиби мошини ҷомашӯӣ будаанд.

Пирамидаи таҷҳизоти маишии тоҷиконро комютер ба итмом мерасонад. Бино ба натиҷаҳои тадқиқоти Оҷонсии омор аҳён-аҳён хонаводаҳои тоҷик соҳиби компютер будаанд. Аз 100 хонавода ҳамагӣ 3 хонавода дар Тоҷикистон компютер доштааст.

Як назар ба номгӯи ашёву ҷиҳози хонаводаҳо дар Тоҷикистон ин суолро дар зеҳнҳо бедор мекунад, ки чаро интихоби мардум дар хариди ашёи маишӣ маҳз сари телевизор меуфтад?

Раҷабалӣ Қодиров, як сокини ноҳияи Ваҳдат мегӯяд, ки телевизор ягона манбаи хушии рӯзҳои якранги дилбазани ӯ аст ва соатҳо дар рӯ ба рӯи телевизор нишаста каме ҳам бошад аз ғаму андуҳашро дур мекунад. “Як ҷойи хос нест, ки мо барин калонсолҳо дар он ҷо нишаста суҳбат кунему вақтамонро хуш гузаронем. Пештар дар ҳар ҷо чойхона буд, рӯи катҳо нишаста чой нӯшида ба шоҳмотбозӣ машғул мешуданд. Ҳоло ин хел ҷойҳо нест. Нархи ошхонаву ресторанҳо ба ҷайби мо рост намеояд. Барои ҳамин, ягона василаи вақтгузаронии мо ҳамин телевизор аст,” – гуфт ӯ.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳангоми тамошои телевизор дар бисёре аз мавридҳо миёни ӯву завҷааш баҳс ба вуҷуд меомад. Ӯ бештар ахбору барномаҳои ҷолибро меписандад, аммо завҷааш мухлиси сериалҳои туркист: “Барои ҳамин, боз барои ҳамсарам як телевизори дигар харидем.”

Телевизион ба ҳайси як воситаи ахбори омма як василаи бузурги идораи давлат маъсусан дар паҳнои кишварҳои пасошӯравӣ табдил ёфтааст. Дар шароите мисли Тоҷикистон, ки аксарият яхдон ҳам надошта бошанд, телевизион намегузорад афкори умум нисбат ба ҳукумат ва шароити сахти зиндагӣ ба таври манфӣ шакл бигирад. Чун ҳамаи телевизионҳои ҷумҳуриявӣ вобастаи давлатанд ва шомгоҳон соатҳо тарғибу ташвиқи “комёбиҳои кишвар”, “беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ” ва мавҷи ин қабил матолиб ба рӯи тамошобинони оинаи нилгун фурӯ мерезад ва умедашонро барои фардои беҳтар - бештар.

Шаҳло Акобирова

Шаҳло Акобирова

Аммо дар Тоҷикистон, ки сокинон имкони интихоби тамошои садҳо шабакаҳои телевизиониро доранд, зоҳиран шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон дар ин рақобати танготанги иттилоотӣ чандон муваффақ нестанд. Шаҳло Акобирова, роҳбари созмони журналистии “Хома” мегӯяд, дар Тоҷикистон ягон тадқиқоти вижае, ки сокинон кадом телевизионро бештар тамошо мекунанд, гузаронда нашудааст. Ӯ афзуд, “аммо чун дар болои боми манзилҳои зист антеннаҳои зиёди параболиро мебинем, аз ин хулоса кардан мумкин аст, ки аксарият шабакаҳои телевизионии хориҷиро тамошо мекунанд. Чун барои тамошои телевизиони маҳаллӣ чунин атенна зарур нест.”

Хонум Акобирова мегӯяд, дар ҳоле ки дар кишварҳои пешрафта мардум тадриҷан аз тамошои телевизион даст мекашанд ва ахборро аз телефони ҳамроҳу компютер дастрас мекунанд, дар Тоҷикистон тамоюли баръакс ҷараён дорад. “Мардум қудрати рафтан ба театр ва дигар мавзеъҳои фарҳангиро надорад, рӯзномаву маҷаллаҳо то ба рустоҳо намерасад ва аз ин рӯ ҳамаи ин халои фарҳангиро танҳо телевизон пур мекунад афзуд,” - Акобирова.

Дар матуботи Ғарб хабаранигорон зуд-зуд дар мавриди тандеми “телевизор-яхдон” менависанд, ки ҳар ду низ барои ба вуҷуд овардани афкори умум баробар саҳм доранд: яке бо гузоришу матлабҳо, дигаре - бо нуқлу наво. Аммо дар Тоҷикистон, ки аксарият яхдон ҳам надорад, ҷое барои тандем боқӣ намондааст. Телевизион барои ба вуҷуд овардани афкори умум яккатоз аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG