Пайвандҳои дастрасӣ

Пас аз 32 соли фаъолияти пурмашаққат, Ҳалима Муродова, "ҳавлирӯби беҳтарини пойтахт” аввалин бор дар ҳаёташ имкони истироҳат дар осоишгоҳро пайдо хоҳад кард.

Ҳукумати шаҳри Душанбе натиҷаҳои озмун ба муносибати “Рӯзи пойтахт”- ро ҷамъбаст карда ва Ҳалима Муродоваро "ҳавлирӯби беҳтарини пойтахт " эълон намуд. Қарор аст рӯзи шанбеи 18 апрел дар “Рӯзи таъсиси пойтахти Тоҷикистон” ин бонуи ҳавлирӯб бо диплом, як адад телевизор ва роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа- Обигарм» қадрдонӣ шавад. Ҳарчанд Ҳалимабону ҳоло роҳхат ба осоишгоҳи “Хоҷа- Обигарм”-ро ба даст нагирифтааст, аммо аз он хушҳол аст, ки меҳнати се даҳсолаи ӯ аз сӯи шаҳрдорӣ қадрдонӣ шудааст.

Ҳалима Муродова рӯзи панҷшанбеи 16 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз шунидани ин хабари хуш аз ҳаяҷон дар куртааш намегунҷад. Зеро Ҳалимабону мегӯяд, то имрӯз барои кораш ҳеҷ мукофоте нагирифта буд, ҳарчанд зиёд дар ин бора андеша мекард.

Ӯ гуфт, “ҳамин дирӯз шаб ман бо духтаронам дарди дил карда гуфтам, ки ҳарчанд 32 сол кор кардам, ақаллан ягон тӯҳфа нагирифтам ва гуфтам рафта, ба ҳукумат дар ин бора арз мекунам. Аммо бинед, ки имрӯз ин хабарро шунидам. Барои ман ин боварнокарданӣ буд. Аз як хонаводаи мо 4 нафар ҳавлирӯб ҳастем, кори мо маъмулан аз соати 3-и шаб шурӯъ мешавад ва то 5-и саҳар тамизкорӣ мекунем. Ман то имрӯз ҳамин як участкаро тоза мекунам. Маоши мо 630 сомониро ташкил медиҳад, ки ин албатта кам аст, зеро нарху наво дар бозор қиммат. Агар каме маошамонро ҳам вобаста ба собиқаи корӣ боло мебурданд, хеле хуб мешуд. ”

Ин ҷорӯбкаши 57-солаи тоҷик мегӯяд, бори аслии зиндагиро ӯ бо торҳои нозуки ҷорӯбаш мекашонад. Зеро шавҳараш дар яке аз бозорҳои пойтахт ба боркашонӣ машғул аст ва рӯзе ҳамагӣ аз 20 то 30 сомонӣ кор мекунад. Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, маҳз аз кӯтоҳдастӣ онҳо имкони хонондани 6 фарзандашон донишгоҳ надоштанд ва ҳоло ду писараш дар Русия муҳоҷиранд ва се духтараш ҳамроҳ бо келини хонавода машғули ҷорӯбкашӣ ҳастанд.

Вай мегӯяд,”ман ҳам мехостам, ки фарзандонамро соҳиби маълумоти олӣ кунам, ақаллан яке аз духтаронам духтур шавад, вале шароит иҷозат надод. Орзу дорам ҳадди ақал як набераам ба донишгоҳ дохил шавад. Шароити зиндагиямон мушкил аст, дар як ҳавлӣ, ки он ҳам аз хусурам мерос мондааст, бо тамоми фарзандонамон якҷоя ба сар мебарем, ҳатто дар хотир надорам, ки кай ин ҳавлиро таъмир карда будем. Ҳама ҳамсояҳо қубурҳояшонро иваз карданд, аммо мо чун пул надоштем, натавонистем. Одатан бо қарз зиндагӣ мекунем. Кошкӣ шаҳрдорӣ як хонаи дуҳуҷрагӣ медод, дигар то охири умр ҷорӯбкашӣ мекардаму аз зиндагӣ гила намекардам. ”

Холаи Ҳалима бо ин ҳама аз пешаи худ изҳори қаноатмандӣ мекунад ва мегӯяд, барои ӯ, ки ҳамагӣ то синфи 8 таҳсил кардааст, ҷорӯбкашӣ ягона василаи рӯзгузаронист. Аммо вай аз муносибати бади атрофиён гиламанд аст, ки гоҳҳо бо ҳарфҳои баду носазо ва нигоҳи тамасхуромез ба эҳсоси ӯ нохун мезананд.

Ӯ бо алам мегӯяд, ”гоҳо ҳолатҳое, мешавад, ки роҳгузарон бо ҳарфҳои қабеҳ ба мо дармеафтанд, ки вақти гузаштанашон чанг кардем ва ё сихҳои ҷорӯбамон ба пояшон расид. Ҳарчанд алам меояд, аммо аз онҳо узр мепурсаму ба корам идома медиҳам. Баъзе вақтҳо ронандаҳо бо суръат мошинро ба болоямон меронанд, ки аз ин хеле метарсем. Барои мисол, чанд рӯзи пеш духтарамро қариб мошин зер мекард, худи манро ҳам. Мутаассифона ман фурсати дидани рақами мошинро пайдо накардам. Зеро маъмулан мо дар чунин ҳолатҳои рақами мошинро дар хотир мегирем ва ба БДА муроҷиат мекунем. ”

Гилаи холаи Ҳалима аз бадрафтории ронандагон дар ҳолест, ки моҳи сентябри соли гузашта Зеварбону Пирова, роҳрӯби 53-солаи тоҷик соати 4-cубҳ аз тарафи ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки мошини тамғаи “Мерседес”- ро идора мекард, пахш шуд. Шоҳидони ҳол нақл мекунанд, ки дар натиҷаи садама, баъзе аз аҷзои бадани Пирова аз ҳам ҷудо шуда, чанде аз ҳамкорони ӯ баробари дидани вазъ беҳуш шуданд.

Дар зимн, солона ҳудуди ду ҳазор коргар ба тозаву тамиз нигаҳ доштани чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе ҷалб мешаванд, ки 80 дарсади онҳоро занон ташкил медиҳанд. Ҳаққуззаҳмати ин гурӯҳ аз 400 то 700 сомонӣ муқаррар шудааст. Агар солҳои пеш бештар занҳои солхӯрда ба поккории шаҳр ҷалб мешуданд, ҳоло бо як назар метавон муайян кард, ки синну соли занҳои роҳрӯб то рафт ҷавонтар мешавад.

Бахши умдаи занҳои роҳрӯб аз хонаводаҳои камбизоати шаҳр ва канораҳои пойтахт буда, дар гузашта хонанишин ё кормандони фабрикаву корхонаҳои давлатӣ буданд. Ҳарчанд дар солҳои қабл ин табақаи коргарон камтар қадр мешуданд, аммо дар ду соли охир, шаҳрдории Душанбе дар ҷашну идҳои миллӣ онҳоро мукофотпулӣ медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG