Пайвандҳои дастрасӣ

Доналд Трамп: Аз интихобот даст намекашам


Доналд Трамп

Доналд Трамп

Доналд Трамп – номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ – дар пайи интишори навори ҷанҷолбарангези 11 соли пешаш дар бораи занон гуфт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ аз идомаи рақобат барои дарёфти курсии президенти Амрико даст кашиданӣ нест. Ин ҳарфҳои Трамп дар ҳоле садо доданд, ки даҳҳо узви барҷастаи Ҳизби ҷумҳурихоҳ аз ӯ хостаанд, аз раванди интихобот канор равад.

Ин як гуфтугӯи хусусӣ буда, солҳо пеш иттифоқ афтодааст. Бил Клинтон ҳарфҳое бадтар аз инро ҳангоми бозии голф ба ман гуфта буд. Агар касе ранҷидааст, аз ӯ маъзарат мехоҳам

Доналд Трамп гуфтааст, "ба ҳеҷ ваҷҳ канор намеравам, чун ҳаргиз дар зиндагӣ таслим нашудаам." Ӯ дар суҳбат бо рӯзномаи "Вашингтон-Пост", ки навори ҷанҷолбарангезашро мунташир карда буд, афзудааст, "раҳо намекунам. Ман аз ҳимояти густурда бархӯрдор ҳастам."

Номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар суҳбати дигар бо нашрияи "The Wall Street Journal" эҳтимоли даст кашидан аз идомаи сабқати интихоботиро ба сифр баробар донистааст. Вай дар Твиттери худ низ ба ин мавзӯъ ишора карда ва гуфтааст, фишорҳо барои канорагирии ӯ аз сӯи нашриёт ва ҷараёни ҳоким сурат мегирад, аммо ҳаргиз ҳаводоронашро маъюс нахоҳад кард ва ҳаргиз канорагирӣ намекунад.

Рӯзномаи "Вашингтон-Пост" рӯзи 8 октябр видеоеро мунташир кард, ки дар он бахше аз гуфтугӯи Доналд Трамп дар соли 2005 дар ҳошиияи барномаи "Рӯзҳои зиндагии мо" сабт шудааст. Доналд Трамп дар он видео аз робита бо занон сухан гуфта, афзудааст, "вақте ситора ҳастӣ... ҳар кор хоҳӣ бо онҳо мекунӣ." Вай сипас аз талоши бенатиҷааш барои ҳамбистар шудан бо зани шавҳардор сухан мегӯяд.

Номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ пас аз ин видео бо нашри баёнияе аз гуфтаҳои 11 соли пеши худ узр хост. "Ин як гуфтугӯи хусусӣ буда, солҳо пеш иттифоқ афтодааст. Бил Клинтон ҳарфҳое бадтар аз инро ҳангоми бозии голф ба ман гуфта буд. Агар касе ранҷидааст, аз ӯ маъзарат мехоҳам", - гуфт Трамп.

Вай афзуд, "ваъда медиҳам, ки дар оянда марди беҳтаре бошам ва ҳеҷ гоҳ шуморо маъюс накунам. Биёед, содиқ бошем. Мо дар ҷаҳони воқеӣ зиндагӣ мекунем. Ин талоши дур бурдани мо аз масоили муҳимест, ки бо онҳо имрӯз рӯ ба рӯ ҳастем. Мо шулғҳои худро аз даст медиҳем ва нисбат ба ҳашт соли пеш Вашингтон ҳам шикаста шудааст."

Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократ дар «Твиттер»-и худ навишт, ки «мо наметавонем иҷоза диҳем, ки ин мард раиси ҷумҳур шавад». Аммо вокунишҳо алайҳи видеои ҷанҷолбарангези Трамп танҳо аз сӯи рақиби демократи ӯ Ҳилларӣ Клинтон баён нашуда ва танҳо мухолифони ӯ набуданд, ки ба эътироз лаб кушоданд.

Ҷамъе аз ҷумҳурихоҳон низ ба интиқод аз ин ҳарфҳои Доналд Трамп пардохтанд ва аз ҷумла, Пол Райан, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико гуфтаҳои Трампро маҳкум карда ва ҳузури ӯро дар маросими интихоботии рӯзи шанбе лағв намуд. Муовини номзади ҷумҳурихоҳон Майк Пенс ин гуфтаҳоро на маҳкум карда ва на аз онҳо дифоъ карда, аммо дар айни замон гуфтааст, "Трамп фурсат хоҳад дошт, дар мунозираи пеши рӯ бо Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократ, ончиро, ки дар дилаш ҳаст, баён кунад."

Ду рақиби аслии интихоботи президентии Амрико барои дувумин бор субҳи рӯзи душанбе ба вақти Тоҷикистон барои мунозира бо якдигар рӯбарӯ хоҳанд шуд. Аз ҳоло тахмин зада мешавад, навори ҷанҷолбарангези Доналд Трамп дар бораи занон яке аз бахшҳои муҳими ин мунозира хоҳад буд. Дар мунозираи аввал онҳо дар бораи ҷойи корӣ, сиёсати хориҷӣ ва пардохти андоз суҳбат карда, баъзан ба таҳқири якдигар гузашта буданд.

Интихоботи президентии Амрико рӯзи 8 ноябри имсол баргузор ва раиси ҷумҳур барои чаҳор соли оянда интихоб хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG