Пайвандҳои дастрасӣ

Доналд Трамп: "Мехоҳам, инсони хубе шавам"


Доналд Трамп

Доналд Трамп

Доналд Трамп – номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ барои дарёфти курсии президенти Амрико – аз суҳбатҳояш дар бораи занон, ки соли 2005 баён шуда ва тасодуфан сабт гардидааст, узрхоҳӣ намуд. Вай гуфт, интишори ин суханон хотири мардумро аз масъалаҳои муҳим дур намебарад. Узрхоҳии Трамп соате баъд аз ифшои видеое сурат гирифт, ки дар он бо ҳарфҳои дағал дар бораи занон ва равобити ҷинсӣ бо онҳо суҳбат мекунад. Трамп дар видеои узрхоҳии худ мегӯяд, ин ҳарфҳоро задааст, вале иштибоҳ карда ва узр мехоҳад. Вай, инчунин, ба мардуми Амрико қавл додааст, то инсони хубе шавад. Доналд Трамп субҳи рӯзи душанбе дар дувумин мунозираи худ дар баробари Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократ, қарор хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG