Пайвандҳои дастрасӣ

​Бархе аз мақомот мегӯянд, ки муаррифии Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи Афғонистони ноамн баъзан ҷаҳонгардонро аз сафарашон ба кишвар бозмедорад.

Тоҷикистон тасмим дорад, ки то чор соли дигар 1 миллион сайёҳ ё ҷаҳонгардро дар кишвар қабул кунад ва саҳми бахши туризмро дар рушди иқтисод ба 15 дарсад бирасонад. Ҳоло дар як сол ҳамагӣ 244 ҳазор ҷаҳонгарди хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид мекунанд ва соли гузашта онҳо ба буҷаи кишвар 106 миллион доллар фоида оварданд.

Масъулони Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯянд, феълан Варзобу Ромит ва Балҷувон чун мавзеи сайёҳӣ эълон шудааст ва тарҳҳои марбут ба бунёди инфросохторҳои туристӣ наздик ба 400 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, рӯзи 29 август, дар нахустин ҳамоиши байнулмилалии турзим дар Душанбе гуфт, қарор аст, то охири моҳи ноябри соли ҷорӣ мавзеи Сафедораки ноҳияи Варзоб, ки нодиртарин минтақаи туризми зимистона дониста мешавад, бар ивази 1 миллион доллар таҷдид гардад.

Аҳтам Абдуллозода

Аҳтам Абдуллозода

Масъулони Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ гуфтанд, феълан дар бозори туристии кишвар 90 ширкати сайёҳӣ фаъолият мебарад, ки бештари онҳо дар самти ҷалби ҷаҳонгардони хориҷӣ ба Тоҷикистон машғул ҳастанд. Тибқи омори расмӣ дар 5 соли охир ҳамагӣ 1 миллион сайёҳ ба кишвар ворид шудааст. Дар ҳоле ки ба қавли Худойбердӣ Холиқназаров, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, дар замони Шӯравии собиқ солона ҳамин миқдор сайёҳ аз минтақаҳои мухталифи кишвар боздид мекардаанд. Аз нигоҳи Холиқназаров барои ҷалби сармоягузорон ва афзоиши туристон ба Тоҷикистон эҳёи тамоми базаҳои сайёҳӣ ва, инчунин, дуруст ба роҳ мондани таблиғот зарур аст.

“Бисёриҳо таблиғ мекунанд, ки Тоҷикистон дар паҳлӯи кишвари ноороми Афғонистон аст, ки ҳамин омил ҳам метавонад барои гурезондани сайёҳон сабаб шавад. Албатта, ин ҳам як намуди сабқат аст, зеро ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд, ки туристонро ба худ ҷалб кунанд,” -- мегӯяд Холиқназаров.

Вале соҳибназарон мегӯянд, аслан камбуди шадиди зербинои ҷаҳонгардӣ, бахусус роҳҳову меҳмонхонаҳои муносиб дар масирҳои дӯстдоштаи сайёҳон, ки ба ин кишвар бештар барои тамошои зебоиҳои кӯҳистонаш сафар мекунанд, монеи ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар шудааст.

Марҳабо Ҷабборӣ

Марҳабо Ҷабборӣ

Марҳабо Ҷабборӣ, муовини нахуставазири Тоҷикистон, мегӯяд, мақомоти кишвар то имрӯз барои аз байн бурдани монеаҳои сунъии маъмурӣ дар самти рушди турзим талош мекунад. “Аз ҷумла, ситонидани 100 доллар аз кӯҳнавардон барои фатҳи баландкӯҳҳо бекор карда шуд. Инчунин ширкатҳои турситӣ ҳуқуқ пайдо карданд ки ба воситаи намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷа ва консулгариҳо дар манотиқи мухталифи кишвар мактуб-даъватнома ба хориҷиён барои дастрас намудани раводиди саёҳии Тоҷикистон фиристанд,” – гуфт ӯ.

Ҷабборӣ афзуд, қимати раводиди сайёҳӣ аз 100 доллар то ба 25 доллар поин оварда шуда ва ҳоло шаҳрвандони 80 кишвари дунё имкон доранд, дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон виза бигиранд. Аммо бо ин вуҷуд муовини нахуствазири Тоҷикистон иқрор кард, то ҳанӯз кишвар барои ҷалби ҷаҳонгардони хориҷӣ мушкил дорад.

Филлип Риддл, раҳбари иҷроияи ташкилоти миллии сайёҳии Шотландия низ мегӯяд, Тоҷикистон аз аҳмияти фавқулода барои ҷалби саёҳати байналмилалӣ бархӯрдор аст ва аз танҳо миён бардошани монеаҳои сунъӣ ин бахшро ривоҷ хоҳад дод. “Агар Тоҷикистонро дар муқоиса бо Шотландия бигирем, ҳарчанд ин кишвар ба маортиб хурдтар аз Тоҷикистон аст, аммо бо ин вуҷуд, тавонистааст имкониятҳои сайёҳиро хуб истифода кунад. Даромади солонааш аз ин соҳа 8 миллирадро ташкил мекунад. Пас, ҳамин таваққӯъро метавон аз Тоҷикистон низ дошт”, -- гуфт Риддл.

Бино ба омори расмӣ дар ним соли аввали соли ҷорӣ теъдоди ҷаҳонгардони хориҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 147 ҳазор нафар шудааст ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ду маротиба бештар будааст. Ин шумори меҳмонон, аз 69 кишвари дунё ба тамошои Тоҷикистон омадаанд ва ба буҷаи кишвар 73 миллион доллар фоида овардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG