Пайвандҳои дастрасӣ

Волидони ду ҷавон дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бовар доранд, фарзандонашон дар зери зарбу латти маъмурони пулис як ҳолати ғоратгариро ба гардан гирифтаанд.

Волидони Шерзод Алиев ва Ойбек Холматов, сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов, иддао доранд, маъмурони пулис таҳти фишор ва зарбу лат як ҳолати ғоратгариро ба гардани фарзандонашон бор кардаанд. Онҳо аз раисиҷумҳури Тоҷикистон ва раҳбарияти додситонии кулл хостаанд, ба ин қазия дахл карда, мӯйро аз хамир ҷудо намоянд.

Аммо мақомоти пулиси Ҷаббор Расулов мегӯянд, то ҳоло ин қазия аз тарафи намояндагони додситонии кулл ва вазорати умури дохилӣ таҳқиқ ва маъмурони марбут ба ин ҳодиса бозпурсӣ шуда, ҳарфи охирро додгоҳ хоҳад гуфт.

Шерзод Алиев, донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд ва Ойбек Холматов ҳамроҳ бо Анвар Қодиров -- хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 1 ва Акмал Юсупов -- муҳассили коллеҷи муҳандисӣ моҳи сентябри соли 2014 боздошт шуда буданд. Мақомоти пулис ин чор нафарро ба "роҳзанӣ бо маслиҳати пешакӣ" муттаҳам карда, алайҳи онҳо парванда боз намуд.

Ба қавли маъмурони пулис, онҳо шаби 27-уми августи соли гузашта дар дар роҳи ҷамоати Ғӯлакандоз аз автомобили Акмал Юсупов берун шуда, бо 2 марди маст баҳсу муноқиша мекунанд ва телефонҳои ҳамроҳ ва маблағи яке аз онҳоро ба зӯрӣ мегиранд.

Ҳасан Муталибов, муфаттиши калони ШКД-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки таҳқиқи парвандаро анҷом додааст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар асоси қонуни афв парвандаро д тақсим кардем. Парвандаи аввал ба Анвар Қодиров ва Акмал Юсупов тааллуқ дошт, ки ноболиғ ҳастанд. Онҳоро бар асоси қонуни афв аз боздошт раҳо кардем. Аммо парвандаи дувум нисбат ба Шерзод Алиев ва Ойбек Холматов ҳоло дар додгоҳ мавриди баррасӣ қарор дорад."

Вай афзуд, ин чор нафар баъди дар дасти яке аз онҳо пайдо кардани мобили ҷабрдида – Абдусалом Бойматов боздошт шудаанд. Шерзод Алиев ва Ойбек Холматов аз замони боздошт дар аввалҳои моҳи сентябри соли 2014 дар боздоштгоҳи муваққат (СИЗО)-и шаҳри Истаравшан нигаҳдорӣ мешаванд.

Аммо волидони ин ду ҷавони айбдоршаванда фарзандони худро бегуноҳ медонанд ва мегӯянд, вохӯрии фарзандонашон бо ду нафари маст тасодуфӣ буд ва онҳо ҳеҷ маслиҳати пешакӣ ва нияти раҳзании касеро дар сар надоштанд. Дилфӯза Алиева, модари Шерзод Алиев мегӯяд, парванда алайҳи фарзандаш ва рафиқи ӯ аз ҷониби кормандони пулис сохат аст.

"Мо ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва додситонии кулл ариза навиштем, ки писарам – Шерзод ва рафиқони вай бегуноҳанд. Ман илтимос кардам, он милисаҳое, ки ба сари писарам ва рафиқонаш, аз ҷумла ду ноболиғро бо роҳи азият расонидану фишор овардан ва тӯҳмат ҷинояти нокардаашонро бор карданд, дар назди қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд,",-таъкид дошт ӯ.

Тӯхтаҷон Тоҷибоева, модари Ойбек Холматов, ҷавони дуюми айбдоршаванда ҳам мегӯяд, "писарам Ойбек вақти дидор ба ман ва дар толори додгоҳ як гап мегӯяд, ки вайро кормандони милиса бо латту кӯб барои имзо гузоштан зери баёнот маҷбур кардаанд. Ман гуфтам, писарам, наход, ки аз калтак тарсида, тоқат карда натавониста чунин карда бошӣ? Вай гуфт, модар, агар ту ҳам ба ҷои ман мебудӣ, чунин мекардӣ."

Тоҷибоева афзуд, писараш Ойбек 25-уми ноябри соли гузашта аз зарбу лат беҳуш шуда, маъмурони пулис табибони беморхонаи ноҳияро даъват мекунанд ва онҳо ба ӯ ёрии аввалияи тиббӣ мерасонанд. Ин иддаои модари айбдоршаванда аст ва мақомоти пулис мегӯянд, дар ин робита тамоми ҳарфҳояшонро ба додгоҳ гуфтаанд ва хулосаи ниҳоиро дар ин мақомот интизоранд.

Ҳамин тавр, Анвар Қодиров ва Акмал Юсупови ноболиғ ҳам мегӯянд, вақти вохӯрӣ бо мастон фақат дуи онҳо аз автомобил берун шуданд ва ду рафиқи ҳозир дар курсии айбдории додгоҳ нишастаашон -- Шерзод ва Ойбек аз автомобил берун нашуда буданд. Аммо кормандони пулис бе ҳузури вакили дифоъ онҳоро маҷбур кардаанд, зери баёноти айбдориашон имзо гузоранд. Онҳо рад намекунанд, ки дар ҷойи муноқиша бо ду марди маст Акмал Юсупов телефони ҳамроҳеро аз замин бардоштааст, баъдан пулис бо ин нишона онҳоро дастгир кардааст. Онҳо мегӯянд, гумон кардаанд он телефони ҳамроҳи гумшудаи касе ҳаст ва онҳо ёфтаанд.

Ҳасан Муталибов, муфаттиши калони ШКД –и ноҳияи Расулов, ки таҳқиқи ин парвандаро анҷом додааст, мегӯяд, айбдоршавандаҳо 2 телефони ҳамроҳ, яке “Нокиа”, дигаре “Сони Эриксон” ва 100 сомонӣ маблағи яке аз мардони мастро низ ба зӯрӣ гирифтаанд. Вай мегӯяд, даъвои ноболиғони афвшуда ва рафиқони дар курсии айбдории додгоҳ нишастаи онҳо беасос аст ва касе онҳоро замони бозпурсӣ зарбу лат ва шиканҷа накардааст.

Мурофиаи парвандаи Шерзод Алиев ва Ойбек Холматов дар додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов охири моҳи январ шурӯъ шуда, дар арафаи моҳи март танаффус эълон шудааст. Дар назар аст ин ҳафта додгоҳ идома ёбад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG