Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукуматҳо бо нодида гирифтани ҳуқуқи башар дар муборизаашон бо таҳдидҳои амниятӣ ба иштибоҳи бузург роҳ медиҳанд. Ба ин нукта дар гузориши солонаи Human Rights Watch (HRW) таъкид шудааст.

Гузориши солонаи ин созмон дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар беш аз 90 кишвари олам, ки давраи аз поёни соли 2013 то моҳи ноябри соли 2014-ро дарбар мегирад, рӯзи 29 январ, нашр шуд.

Раиси иҷроияи HRW Кеннет Рот зимни муаррифии гузориш гуфт, ки соли гузашта басо вазнин буд ва нақзи ҳуқуқи башар дар амиқрафти бӯҳрон дар шарқи Украина ва афзоиши ифротгароии исломӣ нақши бузург дошт. Ӯ дар робита ба авзоъ дар Русия гуфт, Кремл шурӯъ аз соли 2012 шадидтарин баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ таъқиби дигарандешон, фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, хабарнигорон ва эътирозгарони осоиштаро роҳандозӣ кард.

Кеннет Рот

Кеннет Рот

Ба гуфтаи Кеннет Рот, вокуниши “маҳдуд”-и Ғарб ба ин гуна нақзи ҳуқуқи башар боиси амиқрафти бӯҳрони Украина шуд, зеро он ба мақомоти Русия имкон дод, ки интиқоди ҷомеъа барои аъмолаш дар Украинаро саркӯб кунад.

HRW рӯи вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар соли 2014 ҳам тамаркӯз карда гуфтааст, ки он бадтар шудааст – “мақомоти давлатӣ ҳамла ба озодии баён ва боздошту зиндонӣ кардани фаъолони мухолифинро идома доданд, яке аз хабаргузориҳои мустақили кишвар мавриди фишору таъқиб қарор гирифт ва як пажуҳишгар бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шуд”. Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз истифодаи шиканҷа аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ ҳам изҳори нигаронӣ кардаанд. Дар гузориши нави HRW гуфта шудааст, ки дар Тоҷикистон бархе аз сомонаҳои интернетӣ масдуд шуданд, дар кишвар қонуне қабул шуд, ки бар пояи он созмонҳои ғайриҳукуматӣ бояд ҳама манбаъҳои сармоягузори хориҷии худро ошкор кунанд. "Таъқиби ҳомиёни ҳуқуқи башар, маҳдудсозии озодии расонаҳо ва озодиҳои мазҳабӣ, ки солҳои пеш фаровон мушоҳида мешуданд, соли гузашта ҳам идома кард", навиштаанд муаллифон. .

Дар гузориш гуфта шудааст, ки моҳи майи соли гузашта дар бархӯрдҳои серӯза дар шаҳри Хоруғ, маркази Бадахшони Кӯҳистон, дасти кам се нафар, аз ҷумла, як корманди милиса кушта ва ҳафт нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳаводис дар пайи амалиёти кормандони полис алайҳи қочоқбарони маводи мухадир ва норозигии мардум аз шеваи баргузории ин амалиёт рӯй доданд. Бархе аз эътирозгарон бинои кумитаи амнияти давлатиро ба оташ кашиданд ва аз норинҷаку силоҳи оташфишон истифода бурданд. HRW менависад, ки бархе аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон зуд гурӯҳи вижа таъсис намуда, аз нақзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони боздоштшуда ҷилавгирӣ карданд.

Дар гузориш аз мурофиаи додгоҳи собибкори маъруф ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов ҳам ёдоварӣ шудааст, ки моҳи декабри соли 2013 бо чанд иттиҳом, аз ҷумла, даст доштан дар фасод, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номуси ноболиғ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Дар ҷараёни бозрасии парванда дастрасии вакилони дифоъ ба шахси зери ҳимояташон номумкин мешуд. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, Зайд Саидов моҳи майи соли 2013 баъд аз он боздошт шуд, ки дар бораи таъсиси ҳизби сиёсии “Тоҷикистони нав” хабар дод. Қарор буд, ки ҳизби нав асосан рӯи ислоҳоти иқтисодӣ тамаркӯз кунад.

Боздошти Шӯҳрат Қудратов

Боздошти Шӯҳрат Қудратов

Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз таҳдидҳо ба пайвандони Зайд Саидов, боздошти ду тан аз вакилони дифои ӯ – Фахриддин Зокиров ва Шӯҳрат Қудратов ҳам ёдовар шуданд. Зокиров моҳи ноябри соли 2014 бар пояи қонуни авф озод шуд, аммо додгоҳ Шӯҳрат Қудратовро дар ришват ва қаллобӣ айбдор кард.

Бино ба гузориши HRW, моҳи октябр мақомоти Тоҷикистон дар вокуниш ба даъвати "Гурӯҳи 24" барои ташкили гирдиҳамоии зиддиҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе, интернет ва робитаи телефони мобилро масдуд кард. Мақомот ҳамчунин то охири сол аз додани раводид ба намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ сарпечӣ карданд, то аз вуруди нозирони мустақил ба кишвар ҷилавгирӣ шавад. .

Муаллифони гузориши HRW ба истифодаи шиканҷа ба хотири маҷбурсозии гумонбарон барои ба гардан гирифтани иттиҳом ҳам таъкид кардаанд. Онҳо, аз ҷумла, қазияи Умедҷон Тоҷиев, узви 34-солаи Ҳизби наҳзати силоми Тоҷикистонро овардаанд, ки баъд аз се рӯзи шиканҷа аз сӯи кормандони милисаи шаҳри Исфара худро аз ошёнаи саввуми идораи умури дохила ба пойн андохт ва 2 ноябри соли 2013 дар бемористони маҳбаси шаҳри Хуҷанд аз олам даргузашт.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин пайваста талоши маҳдудсозии дастрасӣ ба сомонаҳои интернетиро карданд. Дар ин давра, ба иттилои HRW, чанд бор шабакаи иҷтимоии Facebook ва сомонаи интернетии Радиои Озодӣ баста шуданд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз сӯи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шудани донишманд Александр Содиқовро ҳам намунаи нақзи ҳуқуқи башар номиданд. Дар гузориш гуфта шудааст, ки мақомот чанд рӯз хабари боздошти Содиқовро махфӣ нигаҳ доштанд ва ӯро фақат баъд аз маъракаи густурдаи созмонҳои байнулмилалӣ ва донишмандони кишварҳои гуногун раҳо карданд.

Як бахши гузориш ба нақзи озодиҳои мазҳабӣ ва таъқиби рӯҳониён дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Бино ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, мактабҳои хусусии динӣ дар Тоҷикистон баста шуданд, мавъизаҳо бо дастури Шӯрои уламои исломи Тоҷикистон ироа мешаванд. Мақомот масҷидҳои сабтиномнашударо ҳам мебанданд. Бар пояи дастурҳо, бо рӯсарӣ ба мактабу донишгоҳрафтани духтарон манъ шудааст ва дар хиёбонҳо бо риш гаштани мардони миёнасол ҳам метавонад муҷозоти онҳоро ба думбол дошта бошад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG