Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини барканоршудаи Абдуфаттоҳи Ғоиб ба парлумон меравад?


Тоҳир Ҷобирзода аз 2009 то 18 феврали соли ҷорӣ муовини аввали раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ буд
Тоҳир Ҷобирзода аз 2009 то 18 феврали соли ҷорӣ муовини аввали раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ буд

Тоҳир Ҷобирзода, муовини аввали раиси оҷонсии зидди фасоди молӣ, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон аз мақомаш барканор гардид, ба рақобати худ дар интихоботи парлумонии 1 март идома хоҳад дод.

Тоҳир Ҷобирзода, муовини аввали раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон, ки рӯзи 18 феврал бо супориши Эмомалӣ Раҳмон аз мақомаш барканор гардид, ба рақобати худ дар интихоботи парлумонии 1 март идома медиҳад.

Номзадии Тоҳир Ҷобирзода аз тарафи ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ба мақоми вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатӣ дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон пешниҳод шудааст.

Усмон Солеҳ, сухангӯи ҳизби халқии демократӣ, рӯзи 19 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "номзадии Ҷобирзодаро вакилони анҷумани ҳизб дар ноҳияҳои Бохтару Ҷалолуддини Румӣ пешниҳод кардаанд." Ин анҷуман 31 декабри соли гузашта баргузор гардид ва, ба қавли Усмон Солеҳ, ҳоло Тоҳир Ҷобирзода ба рақобаташ дар интихобот идома медиҳад ва дар сурати пирӯзӣ бар рақибонаш ба курсии вакилӣ дар парлумон хоҳад нишаст.

Тоҳир Ҷобирзода, ки аз моҳи январи соли 2009 ба ин сӯ ба ҳайси муовини аввали Абдуфаттоҳи Ғоиб -- раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия кор мекард, рӯзи 18 феврал аз мақомаш барканор гардид. Ҳамроҳи ӯ, ду муовини дигари раиси Оҷонсии зиддифасод – Раҷабалӣ Ширинов ва Милопар Бандишозода ва, инчунин, раҳбарони додситонӣ дар Суғду Бадахшону Хатлон ва шаҳри Душанбе аз вазифаҳояшон сабукдӯш шуданд.

Мақомоти расмӣ то ҳол дақиқ нагуфтаанд, иллати барканории ин афрод чист. Вале зоҳиран ҳамаи ин тағйирот ба ҷаласаи рӯзи 17 феврали Шӯрои амнияти Тоҷикистон бармегардад, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва “чашмпӯшӣ”-и баъзе аз масъулони додситониву оҷонсии зиддифасод сухан гуфт.

Ҷаноби Раҳмон дар ҳоле ки дар ин ҷаласа пиромуни фаъолияти кормандони оҷонсӣ суҳбат мекард, таъкид дошт, "бояд нисбат ба санҷишгароне, ки баъд аз санҷиши онҳо ҳолатҳои камомад ва тасарруфи маблағ муайян карда мешаванд, чораҳои қатъӣ то ҳадди аз вазифа озод кардан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан андешида шавад. Ҳаминро дар қонун ҷорӣ мекунем. Як намояндаи сохтори назоратӣ тафтиш мекунад, ахборот медиҳад, ки ҷаноби олӣ, ҳамааш дуруст. Баъди панҷ моҳ палатаи ҳисоб тафтиш мекунад, 10 миллион камомад. Чӣ аст? Рӯирост коррупсия, порагирӣ аст. Вай тафтишгар дар назди қонун ҳатман ҷавоб гӯяд. Дар сохтор аслан кор накунад."

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ин ҳарфҳоро барои он бо эҳсос дар ин бора сухан мегӯяд, ки оҷонсиро худаш таъсис додааст ва агар хоҳад онро хоҳад баст.

Тоҳир Ҷобирзодаи 51-сола зодаи шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон буда, соли 1985 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳосиб – иқтисодчӣ хатм кардааст. Ӯ то ин дам бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз шуда, соҳиби ордени “Шараф дараҷаи 1” (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2010 №914) ва “Отличник финансовой полиции” (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Беларус аз 19 сентябри соли 2013 № 123-К) мебошад.

XS
SM
MD
LG