Пайвандҳои дастрасӣ

Иқтисоддони саршинос ва тарроҳи пули миллии Тоҷикистон, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода аз мақомаш меравад ва узви порлумони Тоҷикистон мешавад.

Бо корномае ҳамчун вазири рушди иқтисод, раҳбари пешини Бонки Миллии Тоҷикистон, пеш аз он сафири кишвар дар Иттиҳоди Аврупо, Юнеско ва НАТО Шариф Раҳимзода соли оянда фаъолияти худро дар Маҷлиси намояндагони кишвар идома хоҳад дод. Номи ӯ дар мақоми 13-уми феҳрасти интихоботии Ҳизби Халқии Демократӣ узвияташро дар порлумон таъмин хоҳад кард.

Ба кори порлумонӣ гузаштани яке аз чеҳраҳои саршиноси ҳукумати Тоҷикистон, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон умдатан ӯро барои ҳалли масъалаҳои бӯҳронӣ сафарбар мекард, ва он ҳам дар як марҳалаи ҳассоси иқтисодӣ коршиносон ва нозирони вазъро ба андешае овардааст, ки ин иқдом як ҷойивазкунии сода нест.

Шариф Раҳимзода

Шариф Раҳимзода

Яке аз охирин дастовардҳои Шариф Раҳимзода ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистон ҳангоми вуруди кишвар ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дар соли 2012 буд. Қабл аз он вай тавонист бо як силсила ислоҳоти бунёдӣ кори Бонки Миллии Тоҷикистонро беҳтар ва эътибори байнулмилалии онро барқарор кунад. Он ҳам пас аз бозрасии шармовари кори ин ниҳод аз ҷониби ширкати байналмилалии «Ernst and Young» ва фош шудани корбурди «ғайримақсаднок»-и наздик ба 1 миллиард доллар. Дар камтар аз 5 соли кораш дар Бонки Миллӣ Шариф Раҳимзода ба солим гаштани вазъи пули миллӣ, пардохти қарз ва ҷаримаи Сандуқи Байнулмилалии Пул ва афзоиши захираи тило ва асъори кишвар даст ёфт.

Пас чӣ шуд, ки як вазири нисбатан кордон ва донишманди тоҷик бо роҳи фиристода шудан ба порлумони кишвар аз вазифааш барканор хоҳад гашт?

Посух ба ин пурсиш душвор аст, зеро ба гуфтаи коршиноси тоҷик Марат Мамадшоев, тамоми амру қарорҳои барканорӣ ва таъини афрод ба мансабҳои давлатӣ дар Тоҷикистон «ношаффофанд ва мақомот худро масъул намедонанд, ки ин дигаргуниҳои кадриро барои ҷомеа шарҳ диҳанд.» Вале ӯ меафзояд, ки «Раҳимзода дар вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон худро зиёд нишон надод. Ман ягон қарори

Марат Мамадшоев

Марат Мамадшоев

муваффақеро дар иқтисоди тоҷик надидам. Сиёсати иқтисодӣ ҳамон гуна ки ғайрифаъол буд, боқӣ монд ва идома дорад. Бо вуҷуди ин Шариф Раҳимзода яке аз мансабдорони андешмандтар ва босаводтари блоки иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон буд.»

Ба яке аз курсиҳои порлумон, шояд ҳатто раёсати Кумитаи иқтисодӣ, нишастани чунин мутахассиси варзида аз нигоҳи таҳлилгари тоҷик, вакили Маҷлиси намояндагон Сӯҳроб Шарифов ба манфиати кор хоҳад буд, зеро ӯ таҷрибаи амалии хешро бо фаъолияти қонунгузорӣ пайваста, дар давраи муҳими кишвар дар пасманзари даъватҳо барои узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё метавонад, заминаҳои қавитари сиёсати иқтисодии кишварро бунёд ниҳад. Ҷаноби Шарифов мегӯяд: «Дар пешорӯи Тоҷикистон масъалаҳои зиёди интегратсионии Авруосиёӣ истодаанд, ки таҳлилу баррасиҳои амиқ мехоҳанд ва будани чунин афрод дар порлумон дар чунин давра як иқдоми хуб аст.»

Бо назардошти нақши камранги порлумон дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон ва ризоияти тақрибан комили он бо ҳукумат, таҳлилгарони дигар мегӯянд, ба ин ҷо фиристода шудани ҳама гуна мансабдорони давлатӣ ба маънои хатми карйераи давлатии онҳост. Танҳо аҳёнан иттифоқ афтодааст, ки мансабдори давлатӣ пас аз фиристода шуданаш ба порлумон дубора ба кори амалии давлатдорӣ баргашта бошад. Ҳарчанд ҷаноби Шарифов

Сӯҳроб Шарифов

Сӯҳроб Шарифов

мегӯяд, вакилони кори хеле муҳимтареро анҷом медиҳанд, розист, ки шахсони алоҳидаи кордон нақши мансаби давлатии худро метавонанд баланд бардоранд. Худи Шарифов, ба гуфтаи коршиносон ҳангоме ки раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон буд, метавонист, бевосита ба шаклгирии сиёсати давлат таъсир гузорад. Аммо дар порлумон иродаи умумӣ ҳоким аст ва аз соли 2000 ба ин сӯ, ба гуфтаи Марат Мамадшоев, аз давраи порлумони ҷангсолорон ба баъд, байни ҳукумат ва маҷлис ҳеч гуна ихтилофе сар назада, порлумон ҳама гуна дархосту тарҳҳои ҳукуматро пазируфтааст.

Корномаи Шариф Раҳимзода низ нишон медиҳад, ки ҳамчун вазир ва пештар раиси Бонки Миллӣ тавониста буд, тарҳҳоеро ба порлумон пешниҳод кунад, аз ҷумла дар бораи тағйири ваколати бонкҳо, ва тасвиби онҳоро ба даст орад.

Дар ҳоле ки аксари ҳамсӯҳбатони мо камфаъолиятии Раҳимзодаро дар мақоми вазири иқтисод сабаби барканории ӯ медонанд ва чунин баҳо метавонад, ба аксари вазирони Тоҷикистон дода шавад, коршининос ва раҳбари созмони «Индем» дар Душанбе, Саймиддин Дӯстов воқеаро ба бархӯрди манофеи «марказҳои қудрат» бастагӣ медиҳад. Вай мегӯяд, ҳарчанд «дар 3-4 соли охир Шариф Раҳимзода ба як муҳофизакори мӯътадил табдил ёфта буд, албатта, дар шароити нави тақсими қудрат ва нуфуз дар доираҳои ҳукмрон, бо вуҷуди эътирофи манофеи марказҳои таъсиргузор, дар ҳошия қарор гирифт.»

Саймиддин Дӯстов

Саймиддин Дӯстов

Ба ақидаи ҷаноби Дӯстов дар ин муддат «марказҳои тасмимгиранда» -- яъне афрод ва гурӯҳе, ки ба тасмимҳои раисиҷумҳур таъсир доранд, бештар шуда, теъдоди онҳо ба 10-12 адад расид ва иттиҳоди бархе аз онҳо бо афрод ва гурӯҳҳои сармоядор ҳарчӣ бештар аз мавҷудияти худ хабар медиҳад. Як қисми ин марказҳо аз хешовандони раисиҷумҳур иборатанд ва мақоми вазири иқтисод ва рушди савдо барои онҳо муҳим аст, зеро метавонад ба фаъолияти онҳо таъсир расонад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба ақидаи ҷаноби Дӯстов, Раҳимзода дар кори худ як андоза истиқлолият нишон медод. «Аммо бо омадани Абдусалом Қурбонов ба вазифаи вазири молия тандеми ӯ бо муовинаш Ҷамолиддин Нурализода ба миён омад, ки бо доираҳои гуногуни қавии тиҷоратӣ пайваст буда, ба раҳбари давлат дастрасии мустақим дорад, вазъ ба гунае шуд, ки нақши вазорати иқтисод камранг гашт,» -- мегӯяд ҷаноби Дӯстов.

Яке аз салоҳиятҳои вазири иқтисод барои таъини намояндагони тиҷоратии Тоҷикистон дар хориҷа аз дасти он гирифта шуд ва сиёсати марбут ба пули халқии бунёди нерӯгоҳи Роғун низ ба салоҳияти Вазорати молия гузашт – ин фактҳо нишонаи танг шудани доираи фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо будаанд.

Аммо Дӯстов бар ин нест, ки маҳз вазорати молия ташаббускори барканории Раҳимзода шудааст, аммо мегӯяд, тасмими раисиҷумҳур бе таъсири ин ва дигар марказҳои нуфуз гирифта нашудааст. Вай меафзояд, таъин шудани вазири нав рӯшан хоҳад кард, ки таъсири кадоме аз марказҳо ба ин тағйир ҳалкунанда будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG