Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси мошинҳои гумшуда дар нишасти Р.Раҳимзода (ВИДЕО)


Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфтааст, ки дар соли 2014 ин вазорат ба дафтари олмонии Интерпол дар Висбаден дар бораи 21 мошини рабудашуда нома равон кардааст, вале то имрӯз ягон ҷавоб нагирифтаанд.

Ин мактуби вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба дафтари Интерпол дар Олмон дар робита ба мошинҳоест, ки дар Олмон рабуда, ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, ки рӯзи 21-уми июн дар шаҳри Душанбе бо рӯзноманигорони олмонӣ дар бораи рабудани 200 мошини навъи BMW аз Олмон сӯҳбат мекард, гуфтааст, ки аз матолиби дар ҳафтаномаи олмонии «Bild» дар ин бора нашр шуда изҳори нигаронӣ мекунад. Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфтааст, шахсоне, ки айни замон соҳиби машинҳои дуздидашудаанд, ҳамчун «харидори бовиҷдон», ягон иртибот ба сохтакорӣ ва дуздии мошинҳо надоранд.

Дар хабаре, ки аз хулосаи мулоқоти Рамазон Раҳимзода дар сомонаи ин вазорат нашр шуд, омадааст, ки аз соли 2011 то имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон 123 далели автомашинаҳои дуздидашуда ба қайд гирифта шудааст, ки 78-тои он аз ҳудуди Олмон мебошад. Аммо минбаъд ба қайд гирифтани чунин мошинҳо дар Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Хабари кашфи 123 мошини дуздӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин вазорат моҳи январи соли ҷорӣ аз кашфи 127 мошини дуздӣ хабар дода, гуфта буд, ки 57-тои онҳо аз ҳудуди Олмон рабуда шудаанд.

Дар ин вохӯрии Рамазон Раҳимзода, хабарнигори хабаргузории "Азия плюс" ҳам иштирок доштааст. Ин видео аз ҷараёни ин мулоқот аз саҳифаи ин хабаргузорӣ дар YouTube гирифта шудааст.

Вазири корҳои дохила дар сӯҳбат бо хабарнигорони олмонӣ гуфтааст, додгоҳҳои Тоҷикистон, «шаҳрвандони ҷумҳуриро, ки айни замон соҳиби воситаҳои нақлиёти мазкур буда, онҳоро аз дасти сеюму чорум соҳиб шудаанд, ҳамчун харидори бовиҷдон эътироф кардааст.»

Суоли дигари хабарнигорони олмонӣ дар бораи аз тарафи киҳо овардани мошинҳои рабудашуда, вазири корҳои дохилӣ посух додаст, ки воситаҳои нақлиёт асосан аз ҷониби шахсони алоҳида, ворид карда мешаванд. Аммо тааллуқ доштани кадоме аз ин 78 мошин ба наздикони роҳбари аввали Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро рад кардааст.

Сухан дар бораи мошинҳое меравад, ки бино бар гузориши маҷаллаи олмонии «Билд» аз 19-уми декабри соли 2013, ҳудуди 200 мошини гаронарзиши навъи BMW аз Олмон рабуда шудаву гӯё дар Тоҷикистон пайдо шудаанд. Дар ин гузориш гуфта мешуд, ки чанде аз ин мошинҳо дар дасти афроди наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор доранд. Хабаре ки мақомоти тоҷик онро рад мекунад.

Рамазон Раҳимзода ҳамчунин гуфтааст, ҳамаи машинҳое, ки ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз давлатҳои Олмон ва назди Балтика тавассути роҳи оҳан ё бо гашти худ оварда мешаванд ва бо тай кардани беш аз 6-7 ҳазор километр, аз ҳудуди кишварҳои Созишномаи Шенген ва давлатҳои аъзои ИДМ мегузаранд.

Аммо дар бораи соҳибони мошинҳои рабудашуда, гуфта шудааст, ки мувофиқи санадҳои байналмиллалӣ онҳо «шахсони севум» дар чунин ҷиноят дониста мешавад, ки ниҳоде ҳаққи ба онҳо зарар расонданро надорад.

«Мувофиқи банди 8-и моддаи 12-и Конвенсияи СММ аз соли 2000-ум «Муқобили ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ» таъкид гардидааст, ки ҳолати моддаи мазкур ба маънои зарар расонидан ба ҳуқуқҳои харидори тарафи сеюмро надорад», омадааст дар ин хабар.

Қазияи дар қаламрави Тоҷикистон пайдо шудани 200 мошини аз Олмон дуздишуда аз нимаи дувумии моҳи декабр ба ин сӯ ба як мавзӯъи аслии вирди забонҳо табдил ёфтааст. Дар пайи нашри матлабҳо дар ин бора дар матбуоти Олмон гумруки Узбакистон низ дар бораи кашфи дастикам 20 мошини дуздӣ, ки аз кишварҳои соҳили Балтик ба Тоҷикистон бурда мешуд, хабар дод.

Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҷамъи мошинҳои дуздишуда дар махзани Интерпол 7,6 миллион буда, танҳо дар 3 соли охир дар Олмон беш аз 50 000 мошинро рабудаанд. Аз ин шумори бузург дар қаламрави Тоҷикистон танҳо 127 мошин кашф шудаанд, ки ба гуфтаи мақомот, рақами хеле ночиз аст ва набояд Тоҷикистон ҳамчун паноҳгоҳи мошинҳои дуздӣ муаррифӣ шавад.
XS
SM
MD
LG