Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Тоҷикистон навиштаҳои Bildt-ро "ғаразнок" номид


Имомуддин Сатторов дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ хабари кашфи 200 мошини рабудашудаи олмониро дар Тоҷикистон "фарзияи бедалел" меҳисобад.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомиддин Сатторов, хабари расонаҳои ғарбиро рад кард, ки навиштанд, наздик ба 200 мошини дар Олмон рабудашуда дар Тоҷикистон, дар дасти аҳли хонавода ва дӯстони президент Эмомалӣ Раҳмонанд.

Дипломати баландпоя дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди ин ки хабарнигорони нашрияи олмонӣ ба сафорат барои гирифтани назари онҳо муроҷиат карданд ва посухро ба таври хаттӣ дарёфт карданд, аз нашри мавқеи Тоҷикистонро дар матлаб худдорӣ карданд.

Ҷаноби Сатторов мегӯяд, агар ин мошинҳо бо истифода аз системаи GPS ошкор шудаанд, чаро ҳангоми интиқоли онҳо аз марзи чандин кишвар ва пеш аз расиданашон ба Тоҷикистон маълум нагаштаанд. “Дар он сурат, -- мегӯяд сафир, -- мақомоти Тоҷикистон метавонист аз сабти расмии ин мошинҳо пешгирӣ кунад.”

Нашрияи “Bild” хабар додааст, ки бо истифода аз шабакаи GPS, ба камияш 93 мошини тамғаи “BMW” дар Тоҷикистон рӯ задаанд ва аммо мақомоти Душанбе аз ҳамкорӣ бо мақомоти Олмон дар таҳқиқи ин қазия ва бозгардони мошинҳо худдорӣ кардаанд.

Вале сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомиддин Сатторов мегӯяд: ”Фарзияҳое, ки дар ин мақола омадааст, ба ҳақиқат наздик нест. Дар ин мавзӯъ мо суҳбатҳо бо ҷониби Олмон доштем ва мо ҳамеша омодагии худро ба ҷониби Олмон барои
кӯмак кардан дар ин масъала изҳор карда будем ва мекунем. Пешниҳод карда будем, ки вақте ки мошинҳо аз Олмон рабуда ва вориди Тоҷикистон мешаванд, пеш аз он ки мо сабти онҳоро пешгирӣ кунем, ба мо, албатта, маълумотҳо дар бораи мошинҳои рабудашуда дар Олмон зарур аст. Агар чунин маълумот бошад, мо ин мошинҳоро сабт намекунем. Аммо мо аз ҷониби Олмон чунин маълумотҳоро нагирифтаем ва надорем.”

Хабаргузории Франс-Пресс менависад, кашфи мошинҳои рабудашудаи олмонӣ дар Тоҷикистон сабаби соишҳои дипломатие байни ду кишвар гашта, дар ин замина вазири пешини умури хориҷӣ Гвидо Вестервелле сафири Тоҷикистонро ба вазорат даъват кардааст.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Олмон ин хабарро тасдиқ накард, вале ӯ ба хабаргузории Франс-Пресс гуфтааст, “дар масъалаи муборизаи муштарак бо ҷинояткории созмонёфта бо тарафи Тоҷикистон гуфтушунид анҷом ёфтааст.”

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомиддин Сатторов чунин гуфтугӯ “чанд моҳ пеш” ба вуқӯъ пайваста, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду ҷониб дар ин самт ҳамокрӣ мекунанд ва ин ҳарфи наве набуда, дар равобити Олмон бо кишварҳои дигар низ рӯ задааст. Сафир ҳоло расонаӣ шудани ин маводро “иғво” меномад.

Илова ба ин, Сатторов гуфт, ки ҳатто дар сурати муайян шудани ғайриқонунӣ будани ин мошинҳо, соҳибонашон дар Тоҷикистон наметавонанд бидуни санад ва мадраки зарурӣ аз онҳо истифода кунанд. "Мо ҷонибдори инем, ки ҳама гуна иттиҳом тавассути додгоҳ ва қонун ҳал шавад", таъкид кард дипломати тоҷик.


Сухангӯи шӯъбаи адлии ҳукумати шаҳри Берлин, Лиза Йанӣ мегӯяд, вақте ки мақомоти Тоҷикистон ба дархости таҳқиқи муштараки қазия посух надоданд, вазири адлияи Берлин Томас Ҳейлман ба вазири вақти умури хориҷии Олмон Вестервелле нома навишт. Лиза Йанӣ мегӯяд Ҳейлман ба вазир навиштааст, ки “аксари мошинҳо дар дасти афроде ҳастанд, ки бо хонаводаи президенти Тоҷикистон равобити ҳамкорӣ ё хешовандӣ доранд.

Ҳанӯз моҳи июли соли равон муовини сардори Раёсати мубориза бо қочоқ ва хилофкориҳои гумрукии Хадамоти гумруки Тоҷикистон Қурбон Абдуназаров дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар кишвар наздик ба даҳ мошине кашф шудааст, ки аз Олмон рабуда шудаанд. Вай афзуд, ин мошинҳо ғарйиқонунӣ аз марзи Тоҷикистон интиқол ёфтаанд. Вай изҳори умедворӣ карда буд, ки бо истифода аз кӯмаки полиси байнулмилал Интерпол мошинҳо ба соҳибонашон баргардонида мешаванд. Ду моҳ пеш аз ин нишасти хабарӣ, ҳайате аз кормандони полиси Олмон ба ҳамтоёни тоҷики худ роҳҳои кашфи мошинҳои дуздиро омӯзонда буданд.

Моҳи гузашта 15 афсари Хадамоти гумруки Тоҷикистон давраи омӯзишеро зери унвони «Василаҳо ва роҳҳои тафтиши мошинҳои рабудашуда» ва бо пуштибонии Барномаи мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) анҷом доданд. Маҳбуба Абдулллоева, корманди дафтари матбуоти намояндагии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 29-уми ноябр гуфт, ки ин давраи омӯзиширо коршиносони Иттиҳоди Аврупо анҷом доданд ва дар рафти он афсарони тоҷик роҳҳои санҷиши шохис ё VIN-коди автомобилҳоро ёд гирифтанд.
XS
SM
MD
LG