Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатъ шудани фаъолияти ширкати «Ҳафтбурҷ» даҳҳо муштариёнашро ба нишони эътироз ба дафтари асосии ин ширкат дар Душанбе кашонид.

Фаъолияти ширкати «Ҳафтбурҷ», ки аз рӯи усули маъруф ба маркетинги шабакавӣ (сетевой маркетинг) фаъолият мекунад, аз сӯи Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе 6-уми январ мамнӯъ эълон шуд. Дар ҳамин ҳол, даҳҳо нафар муштариёни ин ширкат дар дафтари он дар Душанбе аз ояндаи норӯшани пулҳояшон нигаронӣ карда, хостори ба зудӣ бозпас гардонидани пулҳояшон шуданд.

Ибодат Ҳакимова, як сокини шаҳр Душанбе мегӯяд, ба миқдори 9 ҳазору 300 доллари амрикоӣ ба ҳисоби ин ширкат ворез кардааст, вале шаш моҳ мешавад пулҳояшро бозпас гирифта наметавонад: «Мо ин пулро ба ширкат додем, ба ваъдаи он ки фоида мегирем. Ду маротиба 750 доллари доданду бо ҳамин тамом. Шаш моҳ мешавад ин тарафу он тараф медавем, аммо касе ба ҷуз ваъда ба мо чизе намедиҳад».

​Хонум Ҳакимова мегӯяд, бисёре аз муштариёни ширкат аз норӯшан шудани ояндаи пулҳояшон сахт дар изтиробанд ва ӯ низ дар андешае аст, ки худро дар назди дафтари ин ширкат ба нишони эътироз оташ занад. Айни чунин шикоятҳоро даҳҳо нафар аз муштариёни ин ширкат дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» баён доштанд.

Зуҳро Солиева, як муштарии дигари ширкат мегӯяд, вай аз хӯроки фарзандонаш ва дигар хароҷоти муҳими оилааш сарфа карда, 1300 доллари амрикоро ба ҳисоби «Ҳафтбурҷ» ба хотири гирифтани фоида ворез кардааст: «Ман ҳамин пулро бо меҳнати ҳалол дарёфт карда будам. Ҳарчанд дар қиёс бо дигар муштариён пули супоридаи ман кам аст, аммо ин пул барои ман маблағи калон аст. Ман бисёр мехоҳам пулам баргардонида шавад».

Ҳарчанд шумори муштариёни эътирозгари ин ширкат дар дафтараш зиёд буданд, аммо касе ҳозир набуд, ки ба ҷамъомадагон асли қазияро шаҳр диҳаду бигӯяд, ки оё пулҳои онҳо бозпас гардонида хоҳад шуд ва ё на. Ба гуфтаи муштариён, роҳбари ширкат Сайидҳомид Маҳмудов аст, ки ба гуфтаи бархе, вай ҳоло дар Эрон дилашро табобат мекунад ва ба гуфтаи гурӯҳи дигар, вай дар ҷазираҳои баҳри Кариб истироҳат дорад.

Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе фаъолияти ширкати «Ҳафтбурҷ»-ро дар асосии шикояти Додситонии кулли Тоҷикистон, ки дар пайи як санҷиши ширкат муайян карда буд, ки бо доллари амрикоӣ доду ситад мекунад, мутаваққиф кард. Аммо як нафар аз масъулони ширкати «Ҳафтбурҷ» дар як сӯҳбат бидуни бурдани номаш гуфт, онҳо то ба ҳол нусхаи ҳукми Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанберо дар даст нагирифтаанд ва баробари ошно шудан бо он, аз болои ин ҳукм ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят хоҳанд бурд. Дар ҳамин ҳол, дар Додгоҳи иқтисодии Душанбе бо таъйиди он, ки воқеан бо ҳукми ин додгоҳ фаъолияти ин ширкат боздошт шудааст, аз додани тафсилоти бештар дар ин маврид худдорӣ карданд.

Ин барои бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон ширкатҳои гуногун зери ҳар гуна ном «аҳроми молиявӣ» дуруст карда билохира мардуми зиёдеро аз пулҳошон маҳрум мекунанд. Яке аз чунин ширкатҳои пурсарусадо ки бо номи «муҳрабизнес» маъруф буд, ба Ҷамшед Сиёев дахл дошт, ки билохира ба 25 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо чаро чунин мисолҳои барҷаста боз ҳам барои бархеҳо дарси ибрат намешаванд?

Маҳмуд Кабирӣ

Маҳмуд Кабирӣ

Маҳмуд Кабирӣ, равоншиносӣ тоҷик мегӯяд: «Даромади тезу муфт ба даст овардан ҳеҷ гоҳ майнаи инсонҳоро тарк намекунад. Аз ин рӯ бархе шахсони кордон, ки аз мушкилоти иҷтимоӣ ва психологияи мардум бохабаранд, аз ин заъф ба нафъи худ истифода мекунанд. Онҳо сараввал якчанд нафар муштариёни аввалашонро хуб қадрдонӣ мекунанд ва ин муштариён бо гирифтани фоида дигаронро бо мисол овардани муваффақияти хеш ба ширкат ҷалб мекунанд».

Дар ҳамин ҳол «Ҳафтбурҷ» миёни муштариёнаш як варқаро паҳн мекунад, ки дар он навишта шудааст, ки ширкат бо нафароне, ки аз бонк қарздоранд то 31-уми авнусти соли равон ҳисобӣ мекунад ва бо дигарон то охириғ сол. Аммо ширкат навиштааст, ки танҳо 50 фисади пули муштариёнашро нақд ва боқимондаашро бо маҳсулот ҳисобӣ мекунад. Муштариён мегӯянд, маҳсулоти ширкат прокладкаю подгузник аст, ки онҳо қудрати фурӯхта пул кардани онро надоранд.

Қаблан зиёда аз 1000 муштарии «Ҳафтбурҷ» дар як номаи боз ба раисҷумҳури Тоҷикистон, раиси Маҷлиси Миллӣ, раиси Маҷлиси намояндагони ва Додситони кулл хоста буданд, ки ба ин қазия расидагӣ шавад. Онҳо мегӯянд, бино бар амри додситонӣ наметавонанд, пули худро аз ширкат бозпас гиранд.

Фаъолияти ширкати “Ҳафтбурҷ”ба тариқи тиҷорати шабакавӣ ба роҳ монда шуда, шаҳрвандон баъди ба имзо расондани шартнома ва пардохти маблағҳое дар ҳаҷми 130, 260, 500, 2000 ё 9000 доллар вориди ширкат мешаванд. Онҳо шаҳрвандони дигарро низ ба ин ширкат ҷалб месозанд ва аз маблағи воридшуда даромади муайяне ба даст меоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG