Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯзи сирки тоҷик аз дурбини Озодӣ (ВИДЕО)


Пас аз як давраи тӯлонии буҳронӣ Сирки давлатии Тоҷикистон зоҳиран кам-кам ба худ меояд. Намоишҳои сирк, ба ҳар сурат, ҳоло тамошобинони зиёдеро ҷамъ мекунанд.

Моҳрухсор, як сокини пойтахт, ки рӯзи 6 январ бо ду писараш ба тамошои сирк омада буд, мегӯяд, дар як моҳи охир бори дуюм аст, ки онҳо ба тамошои саҳнаҳои пурҷозиба меоянд. Ба гуфтаи вай, кӯдаконашро бештар бозиҳои рангоранги сиркбозон бо аспҳо, ду хирс, ду маймун ва як тӯтӣ ба худ ҷалб кардаанд: «Ҳайвонҳои нав овардагӣ ҳаст. Ба писарчаҳоям писанд шуд. Онҳо хостанд, ки бори дигар инҷо биёрамашон. Ростӣ, худам ҳам тамошо мекунам. Нисбат ба чанд соли пеш хубтар аст.»

Ҳилолбӣ Ҳалимова, сокини дигари пойтахт низ, ки барои харидани чиптаи сирк навбат мепоид, гуфт: «Кӯдаконамро ҳар сол ба сирк меорам ва имсол мебинам, ки теъдоди ҳаводорони сирк дар Тоҷикистон торафт зиёд мешавад.»

Имрӯзи сирки тоҷик
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00
Линки мустақим

Ин дар ҳолест, ки дар се соли охир баъд аз як моҷаро 25 корманди собиқадор, ки 20 нафараш устоди варзиш дар акробатика, номзади устоди варзиш дар гимнастика, эквилибристика, гимнастикаи осмонӣ, жанрҳои иллюзионӣ ва лирикӣ будаанд, сирки тоҷикро тарк карданд. Аксари онҳо ҳоло дар хориҷ аз кишвар фаъолият доранд ва сирки тоҷик, ба гуфтаи маҷбуронаш, маҷбур шуд, бо такя ба онҳое, ки монданд, кори худро тақрибан аз сифр сар кунад.

Ҷамолиддин Садриддинов
Ҷамолиддин Садриддинов
Ҷамолиддин Садриддинов, масхарабози Сирки давлатии Тоҷикистон, ки 44 соли умри худро дар саҳнаи сирк пушти сар кардаст, мегӯяд, ҳоло сирки тоҷик дубора эҳё шудаву пайваста дӯстдорони сиркро бо барномаҳои ҷолиби худ хушҳол мегардонад. Садриддинов, ки ҳунари масхарабозиро дар замони Шӯравӣ дар Маскав омӯхтааст, мегӯяд, ҳунармандони тоҷик омодаанд, бо барномаҳои ҷолиби худ, сирки тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ ҳам муаррифӣ кунанд.

Ҳамсӯҳбати мо меафзояд: «Имсол барномаҳои нав бештар дорем, зеро теъдоди ҷонварони сиркбоз низ афзоиш ёфт. Бояд гӯям, ки дар саҳнаи сирк пеш аз ҳама будани ҷонварон нақш мебозанд, ки тамошобинро дубора ба инҷо биёрад. Мо барои омода кардани ҳунармандони саҳнаи сирк дар назди Сирки давлатӣ студия дорем. Ҳамчунин мо имкон ва шароити ром кардани ҷонваронро ҳам дорем.»

Имрӯзи Сирки тоҷик
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00
Линки мустақим

Масъулони Сирки давлатии Тоҷикистон мегӯянд, аксари ҷонварони навро аз хориҷ овардаанд ва дар ҳоли ҳозир Сирки тоҷик ҳаддалимкон бо ҳайвонҳои нодир таъмин мебошад.

Ҷамолиддин Муҷиддинов, раҳбари Сирки давлатии Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷонварони сиркбоз ҳамагӣ ромшудаанд ва муваффақияти ин муассисаи фарҳангӣ низ маҳз ба афзоиши чунин ҷонварон вобаста аст. Феълан дар сирки тоҷик тавассути аз 50 сар бештар ҷонварони нодир барномаҳои гуногунро пешкаши бинандаҳо мекунанд.

Ҷамолиддин Муҷиддинов
Ҷамолиддин Муҷиддинов
Раиси Сирки давлатӣ ҳамчунин гуфт, феълан дар саҳнаи сирки тоҷик 32 нафар ҳунарнамоӣ мекунанд, ки аз 5 то 60 сол доранд: «Бачаҳое, ки ҳоло кор мекунанд, бевосита ҳавасманди ин кор ҳастанд. Ҳамаи кормандони сирк маоши хуб мегиранд, вале ба маоше ки кормандони сирк дар хориҷ мегиранд, баробар нест, албатта. Аксари ҳунармандони мо хатмкардаҳои студияи назди Сирки давлатии Тоҷикистон ҳастанд. Ҳамчунин миёни онҳо ҳастанд нафароне, ки мактаби сиркбозии Юрий Никулинро дар Маскав гузаштаанд.»

Сирки давлатии Тоҷикистон барномаҳои соли навии худро аз 30 декабр шурӯъ карда, то 31 январ идома хоҳад дод. Арзиши ҳар чиптааш вобаста ба ҷойи нишаст барои тамошобинон аз 15 то 35 сомонӣ муқаррар шудааст.

Таърихи сирки тоҷик аз соли 1969 оғоз гирифта, бинои кунуниаш дар маҳаллаи Гулистони Душанбе соли 1977 сохта шуд. Авҷи шӯҳрати ин сирк ба солҳои поёнии даврони Шӯравӣ рост меояд, вале дар авоили солҳои 90 аксари ҳунармандони сирк тарки Тоҷикистон карданд ва барои беш аз як даҳсола сирки тоҷик фалаҷ шуда буд. Моҷарои се сол пеш ин буҳронро амиқтар кард, аммо акнун батадриҷ ба худ омадани сирки тоҷик нишон медиҳад, ки ҳар вартаи буҳронӣ ҳатман роҳи раҳоӣ дорад.
XS
SM
MD
LG