Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирки кӯтоҳқадони Маскав дар Душанбе


Сар аз 20 -уми июн то 14 июл сирки кӯтоҳқадони Маскав бо сафари ҳунарӣ дар Тоҷикистон қарор хоҳад дошт. Лола Ҳамидзода, коргузори Сирки давлатии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, барномаи ҳунарии ин сирк ҳамарӯза дар Сирки давлатии кишвар, дар рӯзҳои корӣ ва истроҳат намоиш дода мешавад ва ин намоишнома 2 соат идома карда, 11 саҳнаҳои ҳунариро дар бар мегирад.

Ба гуфтаи хонум Ҳамидзода, дар саҳнаҳои ҳунарӣ 29 нафар ҳунармандон, 75 нафар ҷонварони ромшудаи асосан хонагӣ ва дар саҳнаҳои ҷудогона хирсҳои ҳимолойиву чанде аз навъҳои паррандагон низ ҳунарнамоӣ мекунанд. Вай афзуд, дар 30 соли ахир ин аввалин сафари гурӯҳи ҳунармандони кӯтоҳқади шаҳри Маскав ба Сирки Душанбе мебошад.

Ба гуфтаи Лола Ҳамидзода, бо назардошти ҷойи нишаст арзиши билетҳо барои сирки ҳунармандони кӯтоҳқад, аз 20 то 50 сомониро ташкил медиҳад. Ӯ мегӯяд, бо назардошти он, ки теъдоди ҳаводорони сирк дар Тоҷикистон торафт зиёд мешавад, интизор меравад, ки чиптаҳо ба зудӣ харидорӣ шаванд.
XS
SM
MD
LG