Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нирӯҳои сарҳадӣ: Ягон марзбони тоҷик гурусна нест


Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, Акс аз бойгонӣ

Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, Акс аз бойгонӣ

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон бо нашри як раддияи тунд иддаоҳо дар бораи гӯё гуруснагӣ кашидан ва ба ин далел даст ба дуздӣ задани сарбозони марзбонро рад карданд.

Мақомоти сарраёсати қувваҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо як раддияи тунд, ки дар сомонаи хабаргузории давлатии “Ховар” таҳти унвони “Васвасаи шайтон” ва аз номи корманди СҚС КДАМ ҶТ М.М. Розиқов” нашр шудааст, иддаоҳо дар бораи гӯё гуруснагӣ кашидан ва ба ин далел даст ба дуздии амволи сокинони деҳоти атрофи задани марзбонони тоҷик дар яке аз дидбонгоҳҳои воқеъ дар марзи Истаравшан бо Узбакистонро даъвое дурӯғу беасос ва ғаразнок номиданд.

Дар ин раддия ба мақолаи қаблан дар сомонаи Сентразия. Ру нашр кардани нафаре бо номи Атоҷон Гадоев аз ҷумла гуфта мешавад, ки “ҳангоми санҷиши ДС Ваҳдат, Хавотоғ ва Боботағо-и ОС Истаравшан маълум гардид, ки афсарону сарбозон бо номҳои дар мақолаи танқидии Атоҷон Гадоев “Гурусна мондани сарбозони қӯшунҳои Тоҷикистон идома меёбад“ қайд гардида вуҷуд надоранд.Дидбонгоҳи сарҳадӣ бо маҳсулотҳои хӯрокӣ таъмин мебошанд ва сарбозон аз маводи хӯрокӣ шикоят надоранд.”

Рӯзи 13 январ дар сомонаи Сентразия.Ру матлабе бо номи “Таджикская армия продолжает голодать(Гурусна мондани сарбозони қӯшунҳои Тоҷикистон идома меёбад“) нашр шуд. Муаллифи ин мақола иддао мекард, ки “сарбозони гуруснаи ратиши Тоҷикистон нафақат омодаанд барои ҳамагӣ чанд пораи нон вазнинтарин кор дар манзилҳои аҳолӣ ваё дар майдонҳои хоҷагиҳои деҳқониро иҷро кунанд, балки ҳатто даст ба дуздии хӯрока аз хонаҳои сокинони маҳаллӣ бизананд.”

Атоҷон Гадоев, ки ғолибан номи мустаор аст, аз ҷумла аз Ваҳобиддин Исматуллоев ном сарбози заставаи марзбонии “Ҳавотоғ” ном гирифтааст, ки гӯё ҳангоми дуздии хӯрока аз амбори сокини рустои Тошати ноҳияи Истаравшан Нусратулло Умарқулов дастгир шудааст ва дар шарҳи ин амалаш гуфтааст, ки “2 рӯз боз чизе нахӯрдааст ва кӯҳнасарбозон ӯро маҷбур ба дуздӣ кардаанд. Соҳиби хона ва ҳамсояҳо баъди шунидани ин раҳмашон омада, ибтидо сарбозро хӯрок додаанд.”

Дар ин мақола ҳамчунин фармондеҳи заставаи “Боботоғ” капитан Каромат Зуҳуриддинов интиқод мешуд, ки гӯё бо сӯиистифода аз мақом ва ба хотири тамаъ, ҳар рӯз 3 сарбози зердасташро барои чидани ангур ба хоҷагии деҳқонии Қудрат Фармонов ва ҳамирн тавр, барои даравидани алаф ба хоҷагиҳои дигар мефиристад ва аз раҳбарони он хоҷагиҳо дар ивази “мардикорӣ”-и сарбозонаш пул мегирад.

Аммо дар раддияи нашршуда дар сомонаи “Ховар” гуфта мешавад, ки “ҷараёни санҷиши далелҳои мақола аз он гувоҳӣ медиҳад, ки номҳои Ваҳобиддин Исматуллоев - сарбози қаторӣ аз дидбонгоҳи сарҳадии Ҳавотоғи ОС Истаравшан, Нусратулло Умарқулов -истиқоматкунандаи маҳаллаи Тошати ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд, Каромат Зуҳриддинов - сардори ДС Боботоғи ОС Истаравшан, Қудрат Фармонов - сардори хоҷагии фермерӣ ва Атоҷон Гадоев нависандаи мақолаи танқидии “Гурусна мондани сарбозони қӯшунҳои Тоҷикистон идома меёбад”, номҳои бофтаи душманони кинаҷӯй” мебошад. Дар ин раддия сӯҳбате чанде аз сокинони Истаравшан ва афсарони аскарон воҳидҳои марзбонии интиқодшуда оварда шудааст, ки мегӯянд, афродеро бо чунин номҳо аслан намедонанд. Бино ба ин манбаъ, номҳое чунин дар рӯйхати аҳолии ҷамоатҳои ин минтақа низ вуҷуд надорад.

Муаллиф дар хулосаи матлабаш менависад, “аз ин мебарояд, ки мақола бо мақсадҳои ғаразнок омода гардида, муаллифи он мехоҳад бо чунин роҳу восита дили ҷавонони тоҷикро аз хизмат ба модар- Ватан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сард созад.”

Дар гузашта низ дар Интернет гузоришҳои интиқодӣ дар бораи вазъи таъмини сарбозони нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, аз ҷумла қувваҳои сарҳадиаш нашр шуда буд.

Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон тайи як соли охир аз ҷумла дар пасманзари қазияи Шаҳбол Мирзоев, як сокини 22-солаи Ашт, ки ҳангоми адои хидмат дар яке аз қисмҳои раёсати марзбонӣ маъюб шуд, ба далели вуҷуди зӯргароӣ дар байни сарбозони наву кӯҳнааш ва ҳам ба далели бар ӯҳда нагирифтани харҷи табобати Шаҳбол мавриди интиқодҳои пайваста қарор дошт.

Ахиран эълон шуд, ки барои Шаҳбол Мирзоев, ки як сол боз аз пои равон мондааст ва рӯи бистар хоб аст, ҳамагӣ 130 сомонӣ нафақа таъин кардаанд. Ин боз як мавҷи дигари интиқодҳо аз Сарраёсати нирӯҳои марзбониро ба дунбол овард.

Ҳамин тавр, моҳи декабр 4 марзбони тоҷик дар марз бо Афғонистон аз сӯи силоҳбадастони афғон рабуда шуданд ва то ҳол дар асорат нигоҳ дошта мешаванд. Гуфта мешуд, ки ҷангиён онҳоро гӯё ҳангоми ҳезумчинӣ дар лаби рӯди Омӯ асир гирифтаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG