Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду сокини ноҳияи Фархор ҳини убури ғайриқонунии марз ва бозгашт аз Афғонистон, ҳадафи тири марзбонони тоҷик қарор гирифта ва ба ҳалокат расидаанд.

Шоми 25 ва 26 январ ду сокини ноҳияи Фархор замони убури ғайриқонунии марз ва бозгашт аз Афғонистон, ҳадафи тири марзбонони тоҷик қарор гирифта ва ба ҳалокат расидаанд.

Бар асари тирпаронии марзбонони тоҷик дар ноҳияи Фархор, ду сокини ин ноҳия, ки марзи давлатиро ғайриқонунӣ убур карда буданд, ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти интизоми мегӯянд, ҳодиса шоми 25 ва 26 январ дар мавзеи дидбонгоҳҳои сарҳадии 4-уми қисми низомии 21-33 Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯх додааст.

Анваршоҳ Раҳимов, муовини сардори қисми низомии 21-33-и Раёсати марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 26 январ дар нишати хабаврӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, дар соли 2015 ин аввалин ҳодисаи сирҳадшиканӣ аз сӯи сокинон ба қайд гирифта шуд. Ӯ мегӯяд, сокинон ҳангоми бозгашт аз Афғонистон ба фармони марзбонон итоат накарда, афғонҳои ҳамроҳ будаашон муқовимат нишон додаанд. Ҳангоми задухӯрд ду сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расидаанд.

Анваршоҳ Раҳимов

Анваршоҳ Раҳимов

Вай афзуд: «Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус оиди пешгирии қочоқи маводи мухаддир дар хатти сарҳади давлатӣ ду нафар истиқоматкунандагони ноҳияи Фархор, ки мехостанд сарҳади давлатиро убур кунанд, аз сӯи сарҳадбонони тоҷик зада безарар карда шуданд. Задухӯрд дар ҳоле ба амал омад, ки шаҳрвандони Афғонистон онҳоро ҳамроҳӣ мекарданд. Баъди безараргардонӣ аз онҳо 1100 доллар ва ду телефони мобилӣ дарёфт карда шуд.»

Ин аввалин даргирӣ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон дар соли 2015 нест. Ҳафтае пеш дар минтақаи дидбонгоҳи №2 ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод ба тарафи сарбози марзбон Фаридун Олимов аз марзи Афғонистон тир андохта буданд. Ӯро дар ҳолати вазнин тавассути чархбол ба бемористони марказии шаҳри Кӯлоб оварданд. Ин маҷрӯҳи марзбон таҳти муроқибати табибони бемористон қарор гирифт, вале чархболе, ки ӯро оварда буд, зуд пас гашт, аммо маълум нашуд, ки дар ин задухӯр ки ширкат дошт.

Раъно Раҳимзода

Раъно Раҳимзода

Раъно Раҳимзода, раиси ноҳияи Фархор рӯзи 26 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳодиса шоми 25 январ замоне рӯх додааст, ки ду сокини ин ноҳия аз Афғонистон ба тарафи Тоҷикистон марзро убур мекарданд. Ба гуфтаи Мирзоева, сокинони ҷамоати деҳоти Дарқад Маҳмадшариф Зубайдуллоев, соли таваллудаш 1992 ва Хуршед Амиров, мутаваллиди соли 1989 дар ҷои ҳодиса кушта шудаанд. Мақомоти тахмин мекунанд, ки онҳо ба қасди интиқоли маводи мухаддир ба он сӯи марз рафта буданд.

«Вақте сарҳадшиканӣ аз сӯи шаҳрвандон мо мушоҳида мешавад, маълум аст, ки қасди гузаронидани маводи мухадирро доранд. Ҳоло нисбати ин ҳодиса мақомотҳои дахлдор парванда боз карда, нисбати ҳодиса тафтишот рафта истодааст,» - гуфт Раъно Раҳимзода.

Хатти марзи ноҳияҳои Ҳамадониву Фархор 96, 5 километр ташкил дода, дар давоми соли 2014 ҳангоми убури ғайриқонунии марз дар ин минтақа 11 сарҳадшикан ба ҳалокат расидааанд. 3 тан аз онҳо сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла аз ноҳияҳои Фархору Ҳамадонӣ будаанд. Дар баробари сарҳадшиканӣ аз сӯи сокинон ба марзбонони тоҷик муяйсар гаштааст, ки ба миқдори 161 килограму 162 грам маводи мухадирро аз хатти сарҳад мусодира кунанд.

Ноҳияи Фархору Ҳамадонии вилояти Хатлон бо вулусволиҳои Хоҷа Баҳоуддин ва Янгиқалъа вилояти Тахори Афғонистон марзи муштарак дорад ва дар гузашта низ мавориди қочоқи мадоди мухаддир дар ин минтақа аз он сӯи марз ва даргирӣ миёни марзбонон ва қочоқбарон сурат гирифта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG