Мақомоти тафтишотии Русия мегӯянд, ду гумонбар дар қатли сардори бахши нозирои минтақавии пулис дар ноҳияи Переделкинои вилояти Маскав дар Тоҷикистон дастгир шудаанд.
Бино ба гузориши сомонаҳои русӣ, аз ҷумла РЕН ТВ, муфаттишони вазорати корҳои дохилӣ, ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия ва МУР – Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии Маскав рӯзи 28 январ аз ошкор шудани ҷинояти қатли капитан Олег Толмачёв хабар додаанд.
Ба гуфтаи онҳо, ин ҷинояти пурсарусадоро, ки 4 июни соли 2014 дар пеши чашми ҳамсараш бо 14 тир кушта шуд, аъзои "бандаи ГТА" анҷом додаанд. Тафтишот мегӯяд, дар қатли капитан Толмачёв як зодаи Тоҷикистон бо номи Қодиров, ки дар вилояти Тулаи Русия сабти ном шудааст, айбдор мешавад. Ду нафари дигар, ки низ ба даст доштан дар ин куштор айбдор дониста шудаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон бо номҳои Каримов ва Ғуломов будаанд. РЕН ТВ мегӯяд, ки ин ду нафар ҳам дастгир шудаанд, вале дар зодгоҳашон – Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, гумонбари чорум - Рустам Усмонов, ки раҳбари "бандаи ГТА" ном бурда мешавад, рӯзи 6 ноябр ҳангоми амалиёти боздошташ кушта шуд.
Тоҷикистон шаҳрвандони худро ба кишварҳои дигар истирдод намекунад ва худаш муҳокима мекунад. Дар гузашта чунин мавридҳои дар худи Тоҷикистон муҳокима ва маҳкум шудани шаҳрвандони ин кишвар бо ҷурми ҷиноятҳое, ки дар Русия содир кардаанд, мушоҳида шудааст. Аз ҷумла дар қазияи пурсарусадои қатли хабарнигори НТВ Илёс Шӯрпоев, ки қотилонаш дар Тоҷикистон дастгир ва маҳкум ба зиндон шуданд ва қазияи Далер Ватанов, ки баъди қатли мармузи ҳамсараш ба Тоҷикистон фирор кард, вале баъди нашри барномаи муфассал дар ин бора дар шабакаи якуми телевизиони Русия дар Тоҷикистон дастгир шуд.
Аммо парвандаи “бандаи ГТА” яке аз пурсарусадотарин парвандаҳои моҳҳои охир дар Русия ба шумор меравад. Аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ, ки дар шоҳроҳи шоҳроҳи М4 “Дон” амал мекарданд, дар маҷмӯъ дар беш аз 10 куштори бераҳмонаи мусофирону ронандагон дар ин шоҳроҳ ва тарофи он айбдор мешаванд. Аксари онҳо зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва асосан аз Узбакистону Тоҷикистон будаанд.
Номи ГТА дар исми ин “банда” аз номи бозии компутарии маъруф Grand Theft Auto (GTA) аст ва матбуоти Русия ин номро ба ин гурӯҳи ҷиноӣ додааст. Ин бозӣ дар бораи зиндагӣ дар як шаҳрест, ки аз сӯи гурӯҳҳои ҷиноӣ тасарруф шудааст.
Амалиёти боздошти аъзои “бандаи ГТА” 6 ноябр бо ҳамлаи нирӯҳои вижаи амниятӣ ба бӯстонсарое дар вилояти Маскав оғоз ёфт. Дар он амалиёт Рустам Усмонови 33-сола, шаҳрванди узбактабори Қирғизистон, кушта шуд. Маълум шуд, ки Алексей Староверов, мудири раёсати коргузорӣ (управление делами)-и додситонии кулли Русия тааллуқ дошта, Рустам Усмонов ва модару хоҳараш барои нигоҳубини ин манзил истихдом шудаанд. Баъдан ин мансабдори баландпоя ва бонуфуз ба далели макон додан ба ҷинояткорон маҷбур шуд, тарки мақом кунад.
Ба дунболи кушта шудани Рустам Усмонов, аз 6 то 19 ноябр дар вилояти Маскав ва манотиқи дигари Русия 10 нафар, аз ҷумла 3 зан, бо гумони узвият ваё ҳамкорӣ бо “бандаи ГТА” дастгир шуданд. Аз миёни онҳо танҳо исми шаҳрванди Тоҷикистон Абдумуқим Мамадҷонов эълон шуд, ки дар додгоҳ даст доштанаш дар 4 кушторро бар дӯш гирифтааст. Вале расонаҳои Русия рӯйхати бақияро ҳам нашр карданд, ки аз зоҳиран зодагони Осиёи Марказӣ будани аксари онҳо дарак медод:
1.Абсматов Рашид.
2. Охунов Неъматҷон.
3. Чекушина Марина.
4. Раҳимов Абдунаҳҳоб.
5. Иброҳимов Диёрбек.
6. Аҳмадҷонов Алёрбек.
7. Султонова Хосият.
8. Султонова Марҳабо.
9. Султонов Толибҷон.
10. Мамадҷонов Абдумуқим.
Қурбониёни “бандаи ГТА” маъмулан афроди раҳгузаре буданд, ки тасодуфан ҳадафи ҳамла қарор мегирифтанд. Аъзои “банда” барои манъ кардани мошинҳои раҳгузар аз шипҳои махсусе, ки балони мошинро мекафонад, истифода мебурданд.
Матбуоти Русия дар пайи боздошти “банда”-и маъруф ба ГТА аз чанд кушторе, ки дар он мтеавон “из”-И ГТА-ро мушоҳида кард, ёдовар шудааст:
- 22 сентябри соли 2013: Ронандаи 50-солаи Toyota Land Cruiser-ро дар километри 29-уми шоҳроҳи “Балтия” дар қаламрави ноҳияи Красногорск ва мошни ӯро баъданг аз Солнечногорск пайдо карданд.
- Поёни соли 2013: Қатли се бригадири ҳаммолон ва як марди ношинос дар вагоне дар тангкӯчаи Югорский дар шимоли Маскав. Ҳамаи 4 нафарро бо силоҳ куштаанд.
- Аввали майи соли 2014: Дар километри 84-уми шоҳроҳи М- “Дон” ду сайёҳи пиронсол, ки аз Маскав барои аёдати хешовандонашон ба Кубан мерафтанд, кушта шуданд.
- 4 июни соли 2014: Сардори нозирони минтақавии пулис дар ноҳияи Новопеределкино Олег Толмачёвро дар пеши чашми ҳамсараш куштанд. Ба бадани ин афсари пулис 14 тир андохтанд. Ҳамон шаб аз шаҳраки Менделеево дар ноҳияи Солнечногорск ҷасади марду зани ҷавонеро пайдо карданд.
- Шаби 19 августи соли 2014: Дар ҳудуди “Малое бетонное кольцо” дар қаламрави рустои Фоминское дар ноҳҳияи Раменское Алберт Юсупов, раққоси собиқи ансамбли ба номи Моисеев, ки аз бӯстонсарояш ба Маскав бармегшат, кушта шуд. Маъмул шуд, ки мошини ӯро бо шипҳои махсус манъ кардаанд...
Матбуоти Русия мегуфт, ки Рустам Усмонов шахси хеле диндор буд ва маъмурони пулису амниятро дар манзилаш дар шаҳраки Уделная дар ноҳияи Раменское дар вилояти Маскав граната дар даст ва бо нидои “Аллоҳ Акбар!” “пешвоз” гирифтааст. Ба далели диндории раҳбари “бандаи ГТА” расонаҳои Русия ибтидо ҳадс мезаданд, ки ин гурӯҳ бо созмонҳои тундрави исломӣ рабт дорад ва гӯё таҳти шиорҳои мазҳабӣ ғайримусалмонҳоро мекушт.
Бархе расонаҳо баъдан навиштанд, ки гӯё аз аъзои боздоштшудаи ин "банда" чандсад кило маводи таркандаи гексоген ҳам пайдо кардаанд ва гӯё аъзои он қасди анҷоми ҳамлаҳои террористиро ҳам доштанд
Вале баъдан намояндагони Кумитаи тафтишоти Русия ин фарзияҳоро рад карданд ва гуфтанд, ғарази асосии аъзои ин “банда” пулу молу мошини қурбониёнаш буд, на кадом аҳдофи мазҳабӣ.