Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Руси Владимир Путин барои боздошти аъзои “банда”-и ГТА аз пулис ситоиш кардааст. Аммо бархе расонаҳои Русия мегӯянд, хабари боздошти ин “банда” чандон воқеъӣ ба назар намерасад.

Ду нашрияи маъруфи чопи Маскав – “Коммерсант” ва “Московский комсомолетс” - рӯзи 8 ноябр навиштанд, ки гузоришҳо дар бораи боздошти “банда”-и ГТА, ки аъзояш ба қатли ронандагони раҳгузар дар шоҳроҳи "Дон" айбдор мешаванд, метавонад як дезинформатсия (хабари бардурӯғ) бошад.

Хабарнигоронро аз ҷумла ин нукта ба водии шубҳаву гумонҳо тела додааст, ки аз беш аз 10 нафаре, ки хабари боздошташон рӯзи 7 ноябр бо як сурати хеле пурсарусадо эълон шуд, дар ниҳоят додгоҳи минтақаи Коптевои Маскав ҳукми ҳабси танҳо як нафар – шаҳрванди Тоҷикистон Абдумуқим Мамадҷоновро содир кард ва он ҳам танҳо бо иттиҳоми нигоҳ доштани тир. Ин дар ҳолест ки “банда”-и ГТА ба ҷиноятҳои сангинтаре, чун куштору ғоратгарӣ айбдор мешавад. “Московский комсомолетс” бо такя ба манобеъаш дар мақомоти интизомии Русия ҳамчунин менависад, хабари боздошти раҳбари ГТА ва аъзои ин “банда” – як хабари бардурӯғест, ки бо ҳадафи махсус расонаӣ карда шуд. Ҳарчанд, мегӯянд онҳо, ҳадафи ин дезинформатсия ҳанӯз рӯшан нест.

Номи ГТА дар исми ин “банда” аз номи бозиии компутарии маъруф Grand Theft Auto (GTA) аст. Ин бозӣ дар бораи зиндагӣ дар як шаҳрест, ки аз сӯи гурӯҳҳои ҷиноӣ тасарруф шудааст.

Хабари боздошти ин “банда” дар ҳоле ба матбуот роҳ ёфт, ки ҳамагӣ ҳафтае пеш дар расонаҳо овозаҳо дар бораи истеъфои зуди вазири умури дохилаи Русия Владимир Колоколтсев хабари рақами як шуда буд. Бархе акнун ҳадс мезананд, ки шояд Колоколтсев бо нишон додани чунин як “натиҷа”-и баланд мехоҳад умри курсиашро тамдид кунад.

Владимир Колоколтсев

Владимир Колоколтсев

Ҳадси дигаре ки дар ин замина мезананд, ба талошҳои мақомоти Русия барои ҷоми идеологӣ пӯшондани мақомоти Русия ба ҷиноятҳои ин “банда” ва ҳатто ҷустуҷӯи робитаҳои эҳтимолии он бо созмони “Давлати исломӣ”, як гурӯҳи тундрави фаъол дар Ироқу Сурия аст, ки Ғарб ба раҳбарии Амрико алайҳаш як эътилофи бузурги байналмилалӣ ҷамъ кардааст. Тарафдорони ин фарзия мӯътақиданд, ки Русия дар пайи эҳсоси паёмадҳои таҳримоти Ғарб, ки бар зиддаш ба далели бӯҳрони Украина эълон кардаанд, мехоҳад худро як муттаҳид ва ҳамсангари Ғарб дар ҷанг алайҳи “Давлати исломӣ” нишон бидиҳад.

Солисан, рӯзи 10 ноябр дар Русия иди расмии кормандони умури дохилист ва ба назари хабарнигорон, мақомоти пулис шояд ин боздоштро махсус ҳамчун тӯҳфае ба худ барои рӯзи иди касбиашон омода карда бошанд.

Гузориши видеоии шабакаи русии Lifenews дар бораи бандаи ГТА инҷост:

Овозаҳо дар бораи фаъолияти як гурӯҳи қотилон дар шоҳроҳи Дон чанд моҳ боз дар Русия чарх мезад. Гуфта мешуд, ки ҷинояткорон бо шипҳои махсусе, ки чархи мошиниро мекафонад ва монеъи идомаи ҳаракаташ мешавад, мошинҳои раҳгузарро манъ карда, ронандаву мусофиронашро бераҳмона мекушанд.

Мақомоти Русия ду рӯз пеш эълон карданд, ки рӯзи 6 ноябр дар натиҷаи як амалиёти вижа дар вилояти Маскав Рустам Усмонови 33-сола кушта шуд. Матбуоти Русия мегӯяд, ки Рустам Усмонов шахси хеле диндор буд ва маъмурони пулису амниятро дар манзилаш дар шаҳраки Уделная дар ноҳияи Раменское дар вилояти Маскав граната дар даст ва бо нидои “Аллоҳ Акбар!” “пешвоз” гирифтааст.

Бархе расонаҳо Рустам Усмоновро зодаи Узбакистон ва бархе аз узбакҳои вилояти Ӯши Қирғизистон ном мебаранд. Гуфта мешавад, ки ӯ тақрибан 10 сол боз дар вилояти Маскав ҳамроҳ бо модараш Баракат ва як хоҳараш ба сар мебурд ва бо шахси хеле мутадаййин ба назар меомад.

Баъди боздошти ӯ нашрияҳои русӣ, аз ҷумла “Московский комсомолетс”, навиштанд, ки Рустам Усмонов гӯё бо созмони “Давлати исломӣ” иртибот дошт ва гӯё куштори ронандагон дар шоҳроҳи Донро дар заминаи “идеологӣ” анҷом медод. Яъне гӯё онҳо ин ронандагону мусофирони беиқболро барои он мекуштанд, ки “кофир”-анд. “Московский комсомолетс” ибтидо навишт, ГТА гӯё ҳадафи анҷоми ҳамлаҳои террористиро ҳам доштааст.

Дар маҷмӯъ дар ҷараёни ин амалиёт беш аз 10 нафар дастгир шуданд, вале то кунун ҳукми ҳабси танҳо як нафари онҳо – шаҳрвандиТоҷикистон Абдумуқим Мамадҷонов – содир шудааст.

Хабарнигори рус Артур Левитан ҳатто исми боздоштшудаҳоро ҳам нашр кардааст:

1.Абсматов Рашид.

2. Охунов Неъматҷон.

3. Чекушина Марина.

4. Раҳимов Абдунаҳҳоб.

5. Иброҳимов Диёрбек.

6. Аҳмадҷонов Алёрбек.

7. Султонова Хосият.

8. Султонова Марҳабо.

9. Султонов Толибҷон.

10. Мамадҷонов Абдумуқим.

Бо ин ҳол, бо вуҷуди ситоиши раисиҷумҳур Владимир Путин аз вазири корҳои дохилаи Русия Владимир Колоколтсев барои чунин комёбӣ мақомоти Русия дар ин масъала, тавре ба назар мерасад, ба даҳон об гирифтаанд ва хабари боздошти “Банда”-и ГТА-ро расман то ҳол шарҳ надодаанд. Кумитаи тафтишоти Русия, барои мисол, аз сӯҳбат дар ин бора комилан худдорӣ мекунад. Владимир Маркин, сухангӯи ин кумита рӯзи 8 ноябр ба хабарнигорон гуфт, “тафтиши мавридҳои эҳтимолии даст доштани афроди боздоштшуда дар як силсила ҷиноятҳои сангин аз сӯи Кумитаи тафтишот, пулис ва ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – идома дорад ва ҳанӯз сӯҳбат аз ҷиноятҳои мушаххасе, ки аъзои ГТА дар он даст дошта метавонанд, каме пеш аз вақт аст.”

Аммо Путин, ки шоми 7 ноябр Колоколтсевро бо иди касбии кормандони умури дохила табрик мекард, аз ҷумла гуфт: “Албатта, ташаккури алоҳида барои ошкор кардани ин ҷинояти гурӯҳӣ. Дар асл, ин як ҷиноятест, ки табиати террористӣ дорад. Ин як натиҷаи муҳим аст. Умедворам, балки мутмаинам, ки ин корро то охир хоҳед бурд.”

Қатлҳо дар шоҳроҳи Дон

Матбуоти Русия дар пайи боздошти “банда”-и маъруф ба ГТА аз чанд кушторе, ки дар он мтеавон “из”-И ГТА-ро мушоҳида кард, ёдовар шудааст:

  • 22 сентябри соли 2013: Ронандаи 50-солаи Toyota Land Cruiser-ро дар километри 29-уми шоҳроҳи “Балтия” дар қаламрави ноҳияи Красногорск ва мошни ӯро баъданг аз Солнечногорск пайдо карданд.
  • Поёни соли 2013: Қатли се бригадири ҳаммолон ва як марди ношинос дар вагоне дар тангкӯчаи Югорский дар шимоли Маскав. Ҳамаи 4 нафарро бо силоҳ куштаанд.
  • Аввали майи соли 2014: Дар километри 84-уми шоҳроҳи М- “Дон” ду сайёҳи пиронсол, ки аз Маскав барои аёдати хешовандонашон ба Кубан мерафтанд, кушта шуданд.
  • 4 июни соли 2014: Сардори нозирони минтақавии пулис дар ноҳияи Новопеределкино Олег Толмачёвро дар пеши чашми ҳамсараш куштанд. Ба бадани ин афсари пулис 14 тир андохтанд. Ҳамон шаб аз шаҳраки Менделеево дар ноҳияи Солнечногорск ҷасади марду зани ҷавонеро пайдо карданд.
  • Шаби 19 августи соли 2014: Дар ҳудуди “Малое бетонное кольцо” дар қаламрави рустои Фоминское дар ноҳҳияи Раменское Алберт Юсупов, раққоси собиқи ансамбли ба номи Моисеев, ки аз бӯстонсарояш ба Маскав бармегшат, кушта шуд. Маъмул шуд, ки мошини ӯро бо шипҳои махсус манъ кардаанд...

Аксари ин қатлҳо дар ҳудуди ду роҳи ҳалқаии хурд ва калон(“Малое и Большое кольцо”) анҷом дода шуда, аксари ронандагонро бо истифод аз шипҳои махсус манъ мекарданд. Аҷиб он аст, ки қотилон ба молу пули қурбониёнашон маъмулан даст намерасонданд. Қотилон танҳо дар чанд маврид телефону васоили дигари электронии афроди кушташударо ба ғорат бурдаанд.

Қатли раиси собиқи «Идеал-Банк» Владимир Кирилюкро низ ба ҳамин «банда»-и ГТА рабт медиҳанд. Кирилюк моҳи феврали соли 2014 ҳангоми велосипедсавориаш кушта шуд. Дар моҳи май маълум шуд, ки қатли ӯро ҳамкораш Кирилл Кириллов фармоиш додааст. Гуфта мешуд, ки «Идеал-Банк» дар амалиёти бонкии машкуке, чун интиқоли пул ба Эрону Арабистону Саудӣ ва Узбакистону Амрико даст дорад. Мақомоти Русия мегуфтанд, то 1,5 миллиард рубл пуле, ки аз тиҷорат дар бозорҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокаи Маскав ва Перм ҷамъ оварда мешуд, тавассути «Идеал-Банк» барои таъмини молии созмони мамнӯъи «Ҳизб-ут-Таҳрир- вал-Исломӣ» равона мешуд.

Зимнан ин дувумин амалиёти пулиси Русия алайҳи "банда"-и ГТА буд. Баъди ам алиёти якум дар таърихи 13 сентябри соли равон низ Маскав дар бораи боздошти нахустин гумонбарҳо хабар дода буд, вале дар ниҳоят ҳамаи афроди боздоштшударо баъди чнад рӯз бидуни эълони кадом иттиҳоми расмӣ озод карданд.

Баъди пайдо шудани нахустин овозаҳо дар бораи «банда»-и ГТА ибтидо дар Русия ҳатто ҳадс мезаданд, ки шояд онҳо «диверсантҳо аз Украина» бошанд, ки мехоҳанд бо эҷоди воҳима ва беназмӣ интиқоми дахолатҳои Русия дар бӯҳрони шарқи Украинаро бигиранд. Аммо ҳоло, тавре ба назар мерасад, дар Маскав мехоҳанд ба ин ҷиноятҳо ҷоми «исломӣ» пӯшонда, ин ҷинояткоронро бахше аз «Давлати исломӣ» ва Русияро аз муттаҳидони Ғарб дар ҷанг бо ин созмони тундгаро ҷилва диҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG