Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат: "Хабари ҳалокати 3 тоҷик дар Троблус ҳанӯз тасдиқ нашудааст"


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки эҳтимоли кушта шудани 3 шаҳрванди кишвар дар таркиши рӯзи 27 январ дар пойтахти Либия, то ҳанӯз тасдиқи худро наёфтааст ва дар сатҳи шоеъа боқӣ мемонад.

Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 29 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи мақомоти вазорати хориҷа аз лаҳзаи пахши хабари кушта шудани 3 шаҳрванди Тоҷикистон дар Либия тасдиқи худро наёфтааст.

Ҷаноби Атоев бо такя ба ҷараёни таҳқиқи ин хабар аз тарафи риштаҳои дипломии вазорати хориҷа мегӯяд, шиносномаву дигар санадҳое, ки аз кушта шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дарак диҳад, то ҳанӯз ба даст наомадааст.

Бино ба хабарҳои расида, дар ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи 27 январ ба меҳмонхонаи панҷситорадори "Коринтия" дар Троблус - пойтахти Либия ҳадди ақалл 10 нафар кушта шудаанд. ​Исом Ал-Наъс, сухангӯи вазорати умури дохилии Либия, мегӯяд, дар ин ҳамла се шаҳрванди Тоҷикистон ва як табааи Амрикову як сокини Фаронса ҳам ҷон бохтаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамлаварон шаҳрвандони Либия будаанд. Ба қавли Наъс, дар ин ҳамла ду корманди бахши амниятии меҳмонхона ва се ҳамлавар низ кушта шудаанд. Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, дар ин ҳамла ибтидо мошини бомгузоришуда дар рӯбарӯи меҳмонхона тарконида шуда ва сипас афроди мусаллаҳ дохили он шуда ҳамла бурданд ва ба тирандозӣ шурӯъ карданд.

Сафорати Тоҷикистон дар Миср низ рӯзи 28 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз эҳтимоли кушта шудани 3 шаҳрванди тоҷик дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона ба меҳмонхонаи "Коринтия" дар пойтахти Либия, шаҳри Троблус онҳо низ аз матбуот хабар ёфтаанд ва барои таҳқиқи воқеъияти он ба сафоратҳои кишварҳои дӯст муроҷиат кардаанд.

Намояндаи расмии консулгарии Тоҷикистон дар Қоҳира, пойтахти Миср дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз ҷумла гуфт: "Айни замон мо маълумоте дастрас кардем, ки воқеъ дар таркиши меҳмонхона 3 шаҳрванди Тоҷикистон осеб дида, вафот карда бошанд. Вале азбаски мо дар Либия на сафорат дорем ва на намояндагии консулӣ, аз тариқи намояндагиҳо ва консулгариҳои кишварҳои дӯст мо кӯшиш карда истодаем, ки дар наздиктарин вақт тасдиқ ё радди маълумоти мазкурро ба даст оварда, баъдан маълумоти расмӣ пешниҳод кунем."

Ин намояндаи расмӣ гуфт, онҳо ҳанӯз иттилое надоранд, ки ин 3 шаҳрванди тоҷик дар он меҳмонхонаи панҷситорадор чӣ мекарданд? Дар посух ба суоли Озодӣ, ки оё манзур аз намояндагиҳои кишварҳои дӯст дар Либия сафорати Русия аст?, ҳамсӯҳбати мо гуфт, Русия дар ҳоли ҳозир дар Либия сафорат надорад. Вале ӯ афзуд, ки онҳо аз ҷумла бо сафорати Либия дар Қоҳира пиромуни ин масъала ҳамкорӣ доранд.

Аз миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар пойтахти Либия Украина сафорат дорад. Аммо намояндаи расмии сафорати Украина рӯзи 27 январ ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки аз онҳо аз ҷониби касе ҷиҳати мусоидат дар масъалаи муайян кардани воқеъити хабари ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар таркиши Троблус дархост нашудааст. Вале ин намояндаи сафорати Украина гуфт, бино ба маълумоте ки онҳо доранд, дар ин таркиш ба ҷуз аз 5 шаҳрванди Либия ва як амрикоиву як фаронсавӣ шаҳрвандони Филлипин кушта шудаанд, на аз Тоҷикистон.

Хабаргузориҳои РИА Новости ва Франс Пресс низ мегӯянд, дастикам бу кушташуда филлипиниҳое буданд, ки дар меҳмонхонаи "Коринтия" корҳои рӯбучинро анҷом медоданд.

"Коринтия", меҳмонхонае, ки ҳадафи ҳамла қарор гирифт, аз боҳашаматтарин меҳмонхонаи пойтахти Либия ба шумор меравад ва дар он мақомоти давлатӣ ва ҳайатҳои хориҷӣ иқомат мекунанд. Ҳанӯз рӯшан нест, ки ҳамла аз сӯи кадом гурӯҳе сурат гирифтааст, аммо ба гуфта мешавад, як гурӯҳи вобаста ба "Давлати исломӣ", масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.

XS
SM
MD
LG