Пайвандҳои дастрасӣ

Намоиши «Бӯсаҳои зери по» (ВИДЕО)


Лаҳзае аз намоишнома.

Лаҳзае аз намоишнома.

Шоми 16-уми июн дар Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ намоишномаи «Бӯсаҳои зери по» ба хотири таҷлили 100-солагии оҳангсози маъруфи тоҷик намоиш дода шуд.

Намоишномаро ҳунармандони ҷавони гурӯҳи "Бесарпарастон" таҳти коргардонии ҳунарманди ҷавони эронӣ Сом Ҷаводӣ рӯи саҳна овардаанд.

Мӯҳтавои намоишнома даврони сахти кори ҳунармандон ва санъаткорони тоҷик дар тӯли таърихи Шӯравӣ, мушкили ҷавонони имрӯз, нофаҳмиву нашъамандии ҷавонон ва дигар мушкили зиндагиро дар бар мегирифт.

Дар ин маҳфили фарҳангӣ муовини авали вазири фарҳанг Маҳмадсаид Пиров, директори осорхонаи ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ Мунира Шаҳидӣ ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

Яке аз саҳнаҳои ин намоишнома саргузашти нафарест, ки мехоҳад осори мусиқии худро аз вартаи нобудшавӣ ҳифз кунад, аммо атрофиён ӯро дарк намекунанд ва боиси нобудшудани осори мусиқӣ мегарданд. Ин нафар барои аз даст рафтани мусиқӣ худро мекушад. Сухани охирини дӯстдори мусиқӣ ин буд, ки мегуфт: «Ҳар коре мехоҳед бикунед, аммо мусиқии асил гӯш кунед».

Саҳнаи дигари ин намоишнома ҳам дар бораи мубориза барои ҳифзи мероси мусиқӣ аст. Нафаре пайдо намешавад, ки оҳангсозро дар ин роҳ дастгирӣ кунад ва ҳамаи ҷомеа ба ӯ монеа эҷод мекунанд. Аммо дар охир дар пайи талошу мубориза ба ӯ имкон даст медиҳад, ки пирӯз шавад ва мусиқиро аз нобудшавӣ ҳифз кунад.

Саҳнаи дигар - саргузашти издивоҷи духтар ба нафарест, ки ӯро ҳамчун шавҳари доро интихоб кардааст. Дар ин саҳна ҷавондухтар ба нафаре, ки ӯро сарватманд меҳисобад, ба шавҳар мебарояд, аммо баъд аз гузашти чанд муддат ва умедвор шудан барои таваллуди фарзанди дар батнаш буда, якбора аз зиндагӣ дилсард мешавад ва ҳам худу ҳам кӯдаки дар батнаш бударо нобуд месозад. Сабаб ин буд, ки шавҳари интихобкардааш нашъаманд ва дар зиндагӣ бо ӯ носозгор будааст. Бо ин вуҷуд, ин ҷавондухтарро касе намеоҳад аз атрофиён дарк кунад.

Намоишномаи «Бӯсаҳои зери по» ба шарафи 100-солагии оҳангсози шинохтаи тоҷик Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ, ки аз сӯи ЮНЕСКО ҷашн гирифта мешавад, рӯи саҳна омадааст.
XS
SM
MD
LG