Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо мусоидати ЮНЕСКО ё Муасиссаи илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии СММ, 3000-солагии қалъаи Ҳисор, 700-солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ва 100-солагии Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ таҷлил хоҳанд шуд.

Масъулони вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи душанбеи 18-уми ноябр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ҷаласаи 37 - уми ЮНЕСКО феҳрасти санаҳои таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2014 - 2015 тасдиқ гардид, ки дар ин миён 4 пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон низ пазируфта шудааст.

Ба гуфтаи ин масъулон, тибқи хабари Шаҳло Абдураҳимова, котиби масъули Кумиссиюни миллии Тоҷикистон оида ба корҳои ЮНЕСКО, ки ҳоло дар мақари ин созмон дар Порис қарор дорад, "ба феҳрасти ЮНЕСКО 3000-солагии қалъаи Ҳисор, 700-солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ва 100-солагии Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ шомил карда шуданд ва қарор шуд, ки ин ҷашну чорабиниҳо бо ширкати ин созмон таҷлил мегардад".

Таҷлили 300-солагии Ҳисор, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ва 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ бо пешниҳоди бевоситаи ҳукумати Тоҷикистон ва ҷашни 700-солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, муштаракан бо ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон ба феҳрасти ҷашну маросимҳои ЮНЕСКО ироа шудааст.

Шомимл шудани чанд санаи таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи ҷашнҳои ЮНЕСКО дар ҳолест, ки бо тасмими ҳукумати Тоҷикистон ҷашни 700-солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, олиму мутаффакири Шарқ, 600-солагии шоиру файласуфи тоҷик - Абдураҳмони Ҷомӣ ва 100-солагии оҳангсози саршиносу маъруфи тоҷик - Зиёдулло Шаҳидӣ дар соли оянда, яъне 2014 таҷлил мегардад.

Ҳамчунин ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 1-уми марти соли ҷорӣ қарор кард, ки 10-уми сентябри соли 2015 дар ноҳияи Ҳисор ҷашни 3000-солагии ин мавзеъи таърихиву фарҳангӣ бо тантана ва бо ширкати меҳмонони хориҷӣ таҷлил кунад.

Қалъаи Ҳисор, дар 30-километрии ғарби шаҳри Душанбе, дар масоҳати 86 ҳектор воқеъ мебошад, аз ёдгориҳои муҳими таърихиву фарҳангии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин маҷмаъи таърихӣ дар поёни асри 19 аз ду мадраса, даҳҳо масҷид, чор дарвозаи шаҳрӣ ва як бозори марказӣ иборат будааст. Ҳоло аз он ҳама танҳо як дарвозаи арк, як мадраса ва корвонсарой боқӣ мондааст, ки ҳамагӣ сохтаҳои чанд асри пешанд.

Қалъаи Ҳисор дар тақрибан 7-километрии ҷануби маркази маъмурии ноҳияи Ҳисор воқеъ аст. Ин шаҳрак, ки қаблан Хонақоҳ ном дошт, дар замони Шӯравӣ ба шаҳрак табдил ёфт ва номи Ҳисорро гирифт. Дар натиҷа, Ҳисори таърихӣ - макони қалъаи бостонии ин минтақа зери сояи маркази ноҳия монд ва дар забони мардум ҳоло бо номи Қалъаи Ҳисор маъруф шудааст. Ҳарчанд аҳолии бумиаш то имрӯз аз ин русто бо исми Ҳисор ном мебаранд.

Дар Тоҷикистон баргузор кардани ҷашни таърихии ин ё он маҳал ба ҳукми анъана даромадааст. 2700-солагии Кӯлоб, 2500-солагии Истаравшан ва инак, 3000-солагии Ҳисор аз ҷумлаи чунин ҷашнҳоянд. Ҳамин тавр, дар Шуғнон аз 3700-солагии ин минтақа сӯҳбат мекунанду бо кашфи минтақаи Карон гумон меравад, ки Дарвоз дигар ба таҷлили дастикам 4000-солагиаш омода шавад.

Зимнан, Раҳим Масов, таърихшиноси тоҷик ахиран гуфтааст, ки яке аз дигар ноҳияҳои Тоҷикистон - Фархор таърихи беш аз 4000-сола дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG