Пайвандҳои дастрасӣ

Пахши рақамии TV. Як қадам ба пеш, ду қадам ба қафо?


Натиҷаи як пажӯҳиш мушаххас кардааст, ки 15 шабакаи телевизионии мустақил дар Тоҷикистон ҳеҷ яке студияи онлайнӣ надорад.

Моҳи июни соли ҷорӣ, вақте ки Тоҷикистон дар баробари 119 кишвари ҷаҳон пурра ба пахши рақамии телевизионӣ мегузарад, мардуми он аз дидани намоишҳои чандин шабакаи мустақил бенасиб мегарданд.

Хоҷа Назриев, муҳаррири барномаҳои телевизиони мустақили “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ, ки ҳоло 200 000 бинанда дорад, мегӯяд, ҳоло сокинон мавҷгир ва телевизорҳои нав мехаранд ва аммо дигар намоишҳои "Мавҷи Озод"-ро дида наметавонанд. Барои он ки чунин ҳолат пеш наояд, студия бояд таҷҳизоти гаронбаҳои нав ба даст орад.

Ин мушкили танҳо телевизиони “Мавҷи Озод” нахоҳад буд. Бино бар пажӯҳиши ахири Асосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии Тоҷикистон, аз 15 шабакаи мустақили телевизионӣ, танҳо дар ду шабака аз таҷҳизоти маъмулӣ ва дар 13 шабакаи дигар аз таҷҳизоти рақамие истифода мешавад, ки талаботи касбиро қонеъ намегардонанд.

Зиннатулло Исмоилов

Зиннатулло Исмоилов

Зинатулло Исмоилов, раҳбари ин асосиатсия, зимни муаррифии пажӯҳиши мазкур, рӯзи душанбеи 25-уми май гуфт, ки дар 7 шабакаи мустақили телевизионӣ иқтидори фиристандаҳо аз 100 то 300 ваттро ташкил медихад, ки нокифоя аст. Ҳамчунин дар 10 шабакаи телевизионии пурсидашуда, нақлиёти махсус барои наворбардорӣ вуҷуд надорад.

Ҷаноби Исмоилов афзуд, “ҳеҷ яке аз ин телевизионҳо студияҳои виртуалӣ надоранд ва ин маҳдудиятҳои техникиву имконоти фаннӣ сифати барномаҳоро пойин мебарад. Ҳамчунин маълум шуд, ки шумораи умумии студияҳои сабти намоишҳо и телевизионӣ 23 ададро ташкил мекунад, ки ҳамаи онҳо студияҳои оддиянд. Аз тарафи дигар баъзе аз телевизионҳо аз фиристандаи куҳна истифода мебаранд. Барои мисол фиристандаи кӯҳнатарин дар телевизиони “Симо”-и Панҷакент аз соли 1992 ба ин сӯ истифода мешавад.”

Ҷаноби Исмоилов меафзояд, новобаста ба имконоти хеле маҳдуди фанниву истеҳсолӣ ин телевизионҳо барои расонидани ахбори маҳаллӣ ба мардум кӯшиш менамоянд ва барои пур кардани фазои иттилоотӣ дар кишвар мусоидат мекунад. Аммо ҳамин мушкилоти иқтидор ва тавонмандӣ имкони гузариш ба пахши рақамиро барои ин телевизионҳо номумкин кардааст ва хатари аз бозори итилоотӣ дур шудани онҳоро ба миён овардааст.

Гузариш ба пахши рақамӣ як барномаи умумиҷаҳонӣ аст, ки бар асоси Нақшаи минтақавии пахши рақамии Иттиҳоди байнулмилалии робитаи электронӣ роҳандозӣ шудааст. Ин созмон ба кишварҳои ҷаҳон, Созишномаи минтақавии «Женева – 2006» - ро пешниҳод кард, ки аз сӯи 119 кишвари ҷаҳон ба имзо расид ва Тоҷикистонро онро 16 июни соли 2006 имзо кардааст.

Бар асоси ин созишнома ҳукумати Тоҷикистон моҳи феврали соли 2010 Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамиро қабул кард. Вале таҳлилагарони ин бахш мегӯянд, дар ин барнома ва дар Стратегияи рушди телевизиони рақамӣ дар Тоҷикистон телевизионҳои мустақил сарфи назар шудаанд ва барои гузариши онҳо ба пахши рақамӣ ҳатто заминаи ҳуқуқӣ фароҳам нашудааст.

Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев

Ин ҳам дар ҳолест, ки Асомиддин Атоев, таҳлилгари тоҷик, пахши рақамиро ба манфиати амнияти итилоотии Тоҷикистон медонад. Ин таҳлилгар гуфт, “ин ба фоидаи миллати тоиҷк аст, агар мо басомадҳои дар ихиёрдоштаро хубтар истифода кунем. Чун дар даврони Шуравӣ тақсими басомадҳо аз ҷониби мо набуд, вале имрӯз мо имконият дорем адолати таърихиро барқарор кунем. Дар ин раванд ҳар кишваре, ки фаъол аст манфиати бештаро ба даст меорад. Бо назардошти он, ки иқтидори ин телевизионҳо имрӯз хеле кам аст, ҳукумати Тоҷикистон ба хотири расидан ба ҳадафҳои стартегии кишвар -- ба берун рафтан аз бунбасти коммункатсионӣ бояд ин телевизионҳоро дастгирӣ кунад.”

Ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 4 шабакаи давлатии умумимиллӣ («Ҷаҳоннамо», «Шабакаи аввал», «Сафина», «Баҳористон») ва 3 шабакаи маҳаллии давлатӣ («Суғд», «Бадахшон», «Пойтахт») ва 27 телевизиони мустақил фаъолият мекунанд. Мавҷпарокани «Телерадиоком» дар ҳоли ҳозир 10 шабакаи радиотелевизионии умумимиллӣ ва телевизионҳои хориҷӣ, назири «Евронюс», «National Geographic», «Спорт», «НТВ + Спорт» - ро пахш мекунад.

Сокинони Душанбе ва навоҳии атрофи он ин шабакаҳоро тариқи қабулкунандаҳо, ки дар бозор 150 сомонӣ қимат доранд, метавонанд тамошо кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG