Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистон истеъфо дод


Ҷаласаи ҳукумат. Акс аз бойгонӣ
Ҷаласаи ҳукумат. Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 18 ноябр расман истеъфо дод. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки ҳукумати нави Эмомалӣ Раҳмон кай ташкил ва эълон хоҳад шуд?

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 18 ноябр расман истеъфо дод. Тибқи моддаи 74-уми Қонуни асосии Тоҷикистон, дар пайи интихоби раисиҷумҳури ҷадид, ҳукумати қаблӣ бо шумули сарвазиру муовинҳои ӯ, вазирон ва раисони Кумитаҳои давлатӣ то замони таъсиси ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои худро дар назди президенти навинтихобшуда, ки дар Тоҷикистон раиси ҳукумат ҳам ӯст, вомегузоранд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 16 ноябр бо адои савганди навбатӣ ба давраи чоруми расёаташ шурӯъ кард, рӯзи 18 ноябр истеъфои ҳукуматро пазируфт ва ба дунбол бо як фармон амр дод, ки “ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ то таъсиси ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифаҳои худро давом диҳад.”

Истеъфои ҳукумат ва оғози давраи нави раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, дар ҷомиа ин бор хеле умедвори як ислоҳоти ҷиддӣ ва ҷавонсозӣ дар ҳайъати ҳукумати навбатии ӯянд. Тақозои дигари ҷомиа поён додан ба аслҳои корноомаде, чун маҳалгароӣ, хешутаборбозӣ ва садоқатсолорӣ дар сиёсати кадрии ҳукумат аст.

Зарурати чунни тағйирот дар ҳайъати ҳукуматро ҷонибдорони Эмомалӣ Раҳмон низ дарк мекунанд. Азимқул Азимов, раиси кумитаи дифоъ ва амнияти парлумони Тоҷикистон ва яке аз ёрони собиқадори оқои Раҳмон қаблан ба Озодӣ гуфта буд, ки “тағйирот ҳатман мешавад, тағйирот ногузир аст.”

Қоҳир Расулзода
Қоҳир Расулзода
Сеяки аъзои ҳукумати феълӣ синни аз 60 боло доранд ва эҳтимол меравад, ки номзадҳои рақами як барои барканорӣ ҳаминҳо хоҳанд шуд. Сарвазир Оқил Оқилов алакай ба синни 69 расидааст ва ба гуфтаи манобеъ, зоҳиран ин дафъа бознишаста хоҳад шуд. Бархе дар бораи эҳтимоли ба мақоми сарвазир таъйин шудани раиси кунунии вилояти Суғд Қоҳир Расулзода сӯҳбат мекунанд, вале мегӯянд, сӯҳбатҳо дар бораи рафтани Оқилов аз мақом аз замони таъйин шуданаш ба ин мақом дар соли 1999 идома дорад, аммо ҳар дафъа ӯ аз ин ҳавзи овозаҳо хушк мебарояд ва ба кораш идома медиҳад.

Муовини аввали ӯ Матлубхон Давлатов, вазири энержӣ Шералӣ Гул, вазири хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев, вазири маориф Нуриддин Саидов ва вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов низ синнашон аз 60 гузаштааст,вале онҳо нафаронеанд, ки аз аъзои содиқи тими Раҳмон ба шумор мераванд ва ҳатто агар тасмим ба барканории онҳо ҳам шавад ин тасмим, ба бовари таҳлилгарон, ба раисиҷумҳур ба сахтӣ даст хоҳад дод.

Таваққӯъи дигар дар масъалаи сиёсати кадрӣ аз Эмомалӣ Раҳмон дар ин давраи раёсаташ нуқта гузоштани ӯ ба асли хешутаборбозист. Интисоби фарзандону домодҳову қудоҳо ва хешовандони сершумори раисиҷумҳур ба мақомҳои баланд аз масоиле буд, ки ба гуфтаи нозирони умур, ба эътибори ӯ бештар аз ҳар масъалаи дигар латма мезад. Ин мавзӯъ ба хусус баъди садамаи пурқурбонии шаби 9 октябр дар маркази Душанбе, ки дар он исми писари раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ва яке аз қудоҳои президент Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ дар миён буд, доғтар шудааст.

Қонунҳои Тоҷикистон замони мушаххасеро барои ташкил ва эъломи кобинаи нав таъйин накардааст. Дар соли 2006, вақте Эмомалӣ Раҳмон ба давраи севуми раёсаташ пардохта буд, такмили ҳайъати ҳукуматаш ду моҳ, яъне то январи соли 2007 идома карда буд.
XS
SM
MD
LG