Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТАЛКО: "«CDH Investments Corp» ҳамшарики мо нест"


Мақомоти корхонаи ТАЛКО ҳамшарикӣ бо ширкати «CDH Investments Corp»-ро рад карда ва мегӯянд, ки тайи чанд соли ахир бо ин ширкат ҳамкорӣ надоранд.

Игор Сатторов, сухангӯи ширкати ТАЛКО рӯзи 7-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хабари ҳамшарики ин корхона будани «CDH Investments Corp», ки дар расонаҳо пахш шудааст, асосе надорад ва аз чанд сол ба ин тараф ба ҳеҷ шакле миёни ин ду ширкат ҳамкорӣ вуҷуд надорад. Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи Швейтсария амр додааст, ки аз ҳисоби ширкати CDH Investments Corp 70 миллион доллар ба нафъи «Русал» ситонида шавад.

Аммо Игор Сатторов сухангӯи ТАЛКО мегӯяд, ки ҳанӯз баҳси додгоҳии ширкати «CDH Investments Corp» дар додгоҳи Шветсария ба охир нарасидааст ва идома дорад. Дар гузориши солонаи ширкати “Русал” доир ба натиҷаҳои фаъолияташ дар соли 2012 омадааст, CDH Investments Corp ба Ориёнбанк, бузургтарин бонки тиҷоратии Тоҷикистон иртибот дорад ва солҳои 2005 ва 2006 коршарики корхонаи “Тадаз” буд ва қарордоди харидуфурӯши алюминийро иҷро накардааст.

Ба гуфтаи ширкати русӣ, Русал интизор дорад, ки “амри додгоҳ барои ситонидани ҷуброни молӣ аз CDH Investments Corp боиси ифшои муассисаву ҳисобҳои офшории вобаста ба ширкати “Талко”-и Тоҷикистон хоҳад шуд."

Ширкати “Русал” мегӯяд, Додгоҳи ҳакамии Швейтсария амр додааст, ки аз ҳисоби ширкати CDH Investments Corp, як коршарики корхонаи тавлиди алюминиуми Тоҷикистон 70 миллион доллар ба нафъи Русал ситонида шавад.

Хабаргузориҳои иқтисодии, “Платс” чопи Ню Йорк ва “Металл Бюлетин” чопи Бритониё рӯзи 6-уми август бо такя ба баёнияи “Русал” навиштаанд, бар асоси ҳукме, ки Додгоҳи Ҳакамии Иқтисодии Утоқи Байналмилалии Бозаргонӣ дар Швейтсария, содир кард, ширкати CDH Investments Corp қарордоди харидуфӯруши алюминий бо “Русал”-ро иҷро накардааст ва барои ҳамин бояд ба ширкати азими русӣ, ҷарима бипардозад.

Ҳарду хабаргузорӣ бо такя ба баёнияи “Русал” навиштаанд, ки агар СDH Investments Corp ҳамчунон аз пардохти ҷуброн сарпечӣ кунад, ширкат роҳҳои дигари қонунии ситонидани ин пул ва аз ҷумла масъалаи аз байн бурдани СDH-ро дар миён мегузоранд.

Ба гуфтаи ширкати русӣ, Русал интизор дорад, ки “амри додгоҳ барои ситонидани ҷуброни молӣ аз CDH Investments Corp боиси ифшои муассисаву ҳисобҳои офшории вобаста ба ширкати “Талко”-и Тоҷикистон хоҳад шуд." Муқаррароти қонунӣ барои иҷрои ҳукми додгоҳи Швейтсария дар Ҷазираҳои Виргинияи Бритониё шурӯъ шудааст, ки CDH Investments Corp дар ҳамон минтақаи оффшорӣ сабти ном шудааст.

Ҷанҷолу даъвоҳои додгоҳии ширкати “Русал” бо Корхонаи Талко ба чанд соли пеш бармегардад. Мақомоти Тоҷикистон соли 2007 эълон карданд, ки Абдуқодир Эрматов, раҳбари пешини корхонаи тавлиди алюйминий ва Аваз Назаров, як тоҷири миёнарави дигар дар ҳамкорӣ бо “Русал”, аз роҳи қаллобӣ садҳо миллион доллари корхонаи тавлиди алюминийи Тоҷикистонро аз они худ кардаанд. Баъди ин Талко Абдуқодир Эрматов, ширкати ”Ансол”-и мутаалиқ ба Аваз Назаров ва корхонаҳои шарики “Русал”-ро дар Бритониё ба додгоҳ кашид ва ин даъвову баҳс чанд сол идома ёфт ва ҳукумати Тоҷикистон дар он додгоҳҳо бештар аз 100 миллион доллар харҷ кард, то Талко, бузургтарин корхонаи саноатии кишварро аз даъвоҳои додгоҳӣ халос кунад.

Ҳукме ки ҳоло се додраси Додгоҳи Ҳакамии Утоқи Байналмилалии Бозаргонӣ содир кардаанд, доир ба даъвои “Русал” аст, ки моҳи июни соли 2007, CDH Investments Corp-ро ба ҳамон додгоҳ кашид. “Русал” аз додгоҳ хост, барои риоя накардани қарордоди харидуфурӯши алюминий аз ҳисоби ширкати CDH Investments Corp 56 миллион доллар бо хароҷоти додгоҳиву фоизҳои он ба нафъи ширкати русӣ биситонад. Корхонаи “Талко” дар ҳамон сол гуфта буд, ки ин даъво асосе надорад.

Алюминий, яке аз манбаъҳои аслии даромади Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, аммо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Сандуқи Байналмилалии Пул аз фаъолияти ношаффофи “Талко” ибрози нигаронӣ кардаанд. Матбуоти дохилии Тоҷикистон ҳам пайваста гуфтаанд, ширкатҳои миёнараве, ки аз ҳисоби фурӯши алюминий суди зиёд ба даст меоранд, дар хориҷ сабти ном шудаанд, вале ба баъзе аз афроди баландпоя дар дохили ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ доранд.
XS
SM
MD
LG