Пайвандҳои дастрасӣ

Бархе хонаводаҳо бесаброна ва бо як омодагии хос ва бархе ҳам ҳадди аққал ба хотири хушҳол кардани атфоли худ дар Тоҷикистон соли навро интизоранду ба он омодагӣ мегиранд.

Фарорасии Соли Нав махсусан кадбонуҳоро серташвиш кардааст. Онҳо бино бар масали "қудрат ба тавоноӣ" дар андешаи оростани дастархони идонаанд. Барои ёфтани таомномаҳои ҷолиб бархе аз онҳо дар интернет ба ҷустуҷӯ даромадаанд. Аммо нарху наво гумон аст, ба ҳама имкон диҳад, ки соли нави мелодиро бо дастархону пурнозу неъмат пешвоз гиранд. Ва муҳоҷират нагузоштааст, ки ҳамаи аъзои оила даври ин дастархон сарҷамъ бошанд.

ВАЗИФАИ МУШКИЛИ КАДБОНУҲО

Сафармоҳ, модари 2 фарзанд, мисли аксар занони дигар имрӯзҳо хеле серкор аст. Вай хонаҳои худро тоза мекунаду ба тартиб меорад ва барои оростани арча, ки фарзандонаш бесаброна интизори онанд, омодагӣ мебинад.

Сафармоҳ мегӯяд, шириниву шоколадҳои дастархони солинавиаш аллакай омодааст, шавҳараш аз Русия фиристодааст, аммо ҳоло ӯ дар фикри таҳияи ғизоҳои идона аст: “Мисли ҳарсола ба пешвози соли нав мо аз тозагии хона шурӯъ кардем. Ва ҳоло дар фикри он ҳастем, ки барои дастархонамон чӣ таҳия кунем. Баъзе харидҳоро кардем. Мисли ҳарсола оливе ва чанд хӯриши дигар омода карданӣ ҳастам. Ош ё гӯштбирён мекунам он шаб. Хулоса кӯшиш мекунам, ки дастурхонам обод бошад ва меҳмонҳоеро, ки он шаб вориди хонаи мо мешаванд, хуб пешвоз бигирем.”

Ҳамсари Сафармоҳ, тоҷир аст, ҳамаи шароитро барои хонаводааш муҳайё кардааст, аммо худаш наметавонад он шомро мисли даҳҳову ҳазорҳо мардони хонаводаҳои тоҷик дар паҳлуи зану фарзандонаш ҷашн бигирад. Аммо Барӯманди хурдсол, ки мисли дигар кӯдакон хеле зиёд интизори фарорасии соли нав ва тӯҳфаҳои Бобои Барфӣ аст, як хоҳишаш дар соли нав дидани падар дар паҳлуи ӯ нишастан будааст. Вай мегӯяд: “Модарам мегӯяд, агар чӣ хоҳише дошта бошӣ, шоми соли нав Бобои Барфӣ метавонад, онро иҷро кунад. Аз Бобои Барфӣ ман дар соли нав санка, китоб ва омадани падарамро аз Русия мехоҳам.”

Аммо Гулнигор, ки дар ҳамсоягии Сафармоҳ зиндагӣ мекунад, мегӯяд, 3 соли ахир вай барои ин ҷашн омодагии хос намебинад ва арча ҳам нахаридааст. Вале, мегӯяд Гулнигор, ба хотири дилсард нашудани кӯдаконаш дар байни атфоли дигар барои онҳо тӯҳфаву либос ва ниқобҳои хоси ҷашни соли нав харидааст ва ҳатман, ки мисли солҳои пештар ҳам набошад барои онҳо як дастурхони идона дар шоми соли нав омода мекунад. “Пештар аз ҳамин 15-16 декабр омодагиҳоямон шурӯъ мешуд, тайёрӣ медидем, арчаи калон мемондем барои кӯдакон, вале дар ин 2 3 соли ахир шавҳарам намехоҳад, ки арча гузорем. Вале барои хурсандии кӯдакон ман кӯшиш мекунам, як муҳити идона фароҳам бошад. Дастурхон ҳам мекунем бо шириниҳо барои кӯдакон. Аз сӯйи дар боғча ва мактаб онҳо соли нав доранд ва бино бар ин бояд.”

СОЛИ НАВ Ё НАВРӮЗ?

Бо вуҷуди гуногунандешиҳое, ки атрофи ҷашнгирии соли нав, ки ахиран рӯ задааст, аз такопӯи тоҷирон, серодамии бозору серхарид будани тӯҳфаву либосҳои идона, мушоҳида мешавад, ки ҳамоно барои аксарият ин иди дӯстдоштанист ва бисёриҳо бо омодагии хос вобаста ба имконият аз он таҷлил мекунанд.

Дар фурӯшгоҳи "Садбарг", бо модаре вохӯрдем, ки либоси заргӯш ва қаҳрамони як филми тасвирӣ дар даст дар фикри он буд, ки кадомиро барои писарчааш интихоб кунад. Аз мо ҳам хост дар интихоб ба ӯ кумак кунем. “Дар мактаб карнавали солинавӣ доранд, бояд як либоси хуби афсонавӣ бихарам барояш. Кадомаш беҳтар аст фикр мекунед?”

Фурӯшандаи либоси қаҳрамонони афсонавӣ барои кӯдакон дар сӯҳбат бо мо гуфт, модарон аксарият барои кӯдакон дар соли нав, хирсаку гургаку гусфанд ва афсонаҳои маъруф миёни кӯдакон, мисли шабкасурхаку барфакро мехаранд.

Иди Соли Нав на фақат бозори либосу бозичаҳои кӯдакон, балки фурӯши сарулибоси шинам барои калонсолонро, ки ба шабнишиниҳои корпоративии худ омодагӣ мебинанд, гарм кардааст. Тарабхонаву клубҳои пойтахт ҳам барои маҳфилҳои дастҷамъона бо нав кардани феҳрасти хӯрок ва ороишоти хос омодагӣ гирифтаанд. Кошонаҳои ҳусн, ороишгоҳҳо ва сартарошхонаҳо дар арафаи ид серодаманд. Муштариён мехоҳанд, дар иди Соли Нав симои хотирнишин дошта бошанд, аксҳои хубе гиранду дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоранд.

МАҲФИЛҲОИ КОРПОРАТИВӢ

Кормандон барои баргузории маҳфилҳои корпоративӣ "пул мепартоянд" ва аммо бархе аз ширкатҳо чунин нишастҳоро сармоягузорӣ мекунанд. Вале чунин маҳфилҳоро асосан ширкатҳои байнулмилалӣ ва хусусӣ баргузор карданиянд. Ба бархе аз идораву муассисаҳои давлатӣ дастур шудааст, ки чунин маҳфил барпо накунанд. Аз ҷумла дар яке аз донишгоҳҳои Душанбе ба мо гуфтанд, аз Кумитаи дин ва танзими расму оин омада, сӯҳбатҳо оростаанд ва машварат додаанд, ки аз сарфи беҳуда барои шабнишиниҳои солинавӣ худдорӣ шавад.

Дилфуза, як донишҷӯи факултаи биологияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мегӯяд: “Мо фақат як нашрияи идонаи деворӣ баровардему халос. Дигар гуфтанд, шабнишинӣ нашавад, ба муаллимон ҳам таъкид карданд, гуфтанд, ин ҷашни хонаводагӣ аст ва дар ҳалқаи наздиконатон ҷашн гиред. Мо ҳам дигар шабнишинӣ накардем бо ҳамкурсон ва ман барои таҷлили ин ҷашн дар хона тайёрӣ мебинам, барои падару модар ва хоҳарчаам тӯҳфа харидам ва интизори шоми соли нав ҳастам.”

НАРХҲО ВА ҚУРБИ ПУЛ

Таъсири ҷаҳиши қурби пул ва боло рафтани нархҳо дар як моҳи охир аксари ҳамсӯҳбатони моро, ки мехостанд соли навро бо дастархони пуршукӯҳ ид кунанд, то ҷое ба ташвиш андохтааст. Аммо қатъи назар аз ин аксарият талош мекунанд, лоақал ба хотири хушҳолии фарзандон ва ҳам бо умеди як соли нек идро хушҳолу хотирмон ҷашн гиранд, то тамоми соли ояндаашон ин гуна бошад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG