Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон як мубаллиғи ҷангҳои Сурияро 16 сол зиндонӣ кард


Додгоҳи вилояти Суғд як сокини ин минтақаро барои таблиғ ва ҷалбу гусели шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷангҳои Сурия 16 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Додгоҳи вилояти Суғд як сокини шаҳраки Нови ноҳияи Спитаменро ба ҷурми ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷангҳои Сурия ба 16 соли зиндон маҳкум кард. Манзура Латифзода – муовини раиси Додгоҳи вилояти Суғд ва қозии парванда 19 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аммо ин ҳукм ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифта ва вакили мудофеъ ва наздикони А.У. метавонанд барои бозбинии он муроҷиат кунанд.

Латифзода дар идома гуфт, А.У. моҳи феврали соли 2013 ба Сурия рафта, ба созмони "Ҷабҳат-ан-нусра" шомил мешавад ва тӯли 15 рӯз дар онҷо тамрини ҷангӣ ва зеҳнӣ мебинад. "Вай сипас ба Русия баргашта, дар онҷо барои таҳияи санадҳо ва ҷалби шаҳрвандон ба ҷангҳои Сурия машғул шудааст," -- афзуд муовини раиси Додгоҳи вилояти Суғд.

Манзура Латифзода мегӯяд, маълумот дар бораи А.У.-ро аз як сокини вилоят гирифтаанд, ки ихтиёрӣ аз ҷангҳои Сурия баргашта ва ба мақомот таслим шудааст. Ба иттилои ӯ, А.У. моҳи январи соли ҷорӣ қасд доштааст аз Русия ба Украина гузарад ва дар марз дастгир шуда, баъдан моҳи феврал ба Тоҷикистон истирдод ёфтааст.

Бар пояи омори расмӣ, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар ҳудуди Ироқ ва Сурия меҷанганд, беш аз 500 нафар буда, мақомот мегӯянд, то имрӯз даҳҳо нафари онҳо кушта шудаанд. Ҳамчунин ҳудуди 36 тан аз шаҳрвандони тоҷик бо эҳсоси пушаймонӣ аз “Давлати исломӣ” аз Сурияву Ироқ ба ватан баргаштанд ва даҳҳо нафари дигар ҳангоми қасди сафар ба “ҷиҳод” дар хоки Тоҷикистону Туркия боздошт шуданд.

Мақомоти Суғд мегӯянд, 110 сокини ин вилоят дар Сурия меҷанганд ва 62 нафарашон танҳо аз ноҳияи Исфара будаанд. Бино ба маълумоти расмӣ, 13 сокини ноҳияи Спитамен низ дар ҷангҳои Сурия иштирок доранд.

Акрам Турдимуродов, мудири Шуъбаи дин дар ҳукумати Спитамен, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин афрод солҳои пеш ба Сурия рафтаанд. Ба гуфтаи вай, А.У. Барои муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта, ба гурӯҳе ҳамроҳ шуда, ба Сурия сафар кардаст. Мусоҳиби моафзуд, ки А.У. маълумоти олӣ ва ихтисосе надорад ва дар ҷое таълимоти динӣ ҳам нагирифтааст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, аксари шаҳрвандони тоҷик, ки дар Сурия ҳастанд, ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия бо роҳи Туркия ба ин кишври ҷангзада рафтаанд. Ҳамзамон боздошти чанд шаҳрванди тоҷик, ки бо роҳи Қирғизистон роҳ сӯи Сурияву Ироқу Фаластин доштанд, ҳокист, ки роҳи Исфараву Ӯшу Бишкек барои шаҳрвандони тоҷик як масири асосии хориҷ шудан аз Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Марзҳои байни ин ду кишвар барои убуру мурури шаҳрвандонашон боз аст ва таксиронҳои тоҷику қирғиз сокинонро аз Исфараву Бодканд бидуни мамониат то Ӯш ва Бишкек бурда меоранд. Ҳамчунин сафар ба кишварҳои дигар бо роҳи ҳавоии Қирғизистон арзонтар аст, аз ин рӯ бархе шаҳрвандони тоҷик ба кишварҳои Туркияву Русия аз майдонҳои ҳавоии Ӯшу Бишкек сафар мекунанд.

Моҳи сентябри соли гузаштаи 2014 пулиси қирғиз дар фурудгоҳи шаҳри Ӯш, ҷануби Қирғизистон, Комил Раҳматов -- сокини ноҳияи Спитмени Тоҷикистонро бар асоси маълумоти фаврии ҳамтоёни тоҷики худ дастгир кард, ки дар даст билети парвоз то Туркияро дошта, қасди "ҷиҳод" дар Фаластинро дошт. Вай ба пулиси қирғиз гуфтааст, ки гови худро фурӯхта, то Туркия билет гирифт. Қабл аз он Насиба Фаттоева, зане аз Исфара, ки мехост бо ду кӯдак ва саввумӣ дар батнаш ба назди шавҳараш, ки дар Сурия меҷангид равад, аз марзи Қирғизистон ақиб гардонда шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG