Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буддо дар ҳолати "нирвона" -- рамзи таҳаммулпазирии тоҷикон


Муҷассамаи 14-метраи Буддо дар ҳолати ниёиш ё нирвона, ки дар Музейи таъриху бостоншиносии Тоҷикистон маҳфуз аст, таърихи 1600-сола дорад.

Муҷассамаи 14 - метраи Буддо дар ҳолати ниёиш ё нирвона, ки дар Музейи таъриху бостоншиносии Тоҷикистон маҳфуз аст, таърихи 1600-сола дорад.

Дар ҳоле ки бо дасти барбарҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ба такрор осори фарҳангию таърихии даврони тоисломӣ дар Сурия ва Ироқ тахриб шудааст, дар Тоҷикистон ашёи мазҳаби буддоӣ ҳифз ва нигаҳдорӣ мешавад. Муҷассамаи гилии Буддо дар ҳолати ниёиш, ки бузургтарин дар ҷаҳон аст, аз ҷумлаи онҳост.

Комила Маҷнунова, корманди Музейи таъриху бостоншиносии Тоҷикистон мегӯяд: “Чиниҳо, кореягиҳо, ҷопониҳо ва буддоиҳо аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон барои дидани Буддои дар ҳолати нирвона ба Тоҷикистон меоянд. Онҳо муҷассамаро зиёрат карда, парастиш мекунанд, гул мегузоранд. Мо ба онҳо халал намерасонем”.

Муҷассамаи Буддо дар Музейи таъриху бостоншиносии Тоҷикистон ҳазорҳо нафар сайёҳону зиёратгарони хориҷиро ба ин кишвар ҷалб мекунад. Ин муҷассамаи бузургтарини Буддо дар ҳолати нирвона, аз ҷаззобиятҳои аслии Тоҷикистон барои ҷаҳонгардон ба шумор меравад.

Патриша, ҷаҳонгарди олмонӣ мегӯяд, аз ҷумлаи ашёҳои бостонии музей ӯро бештар муҷассамаи бузурги Буддо дар ҳолати нирвона мафтун кардааст.

Виктория Долгова, ҷаҳонгард аз Русия мегӯяд: “Аз он ки, бароям дидани муҷассамаи Буддо муяссар шуд, хеле шодам. Дар бораи ин муҷассама шунида будам, аммо таассуроте, ки аз дидани он гирифтам, тасвирнопазир буд”.

Буддои калонтарини дунё дар ҳолати ниёиш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Муҷассамаи Буддо дар толори алоҳида ва аз ҳама бузурги музей гузошта шудааст. Ба гуфтаи Комила Маҷнунова, корманди музей, ин ашёи нодир аст, кашф шудани муҷассамаи Буддо нишонаи он аст, ки қаблан дар ҳудуди Тоҷикистони ҳозира буддоиҳо зиёд будаанд.

Тадобири амниятӣ дар атрофи муҷассами Буддо шадид аст. Аккосӣ ё навор гирифтани муҷассама мамнӯъ аст. Ба эътиқоди бостоншиносон, ин амалҳо метавонад ба муҷассама асари номатлуб гузорад. Дар чанд соли ахир танҳо ба гурӯҳи наворбардории “Настоящего времени” иҷозаи наворбардорӣ дода шудааст. Ба хотири осеб надидани муҷассама аз замони насбаш дар соли 2001 то ба ҳол ба ҷойи дигар мунтақил нашудааст.

Муҷассамаи Буддо дар ҳолати ниёиш дар даҳаи 60-уми асри гузашта аз ҷониби бостоншиносони шӯравӣ дар маъбади қадимӣ дар ҷануби Тоҷикистон ҳафр шуда буд. Ин харобаи маъбадро то ҳол сокинони маҳаллӣ “Аҷина-теппа” мегӯянд. Муҷассамаи Буддо дар соли 1997 тармиму эҳё шуда ва баъдан дар Музейи таъриху бостоншиносии Тоҷикистон гузошта шудааст.

Комила Маҷнунова мегӯяд: “Дар минтақаи “Аҷина-теппа” беш аз 600 ашё, аз ҷумла, пораҳои муҷассами Буддо ҳафр шуда буд. Имрӯз ин ашё дар музейҳои кишварҳои мухталиф гузошта шудаанд”.

Ду соле қабл, ба ҳангоми ифтитоҳи Музейи нави миллӣ мехостанд муҷассамаи Буддоро ба он ҷо гузоранд. Аммо бостоншиносн исрор доштанд, ки ба далели гилин будани муҷассами Буддо мумкин аст ҳангоми интиқол додан он осеб бинад. Аз ин лиҳоз, дар музейи нав нусхаи ин муҷассамаро гузоштанд.

Вақти муқоисаи ин ду муҷассама фарқиятҳое ба чашм мехурад. Зеро ба ҳангоми ҳафри муҷассама танҳо қисмати сар ва бахши поёнии он кашф шуда буд. Қисматҳои дигари муҷассама баъдан аз сӯйи бостоншиносон такмил шуданд.

Эҳтимол меравад, дар даврони зуҳури ислом дар Осиёи Миёна дар асри 8-и милодӣ маъбадҳои буддоӣ, аз ҷумла, муҷассамаи Буддо тахриб шуда буданд. Вале бостоншиносон тавонистанд ин муҷассамаро мисли нусхаи асл барқарор кунанд.

97 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон мусалмон ҳастанд. Ба гуфтаи кормандони Музейи таъриху бостоншиносии Тоҷикистон, муносибати эҳтиёкоронаи сокинони кишвар ба ашёи қадимии даврони тоисломӣ намоишгари таҳаммулгароии мусалмонон ба мазҳаби дигар аст. Ин амр дар шароити ҳозира, ки дар Ховари Миёна ашёи таърихӣ тахриб мешавад, аҳамияти ҷаҳониро касб кардааст.

XS
SM
MD
LG