Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чанд посух аз Душанбе ба сӯҳбатҳои "бедарвоза"-и Жириновский (ВИДЕО)


Вазорати хориҷии Тоҷикистон ба изҳороти ахири Владимир Жириновский ноиби раиси Думаи Давлатии Русия ва раиси ҳизби Либерал Демократи ин кишвар ки дар пайи ҳодисаи ахири Украина гуфтааст Осиёи Мароказӣ низ ба сифати округ ба тобеъаияти Русия ворид шавад, вокуниш кард.

Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 26-уми феврал дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, ки "иддаои Жириновский ба ҳеҷ ваҷҳ мавқеи давлати Русияро инъикос намекунад ва рӯи равобиту ҳамкориҳо бо Тоҷикистон таъсире нахоҳад гузошт."

Жириновский изҳороти зиддунақизи худро чанд рӯз пеш дар пайи суқути ҳукумати Виктор Янукович баён дошт ва бо нороҳатии давлатҳои Осиёи Марказиро ба бор овард. Ду давлати Қазоқистон ва Қирғизистон ҳатто ба Русия нотаи эъитрозӣ доданд. Изҳоолти зуддунқази Жириновский барои давлатҳои собиқ Шӯравӣ ҳарфи нав нест ва ӯ ҳамеша давлатҳои мштаракулманофеъро бо кӯмакҳое, ки солҳо аз Русия гирифтаанд миннат мекунад. Аммо замони пахши изҳороти ахир дигар буд ва дуруст дар вақте сурат гирифт, ки Украина, як давлати муҳими Иттиҳоди давлатҳои Муштаракушлманофеъ аз таҳти назари Русия дур шуд.

Рӯзи чаҳоршанбеи 26 феврал як идда намояндагони парлумони Тоҷикистон низ дер ҳам бошад ба иддаои Жириновский, ки мавҷудияти давлатҳои Осиёи Марказиро ҳам кишварҳои решадор зери суол мебарад, посух доданд. Жириновский рӯзи 23-юми феврал, дар гирдиҳамоии Рӯзи артиши рус хиттоб кард ки "кишварҳое чун Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистонро мо, яъне русҳо фикр карда сохтем».

Муҳиддин Кабирӣ, узви кумитаи равобити байналмилалии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ҳарчанд Жириновский бо суҳбатҳои эҳсосотияш маъруфт аст, аммо вай ҳамчун роҳбари як ҷиноҳ дар Думаи давлатӣ назари қишре аз аҳолии Русияро баён мекунад: «Жириновский як даъфа аз Путин ҳушдор низ гирифта буд, ки чунин ҳарфҳоро назанад, аммо вай боз идома медиҳад. Чунин эҳсос мешавад, ки Жириновский бо розигии қаблии бархе аз сиёсатмадорони Русия ин ҳафрҳоро мезанад. Вагарна пеши роҳи ӯро гирифтан чандон душвор нест».


Исмоил Талбаков, вакили порлумон аз ҳизби комунисти Тоҷикикистон мегӯяд, суханҳои Жириновскийро бояд ҷиддӣ гирифт, чунки он аз тариқи шабакаи телевизионии давлатии «Россия-24» пахш шуд: «Ин суханони ӯ шовиностона аст, ки истиқлолияти милли кишварҳои соҳибистиқлолро нодида мегирад. Ҳол он ки ин истиқлолияти кишварҳои Осиёи Миёна дар натиҷаи муборизаҳо ба даст омдааст. Ин суханони ӯ авзои амни кишварро метавонад ноором кунад, ки мо онро маҳкум мекунем. Мо ҷонибдори муносиботи хуб бо кишвари Русия ҳастем, муносиботе ки ба манфиати ҳарду кишвар бошад.»

Ҷаноби Талбаков афзуд, ки ин барои бори аввал нест, ки Жириновский истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳқир мекунад. Аз ин рӯ, ба таъкиди ӯ, дар сурати такрор шудани чунин кирдор аз сӯи Жириновский Тоҷикистонро месазад, то вайро мисли кишварҳои дигари Осиёи Миёна "шахси мамнӯъулвуруд" эълон кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG