Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси тунди Жириновский бо муҳоҷирон дар як навори YouTube


Nladimir Jirinovskiy with tajik migrants, 27.12.2013

Nladimir Jirinovskiy with tajik migrants, 27.12.2013

Муҳоҷирони кории тоҷик дар баҳс бо Владимир Жириновский, ки онҳоро ба муфтхӯрӣ айбдор кард, дастболо шуданд ва ин навор дар шабакаи YouTube баҳсҳои зиёдеро ба миён овард.

Дар ин навори видео дида мешаванд, ки як гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки худро тоҷик ва аз Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд, бо гурӯҳе аз шаҳрвандони Русия ва Владимир Жириновский, роҳбари Ҳизби либерал демократии Русия, дар кӯча вориди баҳс шудаанд.

Баҳси онҳо асосан сари муҳоҷирон дар Русия ва ишғоли ҷойҳои корӣ аз тарафи онҳост. Яке аз ҳамроҳони Жириновский, ки худро шаҳрванди Русия муаррифӣ кард, ба муҳоҷирон мегӯяд: «Шумо ҳамаи ҷойҳои кориро банд кардаед». Ҳарчанд муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ки "агар лозим донед, марҳамат рафта роҳрӯбӣ кунед", аммо ин шаҳрванди Русия посух дод, ки аз зиёд шудани муҳоҷирон ҷои кор кофтан мушкил шудааст. Дар ҷавоб муҳоҷирон мегӯянд, ки «Шумо менӯшед» ва бо ин сабаб дар ҷое кор кардан бароятон мушкил аст.

Дар ин баҳси тезу тунд, Владимир Жириновский бори дигар такрор кард, ки ҳузури муҳоҷирон дар Русия қобили қабул нест. Аммо муҳоҷирон «бо як овоз» эътироф карданд, ки кору фаъолияти онҳо дар Русия қонунӣ ва ба манфиати ин кишвар аст.

Яке аз муҳоҷирон аз Жириновский пурсид, ки чаро дар давраи ҷанг (Ҷанги Бузурги Ватанӣ) ин ҳарфҳо матраҳ набуд: «Бобои ман дар ҷанг барои дифои ин сарзамин ҳалок шудааст». Жириновский ҳарфи ҷавонро тасдиқ кард, аммо гуфт: «Он вақт ҳама дар як кишвар мезистанд».

Жириновский гуфт, ки тоҷикон русҳоро аз кишвари худ рондаанд ва ҳузури онҳоро қабул надоранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG