Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон 14000 танфурӯш ва 30000 марди ҳамҷинсгаро будаанд


​Бунёди ҷаҳонии зидди СПИД, сил ва вараҷа дар як гузорише мегӯяд, дар Тоҷикистон дар соли гузашта 14 ҳазор танфурӯш ва 30 ҳазор мардони ҳамҷинсгаро будаанд.

Бунёди ҷаҳонии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа мегӯяд, бар асоси арзёбиҳои тиббӣ ва демографӣ соли гузашта дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 14 ҳазор нафар ба танфурӯшӣ машғул будаанд. Бино ба иттилои ин созмон, мизони гирифтории ин афрод ба бемории ВИЧ ё норасоии масунияти бадан аз 2,8 дарсади соли 2009 то ҳудуди 5 дарсад дар соли 2014 боло рафтааст.

Бар асоси гузориши Бунёди ҷаҳонии зидди СПИД, сил ва вараҷа, дар Тоҷикистон эҳтимол 30 ҳазор мардони ҳамҷинсгаро низ ҳастанд, ки аксарияташон, яъне 57 дарсади онҳо, бо занон низ равобити ҷинсӣ доштаанд. Ба гуфтаи ин созмон, чунин иртиботи ҷинсӣ хатари мубтало шудани занонро ба бемории ВИЧ афзоиш медиҳад ва зоҳиран як сабаби афзоиши сафи занони гирифтори бемории норасоии масунияти бадан дар Тоҷикистон аст. Масалан, агар дар соли 2009 дар кишвар 113 мавриди сирояти ин беморӣ ба занон сабт шудааст, соли 2014 теъдоди онҳо ба 348 нафар расидааст.

Аммо то кунун дар Тоҷикистон ҳеч мавриди сирояти мардони ҳамҷинсгаро ба норасоии масунияти бадан аз якдигар сабт нашудааст. Ба гуфтаи мутахассисон, ҳарчанд мардони ҳамҷинсгаро дар Тоҷикистон аз тарси табъиз ва "беобрӯ" шудан худро ошкор намекунанд ва пайдо кардани онҳо сахт аст, аммо ташхиси тиббии онҳо барои ошкор кардани бемории ВИЧ дар муқоиса ба соли 2010 даҳ маротиба зиёд шудааст.

Агар панҷ сол пеш дар кишвар 89 марди ҳамҷинсгаро барои ташхиси беморӣ ба табибон ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ муроҷиат кардаанд, соли 2013 шумораи онҳо ба 942 нафар расидааст. Бар асоси арзёбиҳо, сирояти бемории ВИЧ-СПИД дар миёни мардони ҳамҷинсгаро дар Тоҷикистон 1.5 дарсадро ташкил медиҳад, вале ин миқёси воқеиро нишон намедиҳад, зеро аз сабаби табъизи зиёд, ин мардон мегуфтаанд, ки ҳангоми иртиботи ҷинсӣ бо занон ба ВИЧ гирифтор шудаанд. Дар миёни ин қишр дар шаҳри Душанбе бештар аз 5 дарсадашон гирифтори "сифилис" ва тақрибан 4 дарсад гирифтори бемории "гепатити С" будаанд.

Табибон ва созмонҳои имдодӣ соли 2013 ба 2645 мардони ҳамҷинсгаро барои пешгирӣ аз сироят ба бемории ВИЧ-СПИД кумак расондаанд. Мутахассисон ва муаллифони гузориш навиштаанд, азбаски дар Тоҷикистон ҳамҷинсгароӣ табу аст ва онҳо ба табибон муроҷиат намекунанд, аз ин рӯ мумкин аст, шумораи бештари онҳо ба бемории ВИЧ-СПИД гирифтор бошанд. Аз ин рӯ, ба қавли табибон зарур аст, барои муайян кардани вазъи воқеии густариши вируси норасоии масунияти бадан дар байни онҳо таҳқиқоти изофӣ гузаронида шавад.

Ин омор дар ҳоле аз сӯи Бунёди байналмилалии зидди СПИД, сил ва вараҷа нашр шудааст, ки дар кишвар дар аз афзоиши ҷиноятҳои ахлоқӣ ва ҷалби шумори зиёди занону духтарон ба танфурӯшӣ изҳори нигаронӣ мешавад. Дар моҳи июни соли 2014 баъд аз як суханронии вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода, дар Тоҷикистон як маъракаи густардаи зидди ҷиноятҳои ахлоқӣ ба роҳ андохта шуд ва мақомот эълон карданд, ки дар зарфи ҳамагӣ як ҳафтаи аввали ин маърака ва танҳо дар шаҳри Душанбе беш аз 500 нафарро бо гумони танфурӯшию даллагӣ ва ё ташкили фоҳишахона боздошт кардаанд.

Танфурӯшӣ тибқи қонунҳои Тоҷикистон ҷиноят ҳисоб намешавад ва занони танфурӯш маъмулан баъд аз боздошт бо пардохти ҷаримаи начандон бузурге раҳо мешаванд. Вале кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои даллагӣ, ҷалби афрод ба танфурӯшӣ, қочоқи инсон ва ташкили фоҳишахона муҷозоти сангинеро пешбинӣ кардааст.

Тақрибан ҳар рӯз дар торнамои вазорати корҳои дохила аз кашфи ин ё он фоҳишахона ваё афроди алоҳида бо иттиҳоми алоқаи ҷинсӣ бо духтарони ноболиғ ва қонуншиканиҳои дигари ахлоқӣ хабарҳои зиёд ба нашр мерасанд. Нозирони умур бо таваҷҷӯҳ ба маъракаи густардае, ки аз тобистони соли 2014 дар Тоҷикистон идома дорад, мегӯянд, интизор доранд, ки омори марбут ба ҷиноятҳои ахлоқӣ нисбат ба солҳои қаблӣ хеле бузургтар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG