Пайвандҳои дастрасӣ

Иҷора барои чанд соат ё фоҳишахона?


Яке аз фоҳишахонаҳои ошкоршуда. Акс аз сомонаи mvd.tj

Яке аз фоҳишахонаҳои ошкоршуда. Акс аз сомонаи mvd.tj

Мақомоти умури дохилаи Тоҷикистон аз ошкор шудани боз 3 фоҳишахона дар шаҳри Душанбе хабар медиҳанд. Аз аввали сол танҳо дар пойтахти Тоҷикистон алакай 6 фоҳишахона ошкор ва соҳибонашон дастгир шудаанд.

Вазорати умури дохила хабар дод, ки рӯзҳои 7 ва 8 январ фаъолияти боз 3 фоҳишахонаро дар шаҳри Душанбе ошкор ва соҳибони онҳоро боздошт кардаанд. Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи ин вазорат, Б.Т. соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри Душанбе, «санаи 07.01.с.2015 дар яке аз меҳмонхонаҳои ш. Душанбе ба шаҳрвандон: А.М. соли таваллудаш 1980, Қ.Х. соли таваллудаш 1974 ва У.Д. соли таваллудаш 1980, Т.З. соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз ҳар ҷуфт 100-сомонӣ маблағи пулӣ гирифтааст.»

Ҳамин манбаъ ҳамчунин дар бораи боздошти сокинони Душанбе Ғ.Т., соли таваллудаш 1960 ва Қ.Т., соли таваллудаш 1968 бо айни иттиҳоми ташкил ва нигоҳ доштани фоҳишахона хабар медиҳад. Сомонаи вазорати дохила менависад, Ғ.Т. «хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба сокинони ш. Душанбе: Х.З. соли таваллудаш 1992 ва Ф.Н. соли таваллудаш 1988 барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё сохта, аз онҳо 150-сомонӣ гирифтааст.»

Дар мавриди боздошти Қ.Т. ҷузъиёти бештаре ироа шудааст: «Муайян карда шуд, ки сокини ш. Душанбе Қ.Т. соли таваллудаш 1968 дар хонаи истиқоматиаш ба ивази маблағи 100-сомонӣ, аз ҳар кадом, ба шаҳрвандон: К.И. соли таваллудаш 1991 сокини н. Рӯдакӣ ва Х.Л. соли таваллудаш 1975 сокини ш. Душанбе, О.Б. соли таваллудаш 1987 сокини ш. Душанбе ва С.О. соли таваллудаш 1987 сокини н. Носири Хусрав, М.С. соли таваллудаш 1993 ва Т.З. соли таваллудаш 1985, сокинони ш. Душанбе шароити алоқаи ҷинсӣ намудан фароҳам намудааст.»

Алайҳи ҳарсе бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Дар ин ҳафта ин вазорат аз боздошти боз 2 сокини шаҳри Душанбе ва як сокини шаҳри Ваҳдат бо иттиҳоми даллагӣ ва ташкилу нигоҳ доштани фоҳишахона хабар дода буд. Дар ҳарсе маврид гуфта мешуд, ки ин афрод манзилҳои худро дар пойтахт” бо ташкили шароити алоқаи ҷинсӣ” ба маблағи аз 100 то 200 сомонӣ барои чанд соат ба ҷуфтҳои муштоқ “иҷора” медоданд.

Вазорати умури дохила ҳамчунин аз ошкор шудани як мавриди “ҷалби одамон ба истисмори шаҳвонӣ” дар вилояти Суғд дар рӯзи 9 январ хабар медиҳад. Дар сомонаи ин вазорат гузориш шудааст, ки сокини ноҳияи Б.Ғафуров А.М. соли таваллудаш 1976 бо мақсади ҷалби одамон ба истисмори шаҳвонӣ бо ноболиғ Р.У. соли таваллудаш 1997, сокини ш. Хуҷанд вохӯрда, бо ваъдаҳои бо ҷойи кори хуб таъмин намудан, ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия ӯро даъват намуда, ба танфурӯшӣ ҷалб намудааст.» Алайҳи Р.У. низ парванда кушодаанд.

Ин мавридҳои тозаи кашфи фоҳишахонаҳо ва ҷалби як ноболиғ ба танфурӯшӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар ин кишвар дар ин авохир аз афзориши ҷиноятҳои ахлоқӣ ва ҷалби шумори зиёди занону духтарон ба танфурӯшӣ изҳори нигаронӣ мешавад. Дар моҳи июни соли 2014 баъди як суханронии тунди вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода, дар Тоҷикистон як маъракаи густардаи зидди ҷиноятҳои ахлоқӣ ба роҳ андохта шуд ва мақомот эълон карданд, ки дар зарфи ҳамагӣ як ҳафтаи аввали ин маърака ва танҳо дар шаҳри Душанбе беш аз 500 нафарро бо гумони танфурӯшию даллагӣ ваё ташкили фоҳишахона боздошт кардаанд.

Танфурӯшӣ тибқи қонунҳои Тоҷикистон ҷиноят ҳисоб намешавад ва занони танфурӯш маъмулан баъди боздошт бо пардохти ҷаримаи начандон бузурге раҳо мешаванд. Вале кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои даллагӣ, ҷалби афрод ба танфурӯшӣ, қочоқи инсон ва ташкили фоҳишахона муҷозоти сангинеро пешбинӣ кардааст.

Х.Т. дар додгоҳ

Х.Т. дар додгоҳ

Ҳарчанд як зан бо номи Х. Т., ки моҳи августи соли ҷорӣ бо моддаи 239-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне ташкили фоҳишахона аз тарафи мақомот боздошт шуда буд, дар моҳи ноябр бо пардохти 40 000 сомонӣ ҷарима аз толори додгоҳ озод карда шуд.

Ҳанӯз омори расмии марбут ба соли 2014 нашр нашудааст, вале бино бар иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, дар соли 2013 дар ин кишгвар 1641 занону духтарони фоҳиша ошкор ва боздошт шудаанд, ки ин нисбат ба як соли қабл 338 зану духтар бештар будааст. 41 нафари онҳо духтарони ноболиғ будаанд. Дар маҷмӯъ дар соли 2013 дар Тоҷикистон 189 фоҳишахона кашфу ошкор шудааст, ки ин ҳам нисбат ба як соли пеш 39 адад зиёд будааст.

Тақрибан ҳар рӯз дар сомонаи вазорати корҳои дохила аз кашфи ин ё он фоҳишахона ваё афроди алоҳида бо иттиҳоми алоқаи ҷинсӣ бо духтарони ноболиғ ва қонуншиканиҳои дигари ахлоқӣ хабарҳои зиёд ба нашр мерасанд. Нозирони умур бо таваҷҷӯҳ ба маъракаи густардае ки аз тобистони соли 2014 дар Тоҷикистон идома дорад, мегӯянд, интизор доранд, ки омори имсолаи марбут ба ҷиноятҳои ахлоқӣ нисбат ба соли 2013 хеле бузургтар хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG