Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯҳониёни расмӣ дар Тоҷикистон таҷлили Соли нави масеҳиро як навъ василаи ҳамзистӣ ва ҳамдигарфаҳмии намояндагони адёни гуногун дар кишвар медонанд. Кумитаи дин низ аз Соли нав ҳимоят кардааст.

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон имрӯз, 30 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон ба унвони кишвари мусалмонӣ дар остонаи таҷлили Соли нави масеҳӣ қарор дорад ва дар намози ҷумъаи гузашта, имомхатибони масоҷиди ҷомеи кишвар аз фарорасии он ёдоварӣ намуда, онро як навъ василаи шодиву хурсандии кӯдакон ва оростани дастурхони солинавӣ хонданд. Имомхатибони Тоҷикистон дар мавъизаҳои худ гуфтаанд, ки таҷлили Соли нави масеҳӣ як навъ василаи ҳамзистӣ ва ҳамдигарфаҳмии намояндагони адёни мухталиф дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Кумитаи дини Тоҷикистон меафзояд, имомхатибони масҷидҳо чанд сол боз интиқод шудани таҷлили Соли нави масеҳӣ ва иди Наврӯз аз ҷониби бархе аз ашхосро мавориди нодуруст шуморида, таъкид намуданд, ки Соли навро тоҷикон на ҳамчун ҷашни мазҳабӣ, балки чун фарорасии зимистон, хурсандии кӯдакон, ҷамъбаст ва падруди соли куҳан истиқбол мекунанд. Зимни сӯҳбатҳои худ имомхатибони зикр карданд, ки “мо дар давлати демократӣ зиндагӣ дорем ва солшумории мо на ҳиҷрӣ, балки мелодист”

Имомхатибони Тоҷикистон иброз доштанд, дар соли нав арча ба он
хотир оро дода мешавад, ки мувофиқи баъзе сарчашмаҳо, Ҳазрати Исо (а) дар зери он таваллуд шудааст. Ин масъала дар Қуръони карим чунин баён мегардад: “Пас, ўро аз ҷониби поини ў овоз дод, ки: «Андуҳ махўр, ҳамоно Парвардигори ту аз зери қадами ту ҷўе пайдо кардааст! Ва танаи дарахти хурморо ба сӯи хеш биҷунбон, то бар сари ту хурмои тозаи аз дарахтчидаро биафканад! Пас, бихўр ва биошом ва осуда чашм шав; (Сураи Марям,оятҳои 24-26)

Кумитаи дини Тоҷикистон бо такя ба шарҳи ин оёт аз қавли имомхатибон овардааст, ки аз тафсири ин оёт маълум мешавад, ки “чун Марям-модари ҳазрати Исо обистан шуд ва ҳамлаш наздик омад, аз деҳа ба ҷои дуртаре рафт ва дар зери дарахти хурмои хушкида қарор гирифт. Худованд ба қудрати худ он дарахти хурморо эҳё намуд ва аз зераш чашмае падид овард”.Аз ин рў, ба хотири он ки пайғамбари Худо дар зери ин дарахт ба дунё омадааст, масеҳиён онро оро додаву дар гирдаш рақсу бозӣ мекунанд, арчаро муқаддас мешуморанд.

Кумитаи дини Тоҷикистон таъкид мекунад, ки мусулмонон ҳамзистии динҳоро дар Тоҷикистон бо эҳтиром гузоштан ба оину суннатҳои дигар мазҳабҳо ба суботу оромӣ дар кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Ин изҳороти Кумитаи дини Тоҷикистон дар ҳоле пахш шуд, ки имомхатибони масҷидҳои Узбакистон низ дар хутбаи намози ҷумъаи рӯзи 26 декабр, ки охирин намози ҷумъа дар соли милодии 2014-ум буд, истиқбол аз Соли нави милодӣ аз сӯи мусалмононро “ҳам ақлан ва ҳам шаръан ҷоиз” ҳукм карда буданд.

Имомхатибон ба намозгузорон матни мавъизаи аз сӯи Идораи мусалмонони Узбакистон таҳияшударо қироат карданд, ки он бо такя ба китоби “Баёнунлинос”,ба ҳадиси шариф ва ҳам ба 5 ояти аввали сураи “Рум” аз китоби “Қуръон” ҷашн гирифтани Соли нави милодиро барои мусалмонон ҷоиз мешуморанд. Дар тезисҳои мавъизаи "солинавӣ"-и идораи мусалмонҳои Узбакистон бо такя ба сураи "Рум" гуфта мешавад, ки мусалмонон ба ғайр аз ду иди Рамазону Қурбон ба таҷлили идҳои дигари динию дунявӣ низ ҳақ доранд.

Дар Тоҷикистон низ тақрибан дар арафаи ҳар иди Соли нав баҳси ин масъала бармехезад, ки оё таҷлили ин ид аз сӯи мусалмонон то куҷо ҷоиз аст. Бархе рӯҳониёни тоҷик бар ин назаранд, ки таҷлили Соли нав аз мавлуди Исои Масеҳ, ки католикҳову протестантҳо 25 декабр ва православиҳо 7 январ ҷашн мегиранд,фарқ мекунад ва ҳамчун рӯзи таҳвили сол ҷашн гирифтанаш айбе надорад.

Аммо бахше дигар аз рӯҳониёни тоҷик ва бавижа пайравони равияҳои тунрави мазҳабӣ мухолифи ҳар навъ таҷлили ин ид дар ҷомиаи беш аз 90 дарсадаш мусалмони Тоҷикистон мебошанд. Дар байни диндорони тоҷик ҳамин тавр, назарҳо ба идҳои дигар, аз ҷумла ба Наврӯз низ яксон нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG