Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар ҷадвали Шохиси (Индекс) рушди инсонӣ-2015, ки Созмони Милали Муттаҳид нашр кард, дар миёни 188 кишвар дар мақоми 129-ум қарор гирифтааст.

Созмони Милали Муттаҳид ҷадвали Шохиси рушди инсонӣ-2015-ро нашр кард ва Тоҷикистонро дар миёни 188 кишвар дар мақоми 129-ум қарор дод. Ин ҷадвал омилҳои муҳиме чун дарозумрӣ, тандурустӣ, дастрасӣ ба таълим ва бархӯрдор будан аз шароити муносиби зиндагиро меҳвар қарор додааст.

Ин ҷадвал кишварҳоро ба чаҳор бахш тақсим кардааст. Бахши аввал кишварҳое ҳастанд, ки аз ҷиҳати рушди инсонӣ вазъияти олӣ доранд ва кишварҳои аз рубтаи аввал то 49 шомили он мебошанд. Бахши дувум кишварҳое бо вазъияти нисбатан матлуб ҳастанд ва шомили рубтаи 50 то 105 мебошанд.

Бахши савум кишварҳое бо вазъи миёна ҳастанд, ки рутбаи 106 то 143 -и ҷадвалро шомил мешаванд. Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ин гурӯҳ қарор дорад. Бахши чаҳорум шомили кишварҳое аст, ки аз назари шохиси рушд, вазъияти бисёр баде доранд ва рубтаи 144 то 188, яъне қаъри ҷадвалро дар бар мегиранд.

Дар миёни 188 кишвари мавриди баррасӣ, муаллифони ин гузориш Тоҷикистон дар раддаи 129-уми шохиси рушди инсонӣ, як радда поинтар аз Гуатемала ва як зина болотар аз Ҳиндустон қарор гирифтааст. Дар ин раддабандӣ Қазоқистон дар мақоми 56, Узбакистон дар ҷои 114, Туркманистон 109 ва Қирғизистон дар раддаи 120 қарор доранд.

Беҳтарин кишвари ҷаҳон барои зиндагӣ боз ҳам Норвегия интихоб шудааст. Ин барои соли даҳум аст, ки Норвегия пайдарпай дар садри ин ҷадвал қарор мегирад. Дарозии умри миёна дар ин кишвар ҳудуди 81 сол буда ва даромади мардуми ин кишвар ҳудуди 70 ҳазор доллар дар сол аст. Пас аз Норвегия дар ин ҷадвал Австралия, Шведсария Дания, Голандия дар мақомҳои дувум то панҷуми ҷадвали Шохиси рушди инсонӣ қарор гирифтаанд.

Дар ин гузориш, ки аз соли 1990 ба ин тараф нашр мешавад, шохиси рушди инсонии 188 кишври ҷаҳонӣ баррасӣ мешавад ва имсол Судони ҷанубӣ низ дар ин маҷмӯа шомил шудааст. Панҷ кишваре, ки дар охири ин ҷадвал қарор гирифтаанд, Нигер, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Еритерия, Чад ва Бурундӣ мебошанд.

Мудири бахши рушди инсонии Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки ин гузориш дар ҳақиқат як дархости ҷиддӣ барои муқобила бо монеҳои рушд дар саросари ҷаҳон аст. Шароити кор ва имкони корёбӣ дар саросари ҷаҳон ба суръат дар ҳоли дигаргунӣ аст ва суол ин мебошад, ки бо чӣ сиёсатҳо ва равишҳо метавон рушди инсониро дар ин вазъияти тағйирёбанда, тазмин кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG