Пайвандҳои дастрасӣ

Аксари сокинони Тоҷикистон, ки пайвандонашон дар ҷанги шаҳрвандӣ беномунишон шудаанд, бо гузашти 17 сол аз хатми ҷанг умеди дубора пайдо шудани онҳоро аз даст додаанд.

Зимистони соли 1994 ду бародар ва як тағои Идимоҳ Шодиева, сокини ноҳияи Тавилдара нопадид шуданд ва бо гузашти 20 сол ҳанӯз аз онҳо нишоне пайдо нагаштааст. Ин зан мегӯяд, наздиконаш барои харидани орд ба деҳи ҳамсоя рафтанд ва қарор буд, пас аз ду соат баргарданд, аммо дигар барнагаштанд.

Наздикони ин зан замоне нопадид шуданд, ки минтақаи Рашт, шарқи Тоҷикистон макони аслии даргирии нерӯҳои ҳукуматӣ бо мухолифон буд. Ин се мард аз ҷониби кадоме аз ин нерӯҳо бурда ва ё кушта шуд, то ҳанӯз ба касе маълум нест. Аммо хонум Идимоҳ мегӯяд, интизор дошт, ки пас аз анҷоми ҷанг наздикони нопадидшудааш пайдо мегарданд, вале пас аз 17 сол аз анҷоми ҷанг ҳоло ин умедашон канда шудааст.

«Падару модар умед доштанд, ки рӯзе бармегарданд, вале бо ҳамин умед мурданд. Бисёриҳо ҷасадҳои наздиконашонро пайдо карданд ва ё нафароне барояшон гуфтанд, ки дар фалон ҷо кушта шуданд. Аммо дар бораи наздикони мо касе чизе нагуфт. Дар ин 20 сол агар зинда мешуданд, аз худ хабар медоданд, вале чун хабар надоданд, мо фикр мекунам, ки дар қайди ҳаёт нестанд.»

Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки наздики 5 сол, 1992-1997 давом кард, алангаҳои он аз минтақаи Қурғонтеппа шурӯъ шуд ва дар водии Рашт бо баста шудани созишномаи сулҳ миёни раҳбарияти иттиҳоди мухолифин ва ҳукумати кунунӣ поён ёфт.

Наҳтутӣ Алиева, хабарнигори маҳаллӣ дар минтақаи Рашт мегӯяд, деҳае нест, ки он ҷо аз хонаводае ягон нафар беномунишон нашуда бошад. Хонум Алиева мегӯяд, дар ҳоле сокинон умеди пайдо кардани наздиконашонро аз даст доданд, ки тамоми талошҳояшон барои дарёфти онҳо барҳадар рафт:

«Ҳар касе, ки аз беномунишон шудагон зинда буд, аз куҷое дар бораи худ дарак дод. Ё дар Афғонистон буд ва ё дар Русия, ки бо наздиконашон дар тамос шуданд. Аммо шумораи бештари онҳо пайдо нашуд ва аз он рӯзҳо 21 сол гузашт. Падаре, ки пеш аз гумшуданаш писар дошт, ҳоло ӯ 21 сола шудааст. Ҳангоми сӯҳбатҳо онҳо дигар дилмонда шудаанд. Гӯрҳои дастаҷамъӣ дар ин минтақа зиёд аст, аз ин рӯ бисёриҳо фикр мекунанд, шояд наздиконашон он ҷо хок бошанд, ки дигар аз худ дарак надоданд.»

То ҳол касе шумораи беномунишоншудагон ва афроди кушташуда дар ҷанги шаҳрвандиро дақиқ намедонад ва ҳеҷ пажӯҳише дар мавриди қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ сурат нагирифтааст.

Нуралӣ Давлат

Нуралӣ Давлат

Ҳарчанд, борҳо мақомоти расмии Тоҷикистон аз кушта шудани 100 то 150 ҳазор сокини Тоҷикистон дар ҷанги шаҳрвандӣ хабар додаанд, Нуралӣ Давлат, пажӯҳишгари тоҷик, ки солҳои аввали ҷанги шаҳрвандиро пажӯҳиш мекунад, мегӯяд, ин шумора дақиқ нест ва то кунун касе ин мавзӯъро дар Тоҷикистон таҳқиқ накардааст.

Аммо Нуралӣ Давлат мегӯяд, рӯз то рӯз омӯзиши воқеиятҳои ҷанг ва дақиқ кардани шумораи кушташудагон мушкил мешавад, зеро шоҳидони ҳодисаҳо аз дунё дармегузаранд ва бархе бо дарназардошти манфиатҳои худ воқеиятро пинҳон медоранд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, то ҳол чунин ақидае вуҷуд дорад, ки навиштан дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ нохун задан ба эҳсосоти наздикони қурбониён аст:

«Онҳое ин ҳарфҳоро ба забон меоранд, ки аз худашон метарсанд. Инҳо нафароне ҳастанд, ки метарсанд, ки дар пайи гуфтани ин ҳарфҳо номи онҳо сиёҳ нашавад. Аммо бояд воқеият гуфта шавад ва бояд таърихи ин мусибати халқи худро дар хотир ҳифз кунад. Маълум аст, ки дигар ҷанги шаҳрвандӣ қаҳрамон надошт.»

Дар ҳамин ҳол, Наҳтутӣ Алиева, хабарнигори маҳаллӣ мегӯяд, ҳанӯз ҳам барои омӯхтани воқеияти ҷанги шаҳрвандӣ дер нашудааст: «Дар ҳар деҳа медонанд, ки замони ҷанг чанд нафар кушта шудааст ва ё беномунишон шудааст. Шоҳидони ҳодиса ҳам зиёданд. Агар таҳиқотгароне бошанду деҳа ба деҳа гарданд, фикр мекунам, ки шумораи кушташудагон аниқ мешавад. Шоҳидони ҳодисаҳо ҳам зиёданд ва инҳо мардуми оддиянд, ки воқеиятро мегӯянд ва ҳеҷ гоҳ ҳодисаҳоро таҳриф намесозанд.»

Дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ иштирокчиёни он аз ду ҷониб даҳҳо китоб навиштаанд, аммо ин осор пажӯҳишӣ ба назар намерасад. Шумораи кушташудагони ҷанги шаҳрвандиро гоҳҳо дар лавҳаҳое дар Идораҳои ҷамоат ва ё мактабҳои дар ин ё он шаҳру деҳоти Тоҷикистон вохӯрдан мумкин аст, вале ба сурати дастаҷамъӣ чунин лавҳае вуҷуд надорад.

Исмоил Иброҳим, корманди собиқи милисаи собиқ вилояти Кӯлоб, ки худро раҳбари Горди миллӣ ҳам медонад, мегӯяд, ӯ дар як китоби хотироти тозанашраш бо номи «Шуҷоат» исми беш аз ҳазор корманди милисаро овардааст, ки ҳангоми задухӯрдҳо ба ҳалокат расидаанд. Ӯ меафзояд, шумораи кушташудагон аз ин ҳам бештар буд, вале ӯ танҳо ҳамин миқдор исмро пайдо кардааст.

Ба мисли Иброҳим Исмоил даҳҳо нафар ширкатдорони ҷанги шаҳрвандӣ аз ду ҷониб китобҳои хотира навиштаанд, аммо Нуралӣ Давлат ин китобҳоро «талоше барои худсафедкунии ҷонибҳо медонад»:

«Мақсади аслии нависандагони чунин хотираҳо дақиқ аст, яъне худсафедкунӣ. Мазмуни ҳамаи ин китобҳо як аст, ки ҳама худро бузург медонад ва мегӯяд, ки ӯ ҳамеша барои сулҳ талош мекард ва намехост ҷанг шавад. Ин назари худи онҳо ҳаст ва мақсадашон аз худ бегуноҳ тарошидан аст. Аз кӯшишҳояшон барои сулҳ ва ё барқарор кардани сулҳу субот сӯҳбат мекунанд, ки ин комилан худсафедкунӣ ҳаст ва ин наметавонад воқеияти таърихро бозгӯ кунад.»

Аз шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 23 сол ва аз сулҳи он 17 сол гузашт, аммо воқеиятҳои ин ҷанги шаҳрвандӣ мисли афроди беномунишоншудаи он номаълум аст. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз сокинон ба бозгӯ шудани воқеиятҳои ҷанг умед доранд ва мисли афроде, ки пайвандонашон бенишон шудаанд, умедашонро аз даст надодаанд. Пешниҳоде низ садо дода буд, ки монанди кишварҳои дигар дар Тоҷикистон девори сафеде барафрошта шуда, дар он номи тамоми қурбониёни ҷанг сабт гардад ва ин феҳрасти талх ба наслҳои оянда паёми ҳушдордиҳанда бошад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG