Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, даргирӣ миёни Толибон ва нерӯҳои ҳукумати Афғонистон дар Кундузро назорат мекунанд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, даргирӣ миёни Толибон ва нерӯҳои ҳукумати Афғонистон дар Кундузро назорат мекунанд. Рӯзи гузашта, 28-уми сентябр маркази вилояти Қундуз, ки бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, ба дасти Толибон суқут кард. Аз шоми ҳамон рӯз амалёт барои бозпасгирии Кундуз аз ҷониби нирӯҳои давлатии Афғонистон шурӯъ шудааст.

Муҳаммад Ҷаъфаров, як масъули Идораи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 29-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, марзбонони тоҷик бо назардошти ташаннуҷи вазъ дар кишвари ҳамсоя, мисли ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доранд. Вай гуфт, марзбонони тоҷик “таҷрибаи хуби ҳифзи сарҳад”-ро доранд ва марзи давлатиро “хеле ҳушёрона” назорат мешавад. Ӯ гуфт: “Аз тарафи мо марз зери назорат қарор дорад. Дар марзи мо ҳоло оромӣ аст. Ҳеҷ кӯшиши убур кардани сарҳад аз тарафи ягон гурӯҳи ҷиноятӣ ба қайд гирифта нашудааст”.

Ин масъули Идораи марзбонӣ гуфт, мақомоти Тоҷикистон хоҳони ҳар чи зудтар ором шудани вазъи Афғонистон ҳастанд, зеро оромии ин кишвари ҳамсоя аз ҳама лиҳоз ба суди ҳар ду ҷониб аст.

Давоми як соли дар марзҳои шимолии Афғонистон дар сарҳад бо Тоҷикистон ҳузури афзояндаи гурӯҳҳои ҷангиён ва силоҳбадастони дигар мушоҳида мешавад. Дар як ҳодисаи охири соли гузашта гурӯҳе аз Толибон чаҳор сарбози тоҷикро дар марз ба гарав бурда буданд ва танҳо баъди ним сол, бо дахолати амири давлати Қатар сарбозон раҳо шуданд.

Қабл аз суқути Кундуз, чанд вулусволии ин вилоят, ки наздик ба марзи Тоҷикистон ҷойгир ҳастанд, ба дасти Толибон гузаштанд. Ин дар ҳолест, ки сокинони деҳоти наздимарзии Тоҷикистон мегӯянд, шабҳои охир тирпарониҳои ҷудогонаро аз он сӯи марз мешунаванд.

Қудратулло Нуруллоев, як сокини деҳаи наздимарзии ноҳияи Панҷ гуфт, чанд шаби охир аз он сӯи марз ба гӯшашон садои тирпарронӣ расидааст, аммо барои онҳо табиати ин тирандозиҳо маълум нест, ки оё дар бораи вуҷуди задухӯрдҳо далолат мекунад ва ё манзур танҳо машқҳои низомӣ аст. Ӯ мегӯяд, сокинони деҳоти наздимарзӣ ба тирпарониҳо аз он сӯи марз дар шаш моҳи ахир одат карда бошанд ҳам, аммо нашри хабарҳо аз фаъол шудани Толибон дар Афғонистон онҳоро нигарон кардааст.

Таҳлилгари тоҷик Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, нигаронии сокинони Тоҷикистон то ҷое асос дорад, зеро ҳадафҳои гурӯҳҳои Толибон ва дигар ифротиён танҳо бо Афғонистон маҳдуд намешавад. Ӯ мегӯяд, аз он рӯзе, ки Толибон фаъолиятҳои худро аз Покистон ва қисматҳои ҷанубии Афғонистон ба шимоk ё ва ё шарқи Афғонистон, наздиктар ба марзҳои кишварҳои Осиёи Миёна кӯчониданд, дидгоҳи ояндаи фаъолиятҳояшон дигар шуд.

Ӯ мегӯяд: “Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки пушти ин гурӯҳҳо манофеи бузурги геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ аст, мавзӯъ фаротар аз Афғонистон аст. Фикр мекунам, ҳадаф таъсиргузорӣ ба Чин ва Русия аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Агар вазъ ба чунин сурат идома кунад, Кундузу дигар шаҳрҳо аз дасти Толибон бозпас гирифта нашаванд, мо шоҳиди тағийроти ҷиддӣ дар бозиҳои сиёсӣ хоҳем шуд."

Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, Толибон якдаст нестанд ва агар гурӯҳе мегӯянд, ки ба ҳамсояҳо кор надоранд, гурӯҳи дигаре матавонад, ба ин розӣ нашавад. Ҳарчанд, онҳо ҳоло танҳо тасарруфи Афғонистонро дар назар доранд, вале метавонад аҳдофашон мисли чанд соли қабл боз ба таври дигар тағййр кунад. Агар воқеан, онҳо навоҳии назди марзии Афғонистон бо Тоҷикистонро ба чунин шева ғасб кунанд, он гаҳ пойгоҳҳои гурӯҳҳои дигари ифротӣ, ки қасди убур ба Осиёи Миёнаро доранд, қавитар хоҳад шуд.

Ҳоло ҳамла болои Толибон дар Кундуз дар ҷараён аст ва ба гуфтаи мақомҳои Афғонистон, Толибон барои аз даст надодани ин шаҳр нерӯҳои бештарро ба минтақа сафарбар кардаанд. Ҳанӯз ҳеҷ иттилое дар бораи ҷараёни ҷангҳо ва қурбониҳои эҳтимолӣ аз ҳарду тараф дастрас нест.

Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи пулиси Кундуз ба Радиои Озодӣ гуфт, зоҳиран Толибон аксари нерӯҳояшонро дар шарқи Афғонистон барои ғасби Кундуз ҷамъоварӣ кардаанд ва амалиёт барои озодсозии ин шаҳр шояд аз душвортарин амалиёт дар як соли ахир бошад. Аммо оқои Ҳусайнӣ изҳори умедворӣ кард, ки рӯзҳои наздик Кундуз аз дасти толибон раҳо хоҳад шуд.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1300 км марзи муштарак дорад. Шаҳри Кундуз, ки ҳоло дар дасти толибон аст, як нуқтаи стратегӣ ба шумор меравад, ки роҳи мустақим ба Кобул ва манотиқи муҳими дигар дар дохили Афғонистон, ҳамчунин бо вилояти Хатлони Тоҷикистони ҳамсарҳад ҳам пайвайд мегирад .

XS
SM
MD
LG