Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар миёни ду "ғӯл" - Чин ё Русия?


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои чиниаш дар Душанбе. Моҳи сентябри 2014

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои чиниаш дар Душанбе. Моҳи сентябри 2014

Юрий Крупнов сар ба сар задани Чину Русия барои манфиатҳояшон дар Осиёи Марказиро аз эҳтимол дур надонист, вале таҳлилгарони тоҷик гуфтанд, ки марзи нуфузи Маскаву Пекин дар минтақа, бахусус Тоҷикистон, мушаххас шудааст.

Русияву Чин ахиран созишномаеро ба имзо расонданд, ки барномаҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, таҳти раҳбарии Русия ва барномаи Камарбанди қитисодии Роҳи абрешими Чинро ҳамоҳанг мекунад. Ин созиш дар пайи сафари Ван И, вазири умури хориҷии Чин, ба Маскав ҳосил шуд, аммо таҳлилгарон мегӯянд, санадҳои имзошуда ба ҷуз баёни ҳусни тафоҳум ва нидоҳои деклоративӣ қуввате бештаре надоранд ва бархӯрди манфиатҳои Русияву Чин дар минтақаи Осиёи Миёна ҳамоно барҷаста боқӣ мемонад.

Юрий Крупнов -- роҳбари Шӯрои нозирони Пажӯҳишгоҳи демография ва рушди минтақавии Русия дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ду барнома бо назардошти манфиатҳои геополитикии ҳар ду кишвар ҷудо аз ҳам таҳия шудаанд ва агар онҳо ҳамоҳанг нашаванд, сар ба сар задани Чину Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз эҳтимол дур нест. Крупнов мегӯяд, лоиҳае, ки Чин дар доираи барномааш – "Камарбанди иқтисодии Роҳи нави абрешим" амалӣ карданист, манфиатҳои Тоҷикистон, кишварҳои дигари Осиёи Миёна ва Русияро ба инобат намегирад. Ӯ афзуд, Чин

Юрий Крупнов

Юрий Крупнов

кишварҳои минтақаро танҳо ба хотири сарватҳои зеризаминиаш истифода карданист ва роҳҳои нави оҳан ва автомобилгардро низ танҳо барои интиқоли ин сарватҳо ба Чин бунёд мекунад.

Крупнов, ки солҳо боз дар мавриди ҷалби сармояҳои ҳангуфти Русия барои рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон ҳарф мезад, мегӯяд, Русия дигар мисли Чин қудрати сармоягузорӣ ба кишварҳои ин минтақаро надорад. Аз ин рӯ, талош мекунад, барномаҳояшро бо Чин ҳамоҳанг созад, то манфиатҳои стратегиашро дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи миёна аз даст надиҳад.

Ин коршиноси рус афзуд, нуфузталабии Чин дар минтақа се манфиати асосии Русияро зери по мекунад: "Нахуст Чин бозори ояндадори Русия дар Осиёи Миёнаро аз худ мекунад. Дувум, афзоиш ёфтани сармояҳои Чин ба Осиёи миёна мувозинати кишварҳои минтақаро ба самти Чин тоб медиҳад ва дар натиҷа нуфузи Маскав аз ин зарар мебинад. Севум, лоиҳаҳои Чин ба истифодаи худхоҳонаи боигариҳои Тоҷикистон равона шудааст, ки кишвар дар натиҷа аз он фоида намебинад."

Юрий Крупнов афзуд, сари богигариҳои зеризаминии Тоҷикистон рақобати шадид вуҷуд дорад ва сарозер шудани сармояҳои Чин имконияти Русияро аз истифодаи ин захираҳо маҳдуд мекунад.

Дар шароити рукуди иқтисодӣ дар пайи таҳримҳои Ғарб, Русия густариши рӯзафзуни нуфузи Чинро дар Осиёи Миёна бо сахтӣ таҳаммул мекунад. Аммо чорае надорад. Дар ҳоле ки Чин торафт ба хазинаи пули дунё табдил мешавад, Русия бо ҷайби нимахолӣ дар фикри андова кардани шикофҳои буҷааш аст. Дар ҳоле ки Чин бо ҳеч қудрати ҷаҳонӣ дар ҳоли низоъ қарор надорад, Русия Ғарбу Аврупоро бо худ душман кардааст. Дар ҳоле ки Русия фарсахҳо аз Осиёи Марказӣ дур аст, Чин бо се давлати минтақа сарҳади муштарак дорад.

Вақтҳои охир мансабдорони давлати Русия ҳангоми сафарҳояшон ба Тоҷикистон аз камманфиат будани тарҳои Чин барои Тоҷикистон ҳарф мезананд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ба гунае ин "сигнал"-ро ба Русия расониданд, ки дар шароити бӯҳронӣ ҳар кас бояд дар ғами худ бошад. Дар шароити феълӣ Чин ягона давлатест, ки ниёзҳои Тоҷикистонро ба сармоягузорӣ бароварда месозад.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов

Абдуғанӣ Маҳмадазимов

Таҳлилгарон мегӯянд, Тоҷикистон бояд ба ҳеч як аз ин ду барнома бартарӣ надиҳад. Баръакс, сабқати ин ду "ғӯл"-ро ба манфиати худ истифода кунад. "Вақте Русияро пас аз ҳаводиси Украина аз 8-гонаи кишварҳои санъатии ҷаҳон ронданд, ин кишвар худаш ба такягоҳе аз сӯи кишварҳои аъзои ин клуб ниёз дорад. Русия ҳамакнун ба Чин рӯ овардааст ва аз ин рӯ, сармоягузориҳои Чин дар Осиёи Миёна хашмашро ба бор намеорад, чунки худаш ба ин сармояҳо ниёз дорад. Масалан, тарҳи поезди баландсуръати Маскав-Қазонро Русия бо пули Чин сохтанист," -- мегӯяд Абдуғанӣ Маҳмадазимов -- роҳбари Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон.

Ин таҳлилгари тоҷик афзуд, чун Русия худаш имкони саромоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро надорад, дар Тоҷикистон бо Чин сарҳади нуфузашонро тақсим кардааст. Ба таъкиди Маҳмадазимов, дар шароити кунунӣ Пекин ба ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон ва Маскав саҳми Чин дар иқтисодиёти Тоҷикистон розӣ аст.

Ҳарчанд то ба ҳол гардиши аз ҳама бештари молро Тоҷикистон бо Русия дорад, аммо Чин бузургтарин кишвари сармоягузори Тоҷикистон аст. Аз 2,1 миллирад қарзи хорҷии кишвар 911 миллионаш ба Чин рост меояд. Чин ҳамчунин ба Тоҷикистон 6 миллиард доллар ваъда кардааст, маблағе, ки Русия ҳатто дар замонҳои сарватманд буданаш ба тамоми минтақа надодааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG