Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майли ширкатҳои Қазоқистон ба риштаи сохтмони Тоҷикистон


Дар панҷумин Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон ба ғайр аз пешниҳодҳои рушди тиҷорат ширкатҳои Қазоқистон ба соҳаи сохтмони Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд.

Дар панҷумин Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон рӯзи 4 июн дар Душанбе ду тараф аз густариши ҳамкориҳо ва беҳбуди иқлими сармоягузорӣ дар ду давлат изҳори қаноатмандӣ карданд.

Раиси Бунгоҳи сармоягузории Қазоқистон “Kaznex-Invest” Аскар Аринов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ изҳори умедворӣ кард, ки анҷумани навбатӣ ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба замина хоҳад гузошт. Қарор аст, намояндагони 24 ширкати пешрафтаи Қазоқистон як ҳафта меҳмони Тоҷикистон хоҳанд буд ва барои дарёфти коршкарикони ояндаи худ ба вилояту ноҳияҳо сафар хоҳанд кард. Ҳамзамон ин намояндаи Қазоқистон изҳор дошт, ки бархе аз ширкатҳо ба рушди сохтмон дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд ва мехоҳанд, таҷрибаи 15 соли охири кишвари худро ба Тоҷикистон муаррифӣ кунанд.

Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ин ҳамоиш гуфт, ки дар панҷ соли гузашта бо ибтикор ва ҳимояти Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон ду тараф ба маблағи 65 миллион доллари амрикоӣ қарордод имзо кардаанд, ки бахшҳои тиҷорат, сохтмон, нақлиёт, тиб ва озуқаро дар бар мегирад.

Дар ин нишаст гуфта шуд, ки Қазоқистон дар қаламрави шӯравии собиқ дувумин коршарики асосии Тоҷикистон баъд аз Русия аст ва табодули молу хадамот байни ду кишвар дар соли гузашта 20 дарсад афзуда, ба 800 миллион доллар баробар шудааст.

XS
SM
MD
LG