Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон ба тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Женева дар заминаи беҳ кардани вазъи ҳуқуқи башар дар кишвар посух хоҳад дод.

Ҷавоби ҷониби Тоҷикистон ба тавсияҳоест, ки баъди муаррифии гузориши панҷсолааш оид ба вазъи ҳуқуқи башар (солҳои 2011-2016) дар СММ рӯзи 6 май таҳия шудааст. Дар ин ҷаласа Тоҷикистон аз кишварҳои узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ 203 машварат шунид, ки барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар равона шудааст ва ҳамон замон 117-тои онро пазируфт. Дар робита бо 70 машварати дигараш Тоҷикистон моҳи августи имсол посухҳои худро фиристод.

Мурофиаи додгоҳии аъзои ҲНИТ аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон ҷараён гирифт ва ин қонунҳо ҷавобгӯи меъёрҳои додгустарии байналмилалӣ аст.

Зиндониҳои ҲНИТ, "Гурӯҳи 24" ва хатми шиканҷа

Таҳмина Ҷӯраева, масъули Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонунҳо, рӯзи 14 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ин 70 тавсия асосан марбут ба тасвиб ё ратификатсияи созишномаҳои байналмилалӣ, қабули нақшаи фарогири таъмини ҳуқуқи инсон, марбут ба таъмини истиқлолияти низоми додгустарӣ, вакилон ва фаъолони ҳуқуқи инсон, озодии мазҳаб, анҷуманҳо, баёни ақида, ҳамчунин марбут ба баробарии ҷинсӣ ва хариду фурӯши одамон буд".

Дар посухҳои мақомоти Тоҷикистон ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз ҳоло мавқеи ин кишвар ба як қатор масоили, ба қавли фаъолон "ҳассос"-и ҳуқуқи башар мушаххас шудааст.

Аз ҷумла, дар посух ба талаби аъзои Шӯрои ҳуқуқи башар оид ба таъмини мустақилии додгоҳҳо ва дастрасӣ ба мурофиаи раҳбарони ҲНИТ, гузориши ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд: "Мурофиаи додгоҳии аъзои ҲНИТ аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон ҷараён гирифт ва ин қонунҳо ҷавобгӯи меъёрҳои додгустарии байналмилалӣ аст". Дар посух ба тақозои "озодии билофосила ва бидуни шарти зиндониҳое, ки аз рӯи ангезаҳои сиёсӣ маҳкум шудаанд, аз ҷумла аъзои ҲНИТ, "Гурӯҳи 24" ва ҳуқуқшиносони онҳо", ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст: "Ин машваратро қабул надорад, ба он хотир, ки парвандаҳои маҳкумшудаҳои зикршуда ангезаҳои сиёсӣ надоранд".

"Ин машварат қабул намешавад"

Дар посухҳои дигари Тоҷикистон ба Шӯрои ҳуқуқи башар, инчунин, мавзӯи қонуни адвокатура ҳам зикр шудааст. Ба талаби бекор шудани иловаҳое ба қонун, ки пеши роҳи кори мустақилонаи вакилонро мегиранд, Тоҷикистон гуфтааст, "ин машварат қабул намешавад, ба хотири ин ки мӯҳтавояш нофаҳмо аст. Дар Тоҷикистон барои кори мустақилонаи адвокатҳо ҳама шароит фароҳам оварда шудааст".

Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, талаби Шӯрои ҳуқуқи башари СММ-ро барои таъмини Бузургмеҳр Ёров, Шӯҳрат Қудратов ва писарони вакили дигари дифоъ Исҳоқ Табаров бо вакилон ва мудофеони ҳуқуқро мепазирад. Айни замон таъкид мекунад, ки ин нафарон на аз рӯи ангезаҳои сиёсӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд ва касе бидуни асоси қонунӣ наметавонад боздошт ё ҳабс шавад.

Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров

Ба дархости дастрасии пурра ва озоди Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба зиндонҳои Тоҷикистон, ҳукумат посухи рад дода, гуфтааст, "боздид ва арзёбии ин муассисҳо бояд аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон сурат гирад". Масъулони ин созмон моҳи август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бори охир намояндагони онҳо соли 2004 аз зиндони Тоҷикистон дидан кардаанд. Инчунин, ҳукумати Тоҷикистон ҳаққи худдорӣ аз хизмат дар артишро аз рӯи боварҳои мазҳабӣ рад карда гуфтааст, ки ин меъёр хилоф бо қонуни асосии кишвар аст.

Хушунат, озодии матбуот ва сайтбандӣ

Дар робита бо хушунат нисбат ба занон ҳукумат гуфтааст, ки омода аст пеши роҳи ин зуҳуротро бигирад ва машварати ба Кодекси ҷиноии кишвар ворид кардани банди муҷозоти вижа барои хушунати хонаводагиро қабул мекунад.

Шӯрои ҳуқуқи башар ба Тоҷикистон машварат дода буд, ки қонуни соли 2013-и матбуот ва муқаррароти соли 2015 ҷоришудаи маҳдудкунандаи кори матбуоти озод бозбинӣ шавад. Дар посухи ҳукумати Тоҷикистон ин талаб рад шуда, гуфта шудааст, дар кишвар тамоми шароити зарурӣ барои рушди озодии баён ва матбуот фароҳам аст ва кор дар ин самт идома меёбад. Ба машварати бекор шудани қонуни иҷозатдиҳандаи масдудсозии маводи интернетӣ ва телекоммуникатсионӣ ҳукумат посухи рад дода, гуфтааст, "асос ва муқаррароти масдудкунии вебсайтҳо, ки аз рӯи қонунҳои кишвар сурат мегирад, як меъёри зарурӣ аст ва бо санадҳои байналмилалӣ дар ихтилоф нест".

Дар робита бо шиканҷа Тоҷикистон ваъда додааст, ки "тадобири заруриро барои рафъи ҳодисаҳои шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо рӯи даст гирифта, омилони шиканҷаро ба ҷавобгарӣ мекашад". Айни замон ҳукумат гуфтааст, ки ҳанӯз ин кишвар омода нест, Протоколи иловагии Эъломияи зидди шиканҷаро тасвиб кунад, вале тамоми чораҳоро меандешад, ки аз ин ҳодисаҳо дар муассисаҳои баста ҷилавгирӣ ва риояи ҳуқуқи инсон дар боздоштгоҳу зиндонҳо аз ҷониби ҳукумат ва созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон таъмин шавад. Ҳукумат гуфтааст, барои аз кишвар боздид кардани гузоришгарони вижаи ҳуқуқи башар ва озодии баён дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз рӯи муқаррарот иҷозат медиҳад.

Гузориши Тоҷикистон аз назари фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ. Видео аз моҳи майи соли 2016:

Феҳристи ҳайати Тоҷикистон ниҳоӣ нашудааст

Седрик Сапи, сухангӯи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева, рӯзи 14 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ​"ҳайати ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 22 сентябр ба саволҳои аъзои шӯро дар бораи пазируфта шудан ё нашудани тавсияҳо посух медиҳанд. Онҳо назари худро баён мекунанд. ин нишаст тахминан 30 дақиқа идома мекунад, ва аъзои шӯрои ҳуқуқи башар гузориши ниҳоиро қабул мекунанд. Дар ин гузориш тавсияҳои ниҳоӣ ҳам ворид мешавад".

Рӯзи 14 сентябр дар дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз феҳристи ниҳоии ширкатдорони ин ҷаласа маълум нест ва, қарор аст, ин кор то охири ҳафтаи ҷорӣ анҷом шавад. Дар дастгоҳ гуфтанд, ки посухи охирини Тоҷикистон ба саволҳо ва машваратҳои аъзои Шӯрои ҳуқуқи башар бар пояи ҷавобҳое омода мешавад, ки моҳи августи имсол ба ин ниҳоди байналмилалӣ фиристода шуд.

Дар нишасти моҳи май ҳайате иборат аз мақомоти баландпояи қудратӣ, аз ҷумла вазири адлия Рустами Шоҳмурод, додситони кулл Юсуф Раҳмон, ваколатдори ҳуқуқи башар Зариф Ализод ва раиси Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухаддар Шерхон Салимзода дар ин нишасти 3,5-соатӣ гузориш доданд. Ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин нишаст ҳуқуқшиносони Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонунҳо иштирок карданд, вале ин навбат намояндагони ин созмон дар ин ҷаласа иштирок намекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG