Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Тошканд ҷаласаи сеюми Кумиссиюни байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Узбакистон баргузор шуд. Натиҷаҳои ин нишаст то ҳол эълон нашудааст.

Рӯзи 23 июн дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон ҷаласаи сеюми Кумиссиюни байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Узбакистон доир шуд. Ин нахустин иҷлоси ин кумиссиюн дар тақрибан шашуним соли охир буд. Ҳайати Тоҷикистонро дар музокироти Тошканд муовини якуми сарвазир Давлаталӣ Саид ва ҷониби Узбакистонро низ муовини якуми сарвазири он кишвар Рустам Азимов раҳбарӣ мекарданд.

То кунун ҷузъиёти натиҷаҳои бадастомада дар ин нишаст эълон нашудааст. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо нашри хабари кӯтоҳе дар бораи натиҷаҳои нишасти Тошканд иктифо кардааст. Дар ин хабар танҳо гуфта мешавад, ки “ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба, аз он ҷумла ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавӣ, рушди ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия ва робитаҳо миёни хадамоти гумрукиро мавриди баррасӣ қарор доданд.”

Дар сафорати Тоҷикистон дар Узбакистон низ аз додани маълумоти бештар дар бораи натиҷаҳои музокирот худдорӣ карданд. Шараф Раҳимов, масъули бахши сиёсии сафорат рӯзи 24 июн ба Радиои Озодӣ

гуфт, “ҳама маълумоти расмӣ дар сомонаи вазорати хориҷа нашр шудааст” ва онҳо ба ин чизе илова карданӣ нестанд. Дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Озодӣ гуфтанд, маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои музокироти Тошканд то поёни рӯзи 24 июн нашр хоҳад шуд. Аммо бино ба ин манбаъ, музокирот аллакай анҷом ёфтаву ҳайати Тоҷикистон аз Тошканд баргаштааст.

Ҷониби Узбакистон дар бораи ҷараёни музокирот ҷузъиёти бештаре ироа кардааст. Бино ба гузориши расонаҳои Узбакистон, раҳбари ҳайати он кишвар Рустам Азимов дар рафти ҷаласаи Кумиссиюни байнидавлатӣ ба ҳамтои тоҷикаш Давлаталӣ Саид пешниҳод кардааст, то ҷониби Тоҷикистон рӯйхати маҳсулоти мавриди ниёз ва таваҷҷӯҳашро ба манзури рушди тиҷорати байни ду кишвар таҳия кунад.

Рустам Азимов гуфтааст, “корхонаҳои Узбакистон омодаанд бозори Тоҷикистонро бо молҳои зиёде, бо шумули мошинҳои муосири сабукрав ва боркаш, автобусҳо, мошинҳои кишоварзӣ, маҳсулоти саноати кимиё, дастгоҳҳои барқӣ ва бо молҳои дигар таъмин кунанд. Маҳсулоти сохти Узбакистон бо молҳои кишварҳои сеюм нафақат аз лиҳози сифати баланд, балки бо назардошти фанновариҳои муосир ва харҷи ками интиқолаш то бозори Тоҷикистон аз лиҳози нарх низ ба таври шоиста рақобат карда метавонад.”

Рустам Азимов ба ин далел аз ҷониби Тоҷикистон хостааст, то «муштаракан рӯйхати молҳоеро, ки дар оянда метавонанд мавриди табодули тарафайн қарор бигиранд, тартиб бидиҳанд.» Ӯ ҳамчунин хостори баргузории намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатиии Тоҷикистон дар Тошканд ва аз Узбакистон дар Душанбе шуда, аз Душанбе хостааст, то созишнома дар бораи минтақаи тиҷорати озод дар чорчӯби СНГ-ро тасвиб кунад.

Раҳбари ҳайати Тоҷикистон Давлаталӣ Саид низ ба зарфиятҳои бузург дар равобити иқтисодии Тоҷикистону Узбакистон таъкид кардааст: “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муколамаи созанда бо кишварҳои минтақа боз аст. Бахусус бо ҳамсояи наздики мо – Узбакистони бародар. Дар ин дунёи босуръат тағйирёбанда, ки ҳар рӯз чолишҳои наве, аз ҷуумла чолишҳои иқтисодӣ, пеш меоянд, ҳамоҳанг сохтани талошҳои мо аҳамияти усулӣ дорад.”

Давлаталӣ Саид ҳамчунин гуфтааст, “мо имкон дорем, ки зарфиятҳои мавҷудаи кишварҳои худро барои рушду шукуфоии мардумонамон истифода барем. Мо метавонем ҳамкориҳои судманди байнисоҳавӣ рушд диҳем ва ҳамчун як минтақаи воҳид амал карда, сармоягузорон ва сайёҳонро ҷалб намоем.”

Дар ин ҷаласа ҳамчунин гуфта шуд, ки тиҷорат байни Тоҷикистону Узбакистон дар соли 2014 тақрибан 5,5 маротиба афзуда, ба 160 миллион доллар расид. Танҳо дар 4 моҳи аввали соли равон ин ду кишвар дар ҳаҷми 49 миллион доллар табодули молу коло кардаанд. Аммо Рустам Азимов ин натиҷаҳоро боз ҳам “хеле хоксорона” унвон карда, гуфтааст, Тоҷикистону Узбакистон дар бахши тиҷорат зарфиятҳои хеле азими то ҳол истифоданошуда доранд.

Ҷаласаи дуюми Кумиссиюни байнидавлатии Тоҷикистону Узбакистон қариб шашуним сол қабл – 18 феврали соли 2009 дар Душанбе баргузор шуда буд. Дар соли 2010 баҳси тунди Тошканду Душанбе бар сари тарҳи нирӯгоҳи Роғун боиси дигарбора шиддат гирифтани танишҳо байни ду ҳамсоякишвар ва то ҳадди хеле пойин маҳдуд шудани равобити онҳо шуд.

Таърихчаи равобити сарди Тоҷикистону Узбакистон ҳанӯз аз миёнаи солҳои 90 оғоз мегирад. Узбакистон дар поёни солҳои 90 баъди рафъи ҳамлаи мусаллаҳонаи ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон марзҳояш бо Тоҷикистонро минакорӣ ва бо Душанбе режими виза ҷорӣ кард. Узбакистон дар соли 2009 аз шабакаи воҳиди нирӯи барқи Осиёи Марказӣ хориҷ шуд ва тақрибан аз ҳамон солҳо содироти барқ ва ба дунбол аз соли 2012 интиқоли газро ҳам ба Тоҷикистон қатъ кард.

Шиддат гирифтани баҳси ду кишвар бар сари тарҳи нирӯгоҳи Роғун низ равобити Тошканду Душанберо дар соли 2010 дар як ҳолати наздик ба “ҷанги сард” қарор дод.

Рустам Азимов дар музокироти Тошканд низ вуҷуди мушкилоти фаровон дар равобити Тоҷикистону Узбакистонро ба гунае эътироф карда ва гуфтааст, “танҳо ҳамкории иқтисодӣ ба мо имкон медиҳад, гиреҳҳои бузурги дар тӯли солҳои гузашта дар равобитамон ҷамъшударо бикушоем.”

Ин “гиреҳкушоӣ”-ҳо амалан аз моҳи сентябри соли 2014, аз як дидори нодири руасои ду ҷумҳурӣ Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе оғоз ёфт. Ду раҳбар, ки аз соли 2008 ба ин сӯ бори аввал бо ҳам мулоқоти рӯбарӯ доштанд, тавофуқ карданд, ки ҳалли масоили ҷамъшуда дар муносиботи ду кишвар “ба се зина раддабандӣ шавад: масъалаҳои навбати аввал, ки ҳаллашон ногузир асту кӯшиши зиёд намехоҳад. Масъалаҳои навбати ду ва масъалаҳое, ки ҳаллашон вақти зиёд мехоҳад.”

Қабл аз оғози музокироти Тошканд интизор мерафт, ки Душанбе чанд масъала, аз ҷумла азсаргирии содироти газ ва нирӯи барқи Узбакистон ва ҳамчунин шурӯи дубораи парвозҳои ҳавоӣ ва ҳаракати қаторҳову автобусҳо байни ду кишвари ҳамсояро пешниҳод кунад. Парвозҳо байни Тоҷикистону Узбакистон ҳанӯз соли 1992, дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ шудааст. Умеди дигари Душанбе ба сабуктар кардани тартиби ироаи раводиди сафар бахусус барои муштоқони тамошову зиёрати маконҳои муқаддасу таърихие, чун Самарқанду Бухоро буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG