Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Музокироти "умедворкунанда"-и Тоҷикистону Узбакистон дар Тошканд


​Ду рӯз боз дар шаҳри Тошканд музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон рӯи масоили ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ идома дорад.

Рӯзи 22 июн дар Тошканд, пойтахти Узбакистон, ҷаласаи навбатии кумиссиюни байни ҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Узбакистон оғоз ба кор кард. Як намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Тошканд 23 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз рӯзи дувуми кори ин кумиссиюн аст ва ин иҷлос фардо, 24 июн поён меёбад. Ба гуфтаи ин манбаъ, "ҳанӯз барвақт аст натиҷагирӣ кардан, чунки баррасии мавзӯъҳо то ҳол идома дорад. Аммо умедворем, ки натиҷаҳои хубе метавонад ба даст ояд."

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст муовини якуми сарвазир Давлаталӣ Саид ва ҳайати Узбакистонро низ муовини якуми сарвазири он кишвар Рустам Азимов раҳбарӣ мекунанд. Ба ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин намояндагони 18 идораву вазорат, аз ҷумла вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, вазири саноат ва фанновариҳои навин Шавкат Бобозода, раиси Хадамоти гумрук Абдулфаттоҳи Ғоиб, муовини вазири хориҷа Парвиз Давлатзода, раҳбари ширкати “Барқи Тоҷик” Рустам Раҳматзода, раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷик” Комил Мирзоалиев ва ҳамчунин сарони ширкатҳои давлатии “Тоҷик Эйр” ва “Тоҷиктрансгаз” шомиланд.

Рустам Азимов дар оғози нишасти иҷлосияи сеюми Кумиссиюни байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Узбакистон гуфтааст, ки Узбакистон ба рушди равобити тиҷорию иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ байни ду кишвар бо таваҷҷӯҳи бузург нигоҳ мекунад: “Мо ташаббуси ҷонибҳо барои баргузории ҷаласаи навбатӣ дар Тошкандро фавқулода муҳим ва зарурӣ мешуморем. Рушди иқтисодӣ ва ҳамкории кишварҳои мо пеш аз ҳама калиди ҳалли мушкилот дар ҳама риштаҳои дигар аст. Танҳо ҳамкории иқтисодӣ ба мо имкон медиҳад, гиреҳҳои бузургидар тӯли солҳои гузашта дар равобитамон ҷамъшударо бикушоем. Мо хеле боз вонахӯрда будем.”

Охирин ҷаласаи нишасти кумиссиюни ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбакистон ҳанӯз 6 сол қабл, 18 феврали соли 2009 дар Душанбе барпо шуда буд. Рустам Азимов бо изҳори қаноатмандӣ аз фазои баррасии масъалаҳо дар нишасти кунунӣ дар Тошканд гуфтааст: “Мехоҳам бо қаноатмандӣ мувофиқ омадани мавқеи мо дар аксари масъалаҳоро зикр кунам.”

Гуфта мешавад, дар нишасти Тошканд, бархилофи умедвориҳои қаблӣ, масъалаи лағви низоми виза байни Тоҷикистону Узбакистон дар миён гузошта намешавад, вале имкон дорад, ки Душанбе чанд масъалаи, ба истилоҳ, сабуктар, аз ҷумла азсаргирии содироти газ ва нерӯи барқи Узбакистон ва ҳамчунин шурӯи дубораи парвозҳои ҳавоӣ ва ҳаракати қаторҳову автобусҳо байни ду кишвари ҳамсояро пешниҳод кунад. Парвозҳо байни Тоҷикистону Узбакистон ҳанӯз соли 1992, дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ шуда буд ва бо гузашти инак 23 сол ин мавзӯъ ҳамчунон дар ҳаво муаллақ мондааст.

Дар ибтидои соли 2015 дар матбуот хабаре нашр шуд, ки ширкати миллии “Узбакистон ҳаво йӯлларӣ” аллакай аз поёни моҳи март ба анҷоми парвозҳо дар масири Тошканд –Душанбе шурӯъ мекунад.Ҷониби Тоҷикистон дарёфти номае аз сӯи ин ширкат ба манзури шарҳи нархномаҳои фурудгоҳи Душанберо тасдиқ кард, вале гуфт, ҷониби Узбакистон расман ҷиҳати анҷоми парвозҳо дар ин масир муроҷиат накардааст. Як масъули ширкати “Узбакистон ҳаво йӯлларӣ” баъдан шарҳ дод, ки дар дурнамо ифтитоҳи хатти парвоз байни Тошканду Душанберо дар назар доранд, вале ин коре нест, ки зуд сурат бигирад.

Як нафари наздик ба ҷараёни музокирот дар Тошканд мегӯяд, кадом пешрафти “инқилобӣ”-еро аз иҷлоси кунунии кумиссиюни ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодии Тоҷикистону Узбакистон набояд чашмдор шуд, чунки, ба таъбири ӯ, ин танҳо оғози як роҳи тӯлонист. Аммо ба гуфтаи ӯ, Душанбе умедвор аст, ки дар бархе масоили сабуктар, ба мисли роҳандозии ҳаракати қаторҳои роҳи оҳану автобусҳо байни ду кишвар, аз ҷумла барои муштоқони тамошову зиёрати маконҳои муқаддасу таърихие, чун Самарқанду Бухоро, Тошканд метавонад ба сабукиҳое розӣ шавад. Масъалаи визаву минакориҳои майдонҳои марзӣ ва ҳамин тавр, содироти газу барқи Узбакистон ва ҳатто оғози парвозҳо байни Тошканду Душанбе, ба гуфтаи ӯ, аз ҷумлаи масоилест, ки дар рӯйхати “умедҳои дарозмуддат” меоянд.

Равобити Тоҷикистону Узбакистон тақрибан аз миёнаи солҳои 90, дар пайи бад шудани муносибатҳои байни сарони аввали ду кишвар рӯ ба таниш овард ва пайваста бадтар шудан гирифт. Узбакистон дар поёни солҳои 90 баъди рафъи ҳамлаи мусаллаҳонаи ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон марзҳояш бо Тоҷикистонро минакорӣ ва бо Душанбе режими виза ҷорӣ кард. Узбакистон дар соли 2009 аз шабакаи воҳиди нирӯи барқи Осиёи Марказӣ хориҷ шуд ва тақрибан аз ҳамон солҳо содироти барқ ва ба дунбол аз соли 2012 интиқоли газро ҳам ба Тоҷикистон қатъ кард.

Шиддат гирифтани баҳси ду кишвар бар сари тарҳи нирӯгоҳи Роғун низ равобити Тошканду Душанберо дар соли 2010 дар як ҳолати наздик ба “ҷанги сард” қарор дод.

Дар пайи ин ҳама солиёни пуртаниш шикастани пиряхҳои ҷамъшуда дар равобити Тошканду Душанбе амалан аз мулоқоти президентҳои ду кишвар Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки моҳи сентябри соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон сурат гирифт, оғоз ёфт. Ин нахустин дидори рӯбарӯи ин 2 раҳбар дар дастикам 6 соли охир буд ва тавре баъдан, дар моҳи январи соли 2015 сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон Абдулфайз Атоев ташреҳ кард, “зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов масоили равобити ду кишвар ба се зина раддабандӣ карда шуда буд: масъалаҳои навбати аввал, ки ҳаллашон ногузир асту кӯшиши зиёд намехоҳад. Масъалаҳои навбати ду ва масъалаҳое, ки ҳаллашон вақти зиёд мехоҳад.”

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, содда кардани режими раводид ва барқарор қардани парвозҳо байни ду кишвар аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар вохӯрии Раҳмон ва Каримов дар мадди аввал буданд. Муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон Парвиз Давлатзода рӯзи 10 моҳи январи соли ҷорӣ пешниҳодҳои ҷониби Душанберо дар ин замина ба сафири Тошканд Шоҳқосим Шоисломов супурд, ки аз ҷумла равуои бидуни визаи сокинони ду кишвар ба қаламрави якдигар ба муддати то 30 рӯз ва ҳам барқарор кардани парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбеву Тошкандро дар бар мегирифтанд.

Дар натиҷаи солиёни мухолифатҳо гардиши мол байни Тоҷикистону Узбакистон ба шиддат коҳиш ёфта, дар як соли охир ҳамагӣ 4, 6 миллион долларро ташкил кардааст, ки ҳамагӣ 0,1 дарсад аз 4 миллиард доллар ҷамъи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва 0,03 дарсад аз тақрибан 15 миллиард доллар ҷамъи содироту воридоти Узбакистонро ташкил медиҳад. Рақаме ончунон ночиз ки барои ду ҳамсоякишвар, албатта, ягон ҷои ифтихор надорад.

Барои муқоиса, тиҷорати Тоҷикистон бо ҳамсояи дигараш - Афғонистони ҷангзада - дар як сол ба 174 миллион доллар мерасад. Яъне 40 маротиба бештар аз тиҷорати солона байни Душанбеву Тошканд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG