Пайвандҳои дастрасӣ

Тиҷорати Тоҷикистон ва Покистон ба 500 миллион доллар хоҳад расид


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (рост) ва сарвазири Покистон Навоз Шариф

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (рост) ва сарвазири Покистон Навоз Шариф

Дар дидори раҳбарони Тоҷикистону Покистон масъалаҳои густариши тиҷорат, муборизаи муштарак бо терроризм ва тундгароӣ ва имзои қарордоди сеҷонибаи транзити амвол баррасӣ шуданд.

Бо таъкид ба имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи он дар Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом раисиҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои кишвараш бо Покистонро як риштаи муҳим номид. Дар мулоқот бо сарвазири ин кишвар Навоз Шариф, ки дар ҳошияи Конфаронси байнулмилалии об бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадааст.

Тарафи Тоҷикистон ин нуктаро низ муҳим донист, ки Покистон метавонад на танҳо бозори муҳиме барои маҳсулоти Тоҷикистон, махсусан нерӯи барқ бошад, балки истифода аз бандарҳои обии Карочӣ ва Гвадари Покистон роҳҳои тиҷоратии Тоҷикистонро густариш хоҳад дод.

Муборизаи муштарак бо терроризму ифротгарӣ бо назардошти вазъи минтақа яке аз масъалаҳои меҳварии мулоқот буд.

Ба гузориши дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мулоқот, ки ба дунболаш ҳайатҳои густардаи ду тараф низ музокирот барпо намуданд, гуфта шуд, ки дар "10 соли ахир ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон аз 100 ҳазор то 100 млн. доллари амрикоӣ расидааст. Ҳарду ҷониб изҳори бовар намуданд, ки бо чунин суръат ҳаҷми табодули тиҷоратӣ дар се соли оянда то ба зиёда аз 500 млн. доллари амрикоӣ афзоиш хоҳад ёфт."

Тоҷикистон ва Покистон изҳор доштанд, ки Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ миёни ин ду кишвар ва ҳамчунин Афғонистон ҳарчӣ зудтар ба имзо расад.

Интизор меравад, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Покистон ва дар шаҳри Исломобод ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG