Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интизориҳои Тоҷикистон аз сафари раҳбари Чин


Вазирони умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов (рост) ва Чин Ван И (чап) ҳангоми имзои созишномаҳо

Вазирони умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов (рост) ва Чин Ван И (чап) ҳангоми имзои созишномаҳо

Тоҷикистон ва Чин тарҳи сафари давлатии раиси ҷумҳурии Чин Си Ҷинпингро ба Тоҷикистон дар моҳи сентябр ҳамоҳанг карданд ва гуфта мешавад, тарафҳо як идда санадҳоеро ба ин муносибат омода мекунанд.

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин Сироҷиддин Аслов ва Ван И барномаи сафари раиси ҷумҳурии Чин Си Ҷинпингро ба Тоҷикистон ҳамоҳанг карданд, ки қарор аст, дар аввалҳои моҳи сентябри соли равон ба вуқӯъ пайвандад. Ин дар ҳолест, ки дидори раҳбари Чин ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар моҳи майи соли равон ба амал омада буд. Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, таъмири роҳҳо ва сохтмони корхонаҳои нави тавлиди энержӣ сӯҳбат карданд.

Ҳамзамон дар мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар, ки рӯзи ҷумъаи 1-уми август баргузор шуд, вазъи феълии ҳамкориҳои ду кишвар ва дурнамои он баррасӣ гардид. Бино ба маълумоти ҷониби Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-апрели соли 2014 нисбат ба ҳамин давраи соли 12013 тиҷорати миёни ду кишвар 2,4 дарсад коҳиш ёфтааст ва 172 миллион долларро ташкил додааст, ки он тақрибан 11 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро мебошад.

Тоҷикистону Чин як идда санадҳоеро ба мулоқоти сарони ин кишвар дар моҳи сентябр дар Душанбе омода мекунанд. Ин нукта пас аз мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ду кишвар Сироҷидин Аслов ва Чин Ван И рӯзи ҷумъа, 1 август, баён шуд. Дар пайи ин мулоқот Созишномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин барои солҳои 2014 – 2015 ба имзо расид.

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар анҷоми мулоқот ба хабарнигорон гуфт, тарҳи як идда санадҳое, ки барои мулоқоти сарони Тоҷикистону Чин омода мешавад, низ дар мулоқоти ӯ бо ҳамкори чиниаш мувофиқа шудаанд. Вай афзуд, ин санадҳо барои густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф муҳим буда, мушорикати стратегии ду кишварро тақвият хоҳад дод.

Чин Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин, изҳор дошт, ки аз натиҷаҳои нишасти вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва сарфари расмиаш ба Тоҷикистон, аз ҷумла мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон қаноат манд аст. Вай афзуд, моҳи сентябр раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин, пас аз интихобаш аввалин сафари худро ба Тоҷикистон ва дар умум ба Осиёи Марказӣ анҷом медиҳад.

Бино ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҷонибҳо тарҳи лӯлаи гази Туркманистон-Чин тариқи Тоҷикистон, шурӯъи кор ва сармоягузории сохтмони қитъаи Ваҳдат - Ёвони роҳи оҳани Душанбе - Қурғонтеппа ва қабули Барномаи ҳамкории Тоҷикистону Чин барои солҳои 2015-2020 – ро намунаҳои пурарзиши шарикии стратегии ду кишвари дӯсту ҳамсоя унвон кардаанд.

Қарор аст, сафари расмии Ван И, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз Тоҷикистон бо изҳороти матбуотӣ дар назди хабарнигорони расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ анҷом хоҳад ёфт. Вазири корҳои хориҷии Чин рӯзи гузашта дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Душанбе ширкат намуд. Дар ин нишаст вазирони корҳои хориҷии Русия, Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ҳузур доштанд.

Тоҷикистон бо Чин 800 километр марзи муштарак доранд.

Гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистон ва Чин

Гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистон ва Чин

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG