Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои созишномаи ҳамкориӣ миёни Тоҷикистон ва Чин


Сафари расмии Ван И вазири умури хориҷии Чин бо Тоҷикистон бо имзои як созишнома ҳамкорӣ миёни вазоратҳои умури хориҷии ду кишвар ба поён расид. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Чин зимни изҳороти матбуотӣ ин сафарро барои густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф муҳим хонда ва гуфтанд, ки шарикии стратегӣ миёни ду кишвар дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки дар ҷараёни дидори вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Чин тарҳи созишномаҳои нави ҳамкорӣ, ки қарор аст дар ҷараёни сафари расмии қарибулвуқӯи президенти Ҷумҳурии Халқии Чин ба имзо бирасанд, ҳамоҳанг шудаанд. Қарор аст президенти Чин дар нимаи аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон сафар намояд. Ин нахустин сафари Си Сзинпин, раиси ҷумҳури Чин ба Тоҷикистон баъд аз интихоб шуданаш ба ин мақом хоҳад буд.

Сафари вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз Тоҷикистон субҳи имрӯз, ҷумъаи 1 август оғоз ёфт. Сафари Ван И, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо дидори як ба як бо Сироҷиддин Аслов, ҳамтои тоҷикаш шурӯъ шуд. Вазири корҳои хориҷии Чин рӯзи гузашта дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Душанбе ширкат намуд. Дар ин нишаст вазирони корҳои хориҷии Русия, Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ширкат намуданд.

XS
SM
MD
LG