Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бартарии дипломатии Тоҷикистон дар баҳси Роғун


Бархе аз коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон дар ҷанги иттилоотии марбути Роғун бар Узбакистон бартарӣ ёфтааст.

Ин бартарӣ ба гузориши ахири Кумитаи равобити байнулмилалии Сенати Амрико, посухи Бонки Ҷаҳонӣ ба экологҳои Узбакистон ва изҳороти Струан Стивенсон, вакили порлумони Иттиҳоди Аврупо пайванд дода мешавад, ки дар онҳо ба ин ё он шева ҳаққи Тоҷикистон ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун эътироф, таъкид ё то андозае пуштибонӣ шудааст.

Сенати Амрико иҷрои ин тарҳҳро муҳим арзёбӣ карда, Бонки Ҷаҳонӣ ба номаи экологҳои Узбакистон посухи манфӣ дод ва Стивенсон аз кишварҳои Ғарб даъват намуд, аз талошҳои Тоҷикистон дар истифода аз захираҳои оби Осиёи Марказӣ ва нерӯгоҳи Роғун, ки метавонад, омили пешрафти иқтисодии минтақа шавад, пуштибонӣ кунанд.

Ба ин тартиб паллаи тарозу дар талошу фишорҳои иттилоотӣ ва дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон акнун як миқдор ба фоидаи Тоҷикистон хам хӯрд.

АМАЛКАРДИ ТАРАФҲО


Майли Ғарб ба мавзеъгирии Тоҷикистон дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки коршиносон мегуфтанд, Узбакистон бо ташкили сафари Дабири кулли Созмони Милал, Бан Ки-мун ба соҳилҳои хушкидаи Арал, баргузории ду конфаронси байнулмилалии экологӣ ва даъвати коршиносони амрикоӣ ва намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ба Тошканд, зоҳиран дар баҳси иттилоотӣ ва дипломатии зидди Роғун дастболо шуда буд.

Талошҳои байнулмилалии Узбакистон бо чораҳои амалии фишор ба Тоҷикистон ҳамзамон буданд. Аз ҷумла боздошти вагонҳои молу колои тронзитии Тоҷикистон дар роҳи оҳан, намоишкорона даъват накардани намояндагони Тоҷикистон ба конфаронси экологии Тошканд, чандин изҳороти шадидлаҳни раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов ва намояндагони аршади ҳукумати ӯ, тазоҳуроти зидди корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, баҳси ҳарими ҳавоӣ, интиқоли газ, афзоиши боҷи гумрукӣ ва ҳатто нашри чандин видеонавори воҳимаангези эҳтимоли фалокат дар Роғун бар асари заминларза дар шабакаи You Tube ва монанди инҳо.

Тоҷикистон дар ин байн бидуни ягон ҳаракати тунд, ҳамоно ба зарурати истифодаи дурусти об дар кишварҳои минтақа, эҳтиёҷи ҳаётияш ба нерӯгоҳҳои аз лиҳози экологӣ поки барқи обӣ ва омодагияш ба ҳама гуна омӯзиши пайомадҳои тарҳи Роғун ва ҳалли мушкил аз роҳи гуфтушунид таъкид мекард. Барои намуна, вақте президент Каримов гуфт, ки танҳо пур кардани обанбори Роғун кишварашро барои 8 сол аз об маҳрум хоҳад кард, мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҳаргиз дар додани об ба ҳамсоягони худ беадолатӣ накардаанд ва дар оянда низ нахоҳанд кард.

Пас оё чи омилҳое таваҷҷӯҳи Ғарбро ба тарҳи Роғун ҷалб намуд?

ОМИЛҲОИ БАРТАРӢ


Чанд моҳи охир таваҷҷӯҳи Ғарб ба Осиёи Марказӣ дар ҳоли афзоиш аст, ба вижа дар робита ба вазъи Афғонистон ва омодагиҳо ба хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз ин кишвар, густариши ҳузури хомӯшонаи Чин ва эҳтимоли такрори намунаҳои Мисру Тунис дар ин минтақа.

Дар ин пасманзар афзоиши таваҷҷӯҳи Ғарб ба мушкилоти ҳассоси минтақа низ ба мушоҳида мерасад, ки истифодаи захираҳои об яке аз онҳост.

Алексей Кременюк, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи Амрико ва Канадаи Фарҳангистони улуми Русия мегӯяд, «барои Ғарб ва Амрико оромӣ дар ин минтақа муҳим аст ва ба хотири субот дар Афғонистону Покистон Амрико аз сохтмони нерӯгоҳ ва иҷрои дигар барномаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва дар минтақа пуштибонӣ мекунад.»

Дар гузориши Кумитаи равобити байнулмилалии Сенати Амрико низ ба аҳамияти нерӯгоҳҳои барқи обии Осиёи Марказӣ барои интиқоли барқ ба Афғонистону Покистон ҳамчун омили беҳбуди иқтисодӣ ва таҳкими субот таъкид шудааст.

Зимнан тарҳи Роғун барои субот дар худи Тоҷикистон низ муҳим шумурда мешавад. Зимистони сарди соли 2007-2008 ва ваҳшатҳои он ҳанӯз аз он замон тараҳҳуми кишварҳои Ғарбро ба бор оварда, зарурати Роғунро аз баҳс хориҷ карда буд ва дар гузориши Сенат низ ин нукта тазаккур ёфтааст.

Аз ин нигоҳ, мавзеъгирии Тоҷикистон -- омодагӣ ба гуфтушунид бо Узбакистон ва ниҳодҳои байнулмилалӣ, омодагӣ ба таъмини шаффофият дар бунёди нерӯгоҳ ва ҳам ба интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистону Покистон дар муқобили баёнияҳои шадидлаҳн ва чораҳои фишороварандаи Узбакистон рӯҳияи бештари дипломатӣ ва ташаннуҷзудоӣ доштанд, ки тавонист, майли Ғарбро ба вуҷуд орад.

Бо вуҷуди ин коршиноси тоҷик, Рашид Ғанӣ Абдулло, бо ишора ба ақибнишинии Русия ва Чин аз тарҳҳои энержии Тоҷикистон мегӯяд, «Узбакистон дар Осиёи Марказӣ нақши калидӣ дорад ва ҳатто Амрико бе назардошти манофеи он амал карда наметавонад ва аз ин лиҳоз пуштибонии Ғарб ҳоло бештар ба он равона шудааст, ки Узбакистону Тоҷикистон ба созиш оварда шаванд.»

ҚАДАМҲОИ БАЪДӢ


Бархе аз коршиносони дигар низ бар инанд, ки майли мусбат ба Тоҷикистон як навъ аломат ба Узбакистон аст, ки бояд бо ҳамсояи худ канор ояд. Ҳарчанд имрӯзҳо мақомоти Тошканд аз ҳама гуна шарҳи таҳаввулоти ахир худдорӣ мекунанд, аз эҳтимол дур нест, ки Узбакистон дар ин баҳс далелҳои наверо ба кор хоҳад андохт.

Аммо, меафзоянд онҳо, агар дар шеваи бархӯрди Тошканд дигаргунии амиқ ба вуқӯъ напайвандад ва Тоҷикистон низ роҳи мӯътадили дипломатии худро идома диҳад, далелу талошҳои нави Тошканд дигар он таъсири умда нахоҳанд дошт, ки пештар доштанд.
XS
SM
MD
LG