Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷоми дӯстӣ" - рӯи дастони футболбозони тоҷик


Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) ғолиби мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Дӯстӣ-2013» гардид.

Футболбозони навраси тоҷик дар даври севум ва охирини мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Дӯстӣ-2013» дар Қирғизистон бар тими Беларус бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Дар ин бозӣ, ки имрӯз, 7-уми август баргузор шуд, голи ягонаро ҳамлагар Рустам Толибов дар дақиқаи 75-ум зад. Дарвоқеъ, Рустам беҳтарин бозигари ин мусобиқа низ дониста шуд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш рӯзи 3-юми август дастаи мизбон – Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги 7:2 шикаст дода буд. Чаҳор голи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар ин бозӣ Худойдод Узоқов ба ҳадаф расонд. Рустам Толибов, Собирҷон Гуляков ва Муҳаммадҷони Ҳасан якголӣ заданд.

Футболбозони навраси тоҷик дар даври дувуми мусобиқа бар тими Озарбойҷон бо ҳисоби бузурги 5:0 ғалаба карданд. Дар ин бозӣ Рустам Толибов 2 гол, Муҳаммад Шарифов, Кароматулло Саидов ва Муҳаммадҷони Ҳасан якголӣ заданд.

Ин мусобиқа, ки дар шаҳрҳои Бишкек ва Канти Қирғизистон баргузор шуд, имрӯз, 7-уми август ба анҷом расид. Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби наврасони Қирғизистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Беларус иштирок доштанд.

Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки дар «Ҷоми Дӯстӣ-2013» бо 9 имтиёз (таносуби тӯбҳояш – 13-2) мақоми аввалро гирифт ва бо «Ҷоми Дӯстӣ-2013» сарфароз шуд. Бояд гуфт, ки соли гузашта низ “Ҷоми Дӯстӣ” насиби футболбозони навраси тоҷик гардида буд.

Дастаи мизбон – Қирғизистон, ки дар даври охирин бар тими Озарбойҷон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад, барандаи медалҳои нуқра шуд. Озариҳо бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Худойдод Узоқов, узви дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, соҳиби ҷоизаи беҳтарин нишонзани мусобиқа гардид.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) дар бозии севумаш бо тими Беларус чунин буд: Беҳрӯз Хайриев («Нури Норак»), Алишер Сафаров (РШВСМ, капитан), Фирӯз Ризомов («Вахш»), Сироҷиддин Гулмуродов («Нури Норак»), Абубакр Азимов («Равшан»), Муҳаммад Шарифов (РШВСМ), Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов (ҳарду - «Вахш»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Равшан»), Рустам Толибов (РШВСМ), Сӯҳроб Муъминов («Энергетик»).

Инҳо ҳамдастаҳояшонро иваз карданд: Собирҷон Гуляков, Ҷамшед Махсумов (ҳарду – РШВСМ), Ҳаким Ҳасанов (РШВСМ), Саидҷон Шарифов («Эсхата»), Ҳикматулло Муллодӯстов («Саройкамар»).

Сармураббӣ: Чикаши Сузуки (Ҷопон).

Гол: Рустам Толибов, 75.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 Тоҷикистон 3 3 0 0 13-2 9
2 Қирғизистон 3 1 1 1 6-10 4
3 Озарбойҷон 3 1 0 2 6-10 3
4 Беларус 3 0 1 2 5-8 1


Натоиҷи бозиҳои «Ҷоми Дӯстӣ-2013»

Даври 1-ум. 3-юми август, шанбе


Озарбойҷон – Беларус – 5:3
Қирғизистон – Тоҷикистон – 2:7

Даври 2-юм. 5-уми август, душанбе

Тоҷикистон – Озарбойҷон – 5:0
Беларус – Қирғизистон – 2:2

Даври 3-юм. 7-уми август, чоршанбе

Тоҷикистон – Беларус – 1:0
Қирғизистон – Озарбойҷон – 2:1
XS
SM
MD
LG