Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Голборон! 7 голи Тоҷикистон ба тӯри Қирғизистон


Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Дӯстӣ-2013» дастаи мизбон - Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги 7:2 шикаст дод.

Ин мусобиқа, ки рӯзи 3-юми август дар шаҳрҳои Бишкек ва Канти Қирғизистон шурӯъ шуд, то 7-уми август идома хоҳад кард. Дар ин мусобиқа, ки аз як давра иборат аст, ба ғайр аз мунтахаби Тоҷикистон, дастаҳои Қирғизистон, Озарбойҷон ва Беларус иштирок доранд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш рӯзи 3 август бо дастаи мизбон – Қирғизистон вориди рақобат шуд. Чаҳор голи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар ин бозӣ Худойдод Узоқов, бозигари ҳайати ҷавонони дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ба ҳадаф расонд. Рустам Толибов ва Собирҷон Гуляков, ҳарду шогирдони мактаби ҷумҳуриявии махорати олии варзишӣ, инчунин, Муҳаммадҷони Ҳасан, бозигари ҳайати ҷавонони дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, якголӣ заданд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки дар «Ҷоми Дӯстӣ-2013» рӯзи душанбеи 5-уми август бо тими Озарбойҷон, ки дар даври аввал бар дастаи Беларус бо ҳисоби 5:3 ғалаба кард, вориди рақобат мешавад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) дар нахустин бозиаш бо тими Қирғизистон чунин буд: Беҳрӯз Хайриев («Нури Норак»), Алишер Сафаров (РШВСМ, капитан), Фирӯз Ризомов («Вахш»), Сироҷиддин Гулмуродов («Нури Норак»), Абубакр Азимов («Равшан»), Муҳаммад Шарифов (РШВСМ), Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов (ҳарду - «Вахш»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Равшан»), Рустам Толибов (РШВСМ), Сӯҳроб Муъминов («Энергетик»).
Инҳо ҳамдастаҳояшонро иваз карданд: Собирҷон Гуляков, Ҷамшед Махсумов (ҳарду – РШВСМ), Шаҳром Исмоилов («Вахш»), Ҳаким Ҳасанов, Табрези Давлатмир (ҳарду - РШВСМ), Саидҷон Шарифов («Эсхата»), Ҳикматулло Муллодӯстов («Саройкамар»).

Сармураббӣ: Чикаши Сузуки (Ҷопон).

Голҳо: Худойдод Узоқов, 33 (0:1). Худойдод Узоқов, 34 (0:2). Ерзин, 38 (1:2). Рустам Толибов, 39 (1:3). Муҳаммадҷони Ҳасан, 63 (1:4). Худойдод Узоқов, 73 (1:5). Худойдод Узоқов, 76 (1:6). Собирҷон Гуляков, 79 (1:7). Шаирбеков, 80+1 (2:7).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Б М Б Т И
1 Тоҷикистон 1 1 0 0 7-2 3
2 Озарбойҷон 1 1 0 0 5-3 3
3 Беларус 1 0 0 1 3-5 0
4 Қирғизистон 1 0 0 1 2-7 0

Тақвими бозиҳои «Ҷоми Дӯстӣ-2013»

Даври 1-ум. 3-юми август, шанбе

18.30 - Озарбойҷон – Беларус – 5:3
18.30 - Қирғизистон – Тоҷикистон – 2:7

Даври 2-юм. 5-уми август, душанбе

18.30 - Тоҷикистон – Озарбойҷон
18.30 - Беларус – Қирғизистон

Даври 3-юм. 7-уми август, чоршанбе

9.00 - Тоҷикистон – Беларус
10.00 - Қирғизистон - Озарбойҷон
XS
SM
MD
LG