Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

"Машварат" ба сарбозони тоҷик: Бо яроқ акс нагиред! Дар Интернет ҳам нагузоред!


Сарбозони воҳидҳои низомии Тоҷикистонро "машварат" додаанд, ки дар нашри аксҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ "эҳтиёт" кунанд. Бахусус агар аксҳо бо силоҳ ва дар дохили қисми низомӣ гирифта шуда бошанд.

Бархе аз афсарону сарбозони ҷавон, ки мисли ҳамсолони дигари худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба вижа Одноклассники фаъоланд, мегӯянд, ҳамакнун бояд дар нашри аксҳояшон дар ин ҷо боэҳтиёт бошанд. Ба гуфтаи онҳо, аз сӯи раҳбарони воҳидҳои низомӣ барояшон тавсия шудааст, то ба хотири «ҳифзи асрори низомӣ» аксҳоеро, ки дар онҳо яроқ, бино ё машқгоҳ, ҷараёни машқҳо тасвир ёфтааст, дар сафҳаи сомонаҳои иҷтимоӣ нагузоранд ва агар гузошта бошанд, фавран пок кунанд.

Пайрав, як афсари ҷавони нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки мегӯяд, қаблан пайваста ба воситаи аксҳое, ки бо телефони ҳамроҳ мегирифт, дӯстонашро аз кору бор ва ҳаёти ҳарбии худ огоҳ мекард, маҷбур шуд, ҳамаи ин аксҳоро маҳв намояд. Вай рӯзи 21-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ӯ дар саҳфаи худ дар Одноклассники танҳо аксҳои бо либоси мулкӣ гирифтаашро мегузорад: «Ҳозир агар сафҳаамро бинед ҳама суратҳо бо либосӣ шаҳрвандӣ аст ё баъзе аз аксҳоям бо либоси ҳарбӣ, дар давраи хизмат. Аслан дар вақти холигӣ ё навбатдорӣ дар ҷойи кор одноклассникӣ медароем аз телефон ё компютер. Албатта тариқи саҳфа ман бештар бо ҳамсабақону ҳамхизматонам тамос мегираму аз гапу хабари дунё огоҳ мешавам.»

Пайрав 4 сол боз аз шабакаи Одноклассники истифода мебарад ва меафзояд, ғолибан тавассути ин шабакаи иҷтимоӣ бо дӯстонаш дар иртибот аст ва ё аз хабарҳои охирин огоҳ мешавад. Чанде аз корбарони дигари ин шабака, ки акнун афсар, сарбоз ё курсантанд, аксҳои ба истилоҳ “ҳассос”-ро аз сафҳаҳои худ бардоштаанд.

Мусоҳиби дигари мо афсари як воҳиди низоми дар вилояти Суғд мегӯяд, барои онҳо аслан доштани телефони аксбардор иҷоза нест: “Тамоман мумкин нест доштани чунин телефонҳо, агар телефони оддӣ бошад, мушкил надорад, аммо вақтҳое, ки ба хона меравем мегузорем аксҳо аз ҷарраёни кор, вале албатта суратҳои бо силоҳу бетартиб не”.
Фаридун Маҳмадалиев.
Фаридун Маҳмадалиев.
Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки "албатта, дар мавриди аксгузорӣ ва шеваи истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин сохтор ягон дастуру супориши хосе нест, аммо қоидаҳои махсусе ҳаст, ки ҳар корманд, афсару сарбоз, ҳатто ҳангоми аксгирӣ барои шабакаҳои иҷтимоӣ бояд аз доираи он берун набароянд."

Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадалиев, масалан, аксгирӣ ё гаштугузор бо сару рӯи парешон хилофи талаботи ойинномаи ҳарбӣ маҳсуб меёбад ва шахси низомӣ метавонад муҷозот шавад. «Ин назорат мешавад, вақте талаботи ойинномаи ҳарбӣ дар мавриди пӯшидани сару либоси низомӣ риоя нашавад ва масалан сарпӯш каҷ монда шуда, тугмаҳо нодуруст ва либоси бидуни талаботи ойиннома бошад, дар ҳама ҳолат хоҳ шабакаи иҷтимоӣ ва ё хоҳ дар кӯчаву хиёбон он корманди ҳарбӣ боздошт ва нисбаташ чораҷӯйи мешавад. Либосӣ ҳарбӣ тартибу қоидаи хоси худро дорад»

Дар ҳамин ҳол Фаридун Маҳмадалиев меафзояд, кормандони ҳарбӣ метавонанд дар дохили қисмҳои низомӣ ва ё ҳангоми машқҳои ҳарбӣ аксу наворбардорӣ кунанд, аммо ин аксҳо бояд дар нуқтаҳои хосе бардошта шавад, ки сирри ҳарбӣ ошкор нашавад.

Аммо дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадалиев, агар дар шабакаҳои иҷтимоӣ кормандону афсарон бо риояи талаботи ойинномаи ҳарбӣ аксҳои худро ба намоиш гузошта бошанд, ин баръакс як навъ тарғиби Артиши миллӣ маҳсуб меёбад ва қобили қабул аст. «Мо чандин бор пешниҳод ҳам карда будем, ки барои чӣ имрӯз дар кӯчаву хиёбонҳо, телефонҳои мобилӣ, ё масалан мошинаҳои либосшӯйи таблиғ карда мешаванд, аммо аксу овезае сарбозе бо либосӣ расмии низомӣ, силоҳ дар даст бо шиори масалан «ман аз ин Ватан ифтихор дорам» дида намешавад?»

Дар шабакаи Одноклассники, ки дар Тоҷикистон рӯзона аз он 200 ҳазор корбари фаъол истифода мебарад, дар қатори ҷавонони зиёде, ки аз рӯи ҳавову ҳавас ё ба хотири худнамойӣ аксҳо бо силоҳу яроқ ва либоси ҳарбиву саҳнаҳои гӯиё ҷангӣ гузоштаанд, афроди зиёдеро ҳам дидан мумкин аст, ки силоҳ бахше аз пешаи онҳост. Ҳарчанд аксари онҳо дар ин сафҳаҳо ҷои кори худро ошкор намекунанд, аз рӯйи сарулибосашон маълум аст, ки корманди ин ё он сохтори ҳарбии кишваранд.

Рустам Маҷидов, яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, бо дастрасии бештари мардум ба таҷҳизоти аккосӣ ва афзун шудани имконоти аксбардорӣ ҳифзи сирри бархе аз иншоот ва шахсони низомӣ то ҷое зери суол меравад.

Ба қавли Рустам, як сабаби аслӣ тавсияҳои ахир дар мавриди шеваи истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои низомиён, кам кардани нуфузи шабакаҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои низомист. Ӯ меафзояд: «Бо кам кардани иштироки низомиён, аз ҷумла бо манъи ба намоишгузории аксҳои эшон нуфузи ин шабакаҳо дар сохтор ҳои давлатиро кам кардан мехоҳанд, чун ин ба осонтар кардани идораи он мерасонад. Бубинед, дар вохӯрии шӯрои амниятии Созмони Шонгҳой, пешниҳоди Хитой ҷиҳати назорати бештари интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дастгирӣ шуд.»

Ба гуфтаи мусоҳибони мо, агар барои худи ҷавонон аксгирӣ ҳамроҳи силоҳ як мояи ифтихор бошад, мумкин аст, барои теъдоди дигаре чунин тасвирҳо нохушоянд ба чашм расанд.
XS
SM
MD
LG